Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба баррасии парвандаи 13 сокини Суғд, ки ба таъсиси гурӯҳи мансуб ба “Ҷамоати Ансорулоҳ” ва даъвату ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия гунаҳкор дониста мешаванд, шурӯъ кардааст.

Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи як гурӯҳ, ки ба таъсиси гурӯҳи вобаста ба "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ва ҷалби ҷавонон ба муноқишаҳо дар Сурия гунаҳкор дониста мешаванд, ҷараён дорад ва аз айбдоршудагон чандин вакили дифоъ ҳимоят мекунанд. Ба гуфтаи пайвандони афроди айбдоршуда, ба толор танҳо вакилони мудофеъ ва як нафарӣ аз наздикони онҳо роҳ дода мешаванд. Додгоҳ рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта оғоз ёфта, тӯли 2 рӯз бархе шоҳидон бозпурсӣ шудаанд.

Ба гуфтаи вакилони мудофеъ, дар курсиҳои айбдорӣ як сокини ноҳияи Истаравшан ва 12 нафари дигар сокинони ноҳияи Конибодом нишастаанд. Афроди муттаҳам аз 26 то 49 солаанд ва додгоҳ онҳоро дар маҷмӯъ мутобиқи се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 187, қисми 2 – “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ” ва 307 -“даъвати оммавӣ ба роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори қонунии Тоҷикистон” ва 347- “ташкили иттиҳоди экстремистӣ”ва 195, қисми 2-“ ғайриқонунӣ доштани аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ”, айбдор мекунад.

Ин афрод моҳи ноябри соли 2014 аз ҷониби кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилии Тоҷикистон дар Хуҷанд дастгир шуда, тафтиши парвандаро додситонии Суғд анҷом додааст. Онҳо дар ҳоле боздошт шуданд, ки баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ, ба ҷамъоварии маблағ барои равон кардани ҷавонон ба ҷанги Сурия, машғул будаанд.

Ба гуфтаи манобеъ дар додситонии Суғд, раҳбарии ин гурӯҳро амири маҳаллии “Ҷамоати Ансоруллоҳ“ Наҷмиддин Шамсиев, сокини ноҳияи Истаравшан бар дӯш доштааст. Вай 28 сол дошта, ҳангоми ҷустуҷӯ кормандони пулис аз манзили зисташ ду туфангча, 85 дона тир ва як садонишон (глушител) дарёфт ва мусодира кардаанд. Вале парвандаи Шамсиев аз гурӯҳи 13 нафарӣ ҷудо карда шуда, дар ҳоли ҳозир мавриди таҳқиқ қарор доштааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, яке аз айбдоршавандаҳо сокини ноҳияи Конибодом Акмал Шукуров -- сокини ноҳияи Конибодом, ки бо Наҷмидин Шамсиев ошноӣ доштааст, бо тавсияи вай ба даъвати ҷавонони ин маҳал барои узвияти ин гурӯҳ машғул будааст. Вай автомобили “Мерседес”-и худро фурӯхта, 6 ҳазору 300 доллари маблағи онро ба хазинаи ин гурӯҳ додааст.

Нозим Неъматов, сокини дигари Конибодом, ки бо дастури Наҷмидин Шамсиев ҷавонони ин маҳалро барои иштирок дар ҷанги Сурия тарғиб мекардааст, худ аввали моҳи ноябр ҳини ба Сурия рафтан аз роҳи Қирғизистон, дар шаҳри Ҷалолободи он кишвар дастгир шуда ва ба Хуҷанд оварда шуда буд. Вайро пулиси қирғиз бо дархости ҳамтоёни тоҷики худ боздошт кард.

Носир Неъматов, сокини 80-солаи ноҳияи Конибодом, падари Нозим Неъматов мегӯяд, ҳоло додгоҳ писарашро барои “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ” айбдор мекунад. Вай ки барои иштирок дар мурофиаи писараш омада буд, рӯзи 2-юми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзияи боздошти Нозим дар моҳи ноябри соли 2014 дар фурудгоҳи шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон, дуруст нест. Ба гуфтаи мусоҳибам, писараш ба Ҷалолободи Қирғизистон ба нияти тиҷорати меваи хушк назди бародараш, ки он ҷо ба таври муқимӣ зиндагӣ дорад, рафта буд ва дар хонаи бародараш боздошт шудааст:

“Ин маслиҳатро Нозимҷон бо бародараш пештар карда буд, ки рафта чормағз мехараду ба ин ҷо оварда мефурӯшад. Чунки чор танга пули аз Самараи Русия овардааш тамом шуд. Аммо вайро аз он ҷо ҳамроҳи набераам, ки дар Донишкадаи тиббии шаҳри Ӯш таҳсил мекунад ва дидани тағояш рафта буд, дошта зуд ба ин ҷо оварданд. Вайро аз хонаи додараш доштаанд.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, қабл аз он кормандони пулис Нозим Неъматовро нимашабе дар Конибодом дар хонаи падариаш ҷустуҷӯ кардаву пайдо накардаанд. Ҳамчунин онҳо чизе, ки ба айбдории писараш далолат кунад, дарёфт накардаанд.

Ба нақли Носир Неъматов, писараш Нозими 38-сола соҳиби 3 фарзанд буда ва устои сохтмон мебошад ва моҳи августи соли гузашта аз шаҳри Самараи Русия ба Конибодом баргашт ва дар ҳавлии алоҳида барои оилаи худаш хона бунёд мекард. Аммо вақте, ки 90 ҳазор рубли русии аз Русия овардааш тамом шуд, дар авохири моҳи октябр барои тиҷорат ба Ҷалолободи Қирғизистон рафт.

Назир Ортиқов, падари Наим Ортиқов, ягона сокини Истаравшан, ки дар гурӯҳи 13-нафарӣ муҳокима мешавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯву ҳамсари писараш Наимро тӯли 3 моҳи дар боздоштгоҳ буданаш се маротиба мулоқот карданд ва ҳолаш хуб аст: “Писарамро аз рӯи банди 187 айбдор карда истодаанд. Аммо вай мегӯяд, ки вай узви ягон ҳизб ё созмоне нест. Вайро барои Конибодом рафтанаш дастгир карданд. Аммо намедонем барои чӣ он ҷо рафта буд.”

Мусоҳибам афзуд, ки писараш дар бозори сабзавоти Истаравшан ба савдо машғул буд ва аз ин роҳ аҳли оилаашро таъмин мекард. Наим Ортиқов ҳамсару 3 фарзандаш доштааст. Падари вай, Назир Отиқов ва чанд нафари дигар пайвандони айбдоршавандаҳо, ки рӯзи душанбеи 2-юми феврал дар утоқи назди боздоштгоҳи Хуҷанд ҳузур доштанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздошти ӯ барояшон ғайримунтазира буд.

Ин барои нахустин бор аст, ки гурӯҳи ҷавонон аз ноҳияи Конибодом бо иттиҳоми узвият дар созмони “Ҷамоати Ансорулллоҳ” ва тарғиби ҷавонони маҳаллӣ барои иштирок дар ҷанги Сурия боздошт мешаванд.

Бино ба иттилои шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим дар додситонии Суғд, аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин сӯ алайҳи ҳудуди 60 сокини вилояти Суғд, умдатан аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Спитамен, Исфара, Истаравшан ва Хуҷанд дар иртибот ба таъсиси гурӯҳҳои вобаста мансуб ба ҲИУ ва “Ҷамоати Ансорулоҳ” ва ҷалби одамон барои иштирок дар ҷанги Сурия, 12 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

"Ҷамоати Ансоруллоҳ" як созмони тундрави мазҳабист, ки бори аввал дар соли 2010, дар як ҳамлаи маргталабона алайҳи як воҳиди вижаи пулис дар шаҳри Хуҷанд аз худ дарак дод. Ин гурӯҳ масъулияти нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар қаламрави Тоҷикистонро, ки 3 кушта ва зери 30 захмӣ ба ҷо гузошт, бар ӯҳда гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG