Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷиҳодӣ"-и собиқ: Дар Русия 4 зани ҳиҷобдорро куштам, ки... (ВИДЕО)


Як "ҷиҳодӣ"-и собиқ, ки ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад, дар сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ" шеваи тамрину роҳи тӯлонияш то Сурияро нақл кардааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бо ироаи пешнависи як қонун ба парлумони ин кишвар аз намояндагони мардумӣ дархост кард, ҷавобгарии ҷиноятиро дар робита ба терроризм шадидтар кунанд. Ин ниҳоди амниятӣ дар ҳоле даъвати шадид кардани қонунҳоро дар миён гузоштааст, ки даҳҳо шаҳрванди Қирғизистон дар солҳои ахир ба истилоҳ "ҷиҳодӣ" шудаанд. Аммо коршиносони қирғиз мегӯянд, бо терроризм бояд бо усулҳои идеологӣ мубориза бурд.

Аз тамрин то ҷанг дар Сурия

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ки ахиран дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии шаҳри Ӯш бо чанд тан аз муттаҳамони терроризм ва экстримизм сӯҳбат кард, мегӯяд, ба эътирофи худи боздоштшудаҳо онҳо аз тамрини террористӣ гузашта ва дар ҷангҳои Сурия иштирок кардаанд ва ҳоло бо ҳадафи ташкили амалҳои террористӣ дар Қирғизистон ва Узбакистон ба ватан баргаштаанд. Аксаран эътироф кардаанд, ки роҳи интихобкардаи онҳо хато буд ва сулҳу оромӣ муҳимтарин сармоя аст.

Видео: Бозпурсии марде, ки 60 нафарро ба ҷанги Сурия "гусел" кардааст

Як тан аз боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба хабарниори Радиои Озодӣ гуфтааст, ӯро ба мазҳабу мазҳабдӯстӣ нафаре бо номи Фарҳод ҷалб кард. "Дар сӯҳбат бо ӯ ман ба муҳтавои Ислом сарфаҳм рафтам ва намоз хондам. Баъдан ба Русия рафтам ва дар тӯли се сол ба ғоратгарӣ машғул будам. Бори охир мо чаҳор духтарро бо як «мама-роза» ба қатл расондем, ки ҳиҷоб мепӯшиданд, вале дар асл дар ҳаммомҳо фоҳишагӣ мекарданд. Мо қаблан онҳоро огоҳ карда будем. Баъдан ман ба Ӯш баргаштам, издивоҷ кардам ва баъди 5-6 моҳ ба Сурия рафтам. Ба падару модарам гуфтам, ки ман барои тиҷорат ба Туркия меравам. Модарам ҳоло ҳам бовар дорад, маро баъди бозгашт аз Туркия боздошт карданд. Ба падарам гуфтам, ки дар Сурия будам. Агар мегуфтам, ки қасди сафар ба Сурияро дорам, онҳо дарк намекарданд, зеро таълимоти динӣ надоранд. Агар озод шавам, ба зиндагии орому осуда бармегардам, издивоҷ мекунам, ҳамчун як мусалмон панҷ вақт намоз мехонам ва ба падару модарам кумак мекунам",- гуфтааст ин боздоштшудаи қирғиз.

Ҷанг бо терроризм: Зӯр ё идеология?

Бар пояи тарҳе, ки Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ироа кардааст, ҷавобгарии ҷиноӣ дар баробари ҷурмҳое чун терроризм ду баробар бештар мешавад. Роҳат Сулаймонова, сухангӯи ин ниҳоди амниятӣ мегӯяд, гурӯҳи аввали боздоштшудаҳо дар ҳоле ба ватан баргаштаанд, ки иштибоҳӣ будани роҳи пешгирифтаро дарк карданд. «Гурӯҳи дуюм бо ҳадафи ташкили террор дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш баргаштанд. Дар баробари ин, онҳо ҳамчунин ба ҷалби нафарон барои иштирок дар ҷанги Сурия дар тарафи тундравҳо машғул буданд»,- гуфт Роҳат Сулаймонова.

Аммо бахше аз коршиносон талошҳои Кумитаи амнияти миллиро барои шадидтар кардани ҷавобгарӣ дар баробари ҷиноятҳои терроризм танқид мекунанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, барои муқовимат бо терроризм бояд аз заминаҳои идеологӣ истифода бурд. "Терроризмро танҳо бо истифода аз зӯр наметавон пешгирӣ кард ва ё бар он пирӯз шуд. Зеро он бар рӯи дину мазҳаб бунёд шудааст. Агар як инсон аз рӯи эътиқод марги интиҳориро қабул мекунад, ӯ на аз маҳбас метарсад, на аз муҷозоти дигар. Аз ин рӯ мубориза бояд ба сатҳи идеологӣ кашида шавад. Бояд шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ даст ба кор шаванд ва бартариҳои исломӣ суннатиро ба ҷавонон шарҳ бидиҳанд",-мегӯяд низоъшиноси қирғиз Анора Жолдуева.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар соли гузашта 137 парвандаи марбут ба террризмро боз кард ва беш аз 70 қазияро ба додгоҳ фиристод. Бахши умдаи онҳое, ки ба ҷанги Сурия ҷалб шудаанд, ҷавонони аз 16 то 22-сола будаанд. Маълумоти нахустин дар бораи иштироки қирғизҳо дар ҷанги Сурия соли гузашта пайдо шуд. Бар пояи маълумоти расмӣ то ҳол 200 шаҳрванди Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз тундравон дар Сурия вориди ҷанг шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG