Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамони филми нав мегӯяд, намозхонии муштарак, омӯзиши Қуръону забони арабӣ тадриҷан ба ҷамъоварии маблағ барои ҷиҳодиён ва сипас даъват ба ширкат дар ҷанги Сурия табдил шуданд.

“Ҷозиба"-и ҷангҳoи Сурия дар Русия“ – бо чунин ном ахиран филми мустанади бахши қирғизии радиои Озодӣ нашр шуд, ки дар бораи роҳҳои ба ҷангҳои хориҷӣ сафарбар шудани муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия нақл мекунад. Ин филм 1 соат давом карда, роҳи муҳоҷиронро аз рустои падарӣ нахуст ба Русия ва аз он ҷо ба ҷангҳои Сурияву Ироқ пайгирӣ кардааст. Ахиран ин филм дар телевизиони давлатии Қирғизистон ҳам намоиш дода шуд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сурия аз ҷониби мухолифони режими Башор Асад беш аз ҳазор нафар меҷанганд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раиси Бахши қирғизии радиои Озодӣ Венера Ҷуматаева дар бораи ин филм нақл кард.

Озодӣ: Бигӯед, чӣ тавр ба қарори гирифтани чунин як филме омадед?

Венера Ҷуматаева

Венера Ҷуматаева

Венера Ҷуматаева: Як-ду соли охир мо ҳаргуна хабарҳоро аз баъзе сокинони Қирғизистон дарёфт мекунем, ки аз нопадид шудани хешу таборонашон дар Русия паём медиҳанд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо ногаҳон аз Туркия ба ҳамсар ё волидонашон хабар медодаанд, ки нияти ба Сурия рафтан доранд. Баъдан хешу таборашон ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рафта шикоят мекарданд. Мо ҳам дидем, ки ин масъала хеле ҷолиб аст, ки бо чӣ роҳ ин мардум барои сафар ба Сурия таблиғ мешаванд. Бояд гуфт, тақрибан 1 миллион аҳолии Қирғизистон дар кунҷу канори Русия кор мекунанд. Мо ба қароре омадем, ки хабарнигори мо, ки дар Бишкек кор мекунад, бояд ин мавзӯъро таҳқиқ кунад. Ин журналист дар гузашта ҳам дар Русия кор кардааст ва ӯ шароити корро дар он ҷо хуб медонад. Хулоса, маълум шуд, ки ҷалби муҳоҷирон ба ҷанги Сурия дар маҳфилҳои махсуси мазҳабӣ сурат мегирад. Вале аз ин пеш, хабарнигорони мо ба Ботканду Ӯш рафта, аввал зану фарзандон ва волидони ин муҳоҷиронро ёфтанд. Баъди ин ба Маскаву вилояти Маскав ва аз он ҷо баъди ягон ду ҳафта ба Тотористону Бошқирдистон рафтанд. Дар он ҷо онҳо бо Шерзод ном ҷавони ӯзбактаборе аз Қирғизистон шинос шуданд. Ин ҷавон, ки дар маҳфилҳои таблиғгарон иштирок кардааст, нақл кард, ки худи ӯ баъди иштирок дар ин маҷлисҳо маҷбур шудааст, аввал 100, баъд 200, баъд 300 доллар барои ҷиҳод диҳад. Баъдан, ба гуфтаи ӯ, вайро барои сафар ба Сурия таблиғ кардаанд.

Озодӣ: Дар доираҳои муайян дар Тоҷикистон мегӯянд, ки гӯё ҷалби ҷавонҳо ба сафари Сурия дар масҷидҳои Русия сурат мегирад. Филми шумо ин чизро тасдиқ мекунад?

Венера Ҷуматаева: На, аз рӯи он чи ки қаҳрамони мо Шерзод нақл кард, таблиғ дар маҳфилҳои махсуси динӣ, дар ҳузури дӯстону афроди мавриди эътимод ҷараён мегирад.

Озодӣ: Ва эҳтимолан, дар оғоз ӯ дар бораи ҳадафу мавзӯи ин нишастҳо хабаре надошт?

Венера Ҷуматаева: Бале, ба онҳо мегуфтанд, ки барои омӯзиши Қуръону забони арабӣ ҷамъ мешаванд. Баъди ин тадриҷан таблиғ шурӯъ мешавад. Мубаллиғон асосан табааи Қафқоз ва ҳам тоторҳо будаанд.

Озодӣ: Ба он хотир, ки онҳо аз назари донишҳои динӣ мустаҳкамтаранд?

Венера Ҷуматаева: Шояд ба хотири иртиботи онҳо бо шабакаҳои ҷаҳони исломӣ бошад.

Озодӣ: Оё хабарнигорони шумо кадом фактҳои ҷолибу ғайримунтазираро ҳам дар ҷараёни таҳияи ин филм пайдо карданд?

Венера Ҷуматаева: Филми мо аз ду бахши нимсоатӣ иборат буда, як кори хеле фарогире шудааст. Масалан, ҳамин қаҳрамони мо Шерзод мегӯяд, ҳоло дар шароити хеле ҳассосу хатарноке зиндагӣ мекунад. Баъди он ки ӯ аз ин маҳфилҳо дурӣ ҷусту нахост, дар онҳо иштирок кунад ва ҳатто ҷои зисташро дигар карда ба як деҳаи дури Бошқирдистон кӯчид, оромаш нагузоштанд. Ӯро таъқиб мекунанд.

Озодӣ: Онҳо чӣ мехоҳанд? Пул?

Венера Ҷуматаева: Мехоҳанд, ки ӯро ба Сурия барои ширкат дар ҷангҳо фиристанд.

Озодӣ: Ва саволи охир ин ки шумо бо ин филм чӣ гуфтан мехостед: шаҳрвандонро аз сафар ба Русия мехостед, боздоред, ё машварат медиҳед, ки эҳтиёткор бошанд?

Венера Ҷуматаева: Паёми асосии филми мо ин аст, ки ҳар яки мо бояд хеле эҳтиёткор бошем. Мо наметавонем ба онҳо гӯем, ки ба Русия нараванд, чунки дар шароити бекории шадид онҳо чораи дигаре ба ҷуз ҷустуҷӯи кор дар Русияро надоранд. Мо мегӯем, ки одамон бояд ҳамеша дар тамос бо хешу наздиконашон бошанд, телефон кунанд, нопадид ва бедарак нашаванд ва дар бораи худ ва машғулиятҳояшон хешу наздиконро хабардор кунанд. Масъала ин ки гоҳо моҳҳои дароз хешу табор байни худ тамосу иртибот надоранд. Ва паёми дигари мо ин аст, ки дар 70 дар сади ҳолатҳо онҳое, ки ба Сурия рафтанд, нобуд шуданд. Бадии кор ин аст, ки ҳоло онҳо на танҳо худашон, балки ҳамроҳ бо зану хоҳаронашон сафар мекунанд. Аз ҳамин хотир, мо бояд хеле эҳтиёт кунем. ​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG