Пайвандҳои дастрасӣ

Телевизионҳои Суғд як ҳафта боз наворҳоеро бо иштироки волидон ба намоиш мегузоранд, ки зидди ҷалби ҷавонон барои "ҷиҳод" равона шудааст. Масъули шӯъбаи дин дар ҳукумати вилоят мегӯяд, чунин шеваи кор таъсиргузортар хоҳад буд.

Телевизионҳои вилояти Суғд тайи як ҳафтаи охир навори падару модари ҷавононеро ба намоиш гузоштанд, ки қаблан мардумро ба ҷанг дар Сурия даъват карда буданд. Волидон дар ин барномаҳои телевизионӣ амали фарзандони худро башиддат маҳкум карда, аз мақомот хостанд, онҳоро ба сахттарин шакл муҷозот намоянд.

Яке аз онҳо - Тӯйчибой Абдуллоев - сокини ноҳияи Спитамен аст, ки писари 38-солааш Ҷавлон Юсуфов, маъруф бо тахаллуси “Абдулло Увайсхон” бо ҷурми раҳбарӣ ба як гурӯҳи мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон ва даъвати ҷавонон барои иштирок дар ҷанги Сурия боздошт шудааст. Мақомоти пулис ӯро охирҳои соли гузашта ҳамроҳ бо 9 шарикаш дастгир карда буданд.

Падари “Абдулло Увайсхон” дар ин навор мегӯяд, фарзандаш баъд аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия зоҳиран ва маънаван тағйир карда, ӯ маҷбур шудааст, аз баҳри писараш гузарад, яъне ӯро “оқ” кунад.

Тӯйчибой Абдуллоев

Тӯйчибой Абдуллоев

“Вақти пешвоз дидам, ки почаи шимаш аз ошиқи пояш боло, дар сараш тоқии гирд, риш мондагӣ буд. Ман ӯро як сол надида будам. Аммо на салом гуфт, на иззату ҳурмат кард. Дандон ба дандон монда, ба хона омадам, 6 моҳ азоб кашидам, вале тарбия карда натавонистам. Баъд “оқ” карда, аз хона пеш кардам,” - мегӯяд Тӯйчибой Абдуллоев.

Вай дар ин сӯҳбати худ, ки тариқи телевизионҳои вилояти Суғд пахш шуд, аз мақомот хост, писарашро бо сахттарин шева муҷозот кунанд: “Падар ҳастам ва ба фарзандам дилам месӯзад, вале ҳоло ночорам. Ман аз намозхонии писарам розӣ будам. Хурсанд шудам, ки писарам ба роҳи рост даромада намозхон шудааст. Лекин дидам, ки ӯ дар роҳи нодуруст аст, дар роҳи ҳақ нест.”

Абӯбакр Қодиров, падари Эркин Қодиров -- яке аз шарикони “Абдулло Увайсхон” аз ноҳияи Спитамен низ дар бораи сарнавишти фарзанди худ бо таассуф суҳбат кард ва гуфт, то ҳол бовараш намеомад, гурӯҳҳои тундрав вуҷуд доранд, аммо ҳоло ки ин таҷрибаи талхро ҳосил кардааст, аз волидони дигар даъват мекунад, фарзандонашонро аз тундравон эҳтиёт кунанд. Ба дунболи чеҳраҳои аламзадаву андӯҳгини волидайн, ки мегӯянд, аз кирдори фарзандони худ сарпаст шудаанд, худи фарзандон дар навор намоён мешаванд.

Ҷавлон Юсуфов, мулаққаб ба "Абдулло Увайсхон"

Ҷавлон Юсуфов, мулаққаб ба "Абдулло Увайсхон"

Ҷавлон Юсуфов бо тахаллуси “Абдулло Увайсхон” ва Эркин Қодиров – шарики ӯ дар корҳои “ҷиҳодӣ” дар навор гуфтанд, ки мақсади ҷамоати онҳо бунёди “Давлати исломӣ” буд. “Мақсади ин ҷамоати мо мусалмононро озод карда, Давлати Исломӣ сохтан буд. Ҷавлон ба ман вазифа дода буд, бародарони боварибахшро даъват карда сафамонро зиёд кунам ва ба иҷрои супоришҳо тайёр бошем,” - изҳор дошт Эркин Қодиров дар наворҳои пахшшуда дар телевизионҳои Суғд.

Ба ин тартиб, барои бори аввал, дар расонаҳои маҳаллии Суғд, гузоришҳои расмӣ бо иштироки аъзои гурӯҳҳои тундрав ва даъваткунандагон ба “ҷиҳод” дар Сурия пахш шуд. Пештар ин гуна гузоришҳо маъмулан бидуни иштироки қаҳрамонҳо ва расмиву хушк садо медоданд.

Абдулҳаким Шарифов

Абдулҳаким Шарифов

Абдулҳаким Шарифов, мудири шӯъбаи дин дар ҳукумати Суғд, ки рӯзи 20 январ бо хабарнигори Озодӣ дар Хуҷанд сӯҳбат мекард, гуфт: “Вақте падару модарон аз кирдори фарзандони худашон, ки ақида дигар карда, ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва мамнӯъ шомил шудаанд, нақл мекунанд, таъсирноктар мешавад. Аз суханҳои он ду падар аз ноҳияи Спитамен маълум мешавад, ки фарзандони онҳо аввал назди падару модари худ ҳам шартҳо гузошта, дар оила низоъҳои ақидавӣ ба вуҷуд овардаанд. Ин ба дигар волидайн сабақ мешавад ва фарзандонашонро дурусттар насиҳат мекунанд, ки ба гурӯҳҳои террористӣ нараванд.”

Ин даъватҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки дар бораи таҷаммӯи нерӯҳои мусаллаҳи мансуб ба Ҳаракати исломии Тоҷикистон дар шимоли Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон ва аз қасди онҳо ҷиҳати роҳандозии амалиёт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, шояд ҳам дар Тоҷикистон маълумот нашр мешаванд.

Абӯбакр Қодиров

Абӯбакр Қодиров

Ҳамзамон мақомоти Суғд дар 4 моҳи охир аз хунсо кардани 2 гурӯҳи 11 ва 10-нафарии мансуб ба ҲИУ ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ” гузориш доданд, ки қасд доштанд ба қисми низомӣ дар Панҷакент ва шӯъбаи умури дохилии Шаҳринав ҳамла кунанд ва силоҳ ба даст биёранд.

Пулиси Суғд ба ҷуз гурӯҳи зикршудаи 10-нафарӣ аз соли гузашта ба ин тараф 95 узви 8 гурӯҳи тундравро боздошт кардааст. Ба гуфтаи пулис, аз ин боздоштшудагон 47 тан узви Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ), 37 тан - узви “Ансоруллоҳ”, 9 кас узви “Ҷундуллоҳ” ва 5 нафар узви “Ҳизб-ут - Таҳрир” будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG