Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амирулло Асадулло: "Аз бекорӣ ба Сурия мераванд"


Амирулло Асадулло - раиси шаҳри Қӯрғонтеппа

Амирулло Асадулло - раиси шаҳри Қӯрғонтеппа

Мақомоти қудратии вилояти Хатлон сабаби пайвастани ҷавононро ба гурӯҳҳои тундраву экстремистӣ ва ҷангидани онҳо дар Сурияро дар ноогоҳӣ аз Ислом ва “роҳгум задан” мебинанд, аммо Амирулло Асадулло, шаҳрдори Қӯрғонтеппа гуфт, ки як омили ба Сурия рафтани ҷавонони хатлонӣ набуди ҷои кор аст.

Амируллои Асадулло, шаҳрдори Қӯрғонтеппа рӯзи 21 январ дар нишасти хабарияш бо вуҷуди пофишории муовинонаш, ки намехостанд дар мавриди ҳузури ҷавонони шаҳр дар Сурия сӯҳбат кунад, гуфт, аз ин шаҳр ду нафар дар Сурия меҷангад, вале дар баробари набуди ҷои кор волидайни онҳо низ гунаҳгоранд:

“Танҳо аз Тоҷикистон нестанд, аз дигар кишварҳо низ ҳастанд, ташвиқот нест, ҷои корӣ нест, ки ҷавононе, ки хунашон дар ҷӯш аст, ба ин роҳ мераванд. Инчунин аксаран қонун дар бораи масъулияти падару модар иҷро намешавад. Аз ҳисоботҳо маълум шуд, ки аз шаҳри мо ду нафар аст, бояд ҳамаи мо кӯшиш кунем, ки онҳоро баргардонем.”

То ин замон мақомот мегуфтанд, ҷавонон на аз бекорӣ, балки бештар ба хотири ваъдаҳои “шаҳид” шудан раҳгум мезананд ва ба Сурия мераванд.

Назарзода Анвар Сайдназар, ёвари додситони вилояти Хатлон дар як суҳбати телефонӣ рӯзи 21 январ гуфт, алайҳи ҷавонони “роҳгумзада”-и хатлонӣ, ки дар Сурия 24 нафар ва дар Покистону Афғонистон 5-нафарӣ будаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар гуфт, ки охирҳои соли 2014 се сокини ҷавони ин ноҳия - яке аз ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” ва ду нафари дигар аз ҷамоати деҳоти “Сарвари Истиқлол” дар ҷангҳои Сурия кушта шудаанд.

Як сокини ноҳияи Бохтар бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як ҷавони кушташуда дар Сурия ҳамсарашро бо худ бурдааст ва ҳоло ин зан дар Сурия аст.

Қарахон Чилаев, шаҳрдори шаҳри Сарбанд низ ҷангидани ду ҷавони синни 34- сола аз ин шаҳрро дар Сурия тасдиқ намуд ва гуфт, ки волидайни онҳо гунаҳгори аслии ба Сурия рафтани ҷавонон ҳастанд: “Тибқи маълумоти фаврӣ, ду нафар аз шаҳри мо дар Сурия ҳастанд, ки бо падару модари онҳо мулоқот карда истодаем. Инҳо донишҷӯ буда, дар бахши варзиш таҳсил мекардаанд, аммо волидайнашон онҳоро ба мадрасаи исломӣ бурдаанд ва аз Душанбе ба Миср ва аз Миср ба Сурия рафтаанд. Амният ҳоло кор карда истодааст.”

Дар ҳамин ҳол коршиносон дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки омилҳои тундгароии ҷавонон ва дар Сурия ҷангидани онҳо бекорӣ ва сиёсатҳои саркӯбона аст, ки онҳоро аз кишварашон фирорӣ мекунад.

Садурдин Қаландарзода, аз аъзои собиқадори ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ гуфт, ҷавонони тоҷикро ба Сурия бештар бекорӣ ва мушкилоти дигари ҷомеъа тела медиҳад: “Барои онҳо ҷои кор нест, дар муҳоҷират озору азият доранд ва ин натанҳо ба Сурия, балки ба ҷиноятҳои дигар ҳам таҳрикашон медиҳад. Инчуни динситезӣ дар Тоҷикистон, мисли тарошидани риш, бардоштани сатру рӯсарӣ аз хонумҳо онҳоро ноумед месозад. Агар динситезӣ набошад, ҷои кор таъмин шавад, шояд коҳиш ёбад, чун мебинем, ки бо маҷбур кардан ин чиз кам намешавад.”

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳиии вилояти Хатлон қаблан гуфта буд, ки 99 ҷавони хатлонӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва терористӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд. Бино ба иттилои додситонии вилояти Хатлон, соли гузашта 43 парвандаи ҷиноии вобаста ба ифротгароӣ алайҳи 59 нафар аз сокини ин вилоят боз шудааст, ки аксари муҷримонаш берун аз Тоҷикистон қарор доштаанд. Аксарияти ин афрод ҷавонон будаанд.

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, низ дар нишасти ахири хабарияш гуфт, соли гузашта дар миёни афроди боздоштшуда пайравони “Давлати Исломӣ” ҳам будаанд. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, агар ин ҷангиён бо хоҳиши худ ба Ватан омада, пеш аз ин дар ҷинояте муттаҳам набошанд, бахшида хоҳанд шуд.

Ҳафтаи гузашта як гуруҳ аз ҷавонони вилояти Хатлон ба унвони ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия нома навишта, аз онҳо хостанд, ба ҳаёти осоиштаи худ баргарданд. Онҳо гуфтанд, вазъияти кунуниро –“имтиҳон” барои Тоҷикистон ва иштироки ҷавононаш дар ҷангҳои хориҷиро – “нанговар” донистанд:

“Шумо аз сӯзи дарди дили падару модар, фироқи ёру дӯстон, хоҳари чашмбароҳ, қалби пур аз меҳри ҳамсару ёди фарзанди хурдсолатон бехабаред. Куҷост он номуси ҷавонмардии шумо?”,-пурсида шудааст аз ҷангиён. Ин гуруҳ номанависони ҷавони Хатлон аз зиндагияшон дар Ватан изҳори қаноат карда, аз ҳамсолони худ хостаанд, ба ҳаёти осоишта баргарданд: “Мо ҷавонони Хатлонзамин имрӯзҳо ҳақиқати ислом ва озодии онро дар Тоҷикистон мебинем... Ин барои шахси ватандӯсту худогоҳ ва баору номуси миллати тоҷик кофист!”

Раиси Қӯрғонтеппа дар идомаи сӯҳбати рӯзи 21 январаш аз таҳсили ғайрирасмии ду сокини дигари шаҳр дар кишварҳои исломӣ ҳам хабар дод. Ҳарчанд Амирулло Асадулло дар бораи ҳамла ба дафтари маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо”-и Фаронса, ки 12 кушта бар ҷой гузошт, изҳори назар кард, вале дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи нашри дубораи карикатура ё тасвири танзомези Муҳаммад (с) - паёмбари мусалмонон сукутро авло донист. Ӯ гуфт, ин масъала кори рӯҳониён аст ва беҳтар мебошад, дар ин замина онҳо изҳори назар намоянд.

Амирулло Асадулло яке аз бародарони ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки моҳи феврали соли гузашта ба мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуд. Вай то он замон раҳбарии ноҳияи Ҷалолиддини Румиро бар уҳда дошт ва аз мақомдорони “ошиқ”-и шеъру шоирӣ ҳам дониста мешавад. Вай 6 июни соли 1969 ба дунё омада, то расиданаш ба мақоми раиси ноҳияи Румӣ раҳбарии корпоратсияи тиҷории “Рушди Хатлон”, яке аз ширкатҳои бузурги фаъол дар майдони тиҷорати ҷануби Тоҷикистонро, ба дӯш дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG