Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия: "Баргардед"


Яке аз ҷангиёни тоҷик бо номи "Абу Умариён",Э ки ба иддаои худаш дар Ироқ меҷангад
Яке аз ҷангиёни тоҷик бо номи "Абу Умариён",Э ки ба иддаои худаш дар Ироқ меҷангад

​Гурӯҳе аз ҷавонони вилояти Хатлон аз ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия даъват кардаанд, ки ба Ватан бозгашта ба ҳаёти орому осудаашон идома диҳанд. Ин нома рӯзи 17 январ дастрас шуд.

Як гурӯҳ аз ҷавонони вилояти Хатлон бо навиштани номае аз ҳамсолони тоҷики худ, ки дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доранд, даъват кардаанд, ки ба Ватан бозгарданд.

Ин нома рӯзи 17 январи соли ҷорӣ тавассути Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Хатлон дастрас шуда ва мушаххас нест, оё ин ташаббуси худи ҷавонон будааст, ё ягон ниҳоди давлатӣ.

Номанависон вазъияти кунуниро –“имтиҳон” барои Тоҷикистон ва иштироки ҷавононаш дар ҷангҳои хориҷиро – “нанговар” донистаанд. “Ин амали онҳо... тамоман ба ақли инсон рост намеояд. Ҳамаи он басандагӣ накарда, тариқи сомонаҳо бо доштани ливои сиёҳ баромад намуда, амалҳои нанговару даҳшатангези худро дар пеши чашми мардум ҷилва медиҳанд. Вале ин танҳо фикри хоми онҳост, ки аз тарафи хоҷагони бурунмарзӣ амалӣ мегардонанд”,-омадааст дар нома.

Дар идома гуфта шудааст, аксари ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия саводи кофии динӣ надоранд ва аз содагӣ ё зудбоварӣ то он ҷо рафтаанд.

“Шумо аз сӯзи дарди дили падару модар, фироқи ёру дӯстон, хоҳари чашмбароҳ, қалби пур аз меҳри ҳамсару ёди фарзанди хурдсолатон бехабаред. Куҷост он номуси ҷавонмардии шумо?”,-пурсида шудааст аз ҷангиён. Ин гуруҳ номанависони ҷавони Хатлон аз зиндагияшон дар Ватан изҳори қаноат карда, аз ҳамсолони худ хостаанд, ба ҳаёти осоишта баргарданд: “Мо ҷавонони Хатлонзамин имрӯзҳо ҳақиқати ислом ва озодии онро дар Тоҷикистон мебинем... Ин барои шахси ватандӯсту худогоҳ ва баору номуси миллати тоҷик кофист!”

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар ҷангҳои Ироқу Сурия 300 шаҳрванди кишвар иштирок доранд, ки қисмати аслии онҳо ҷавонанд. Вале худи ҷангиён дар чанд наворе, ки ба намоиш гузоштанд, гуфтанд, теъдоди онҳо тақрибан ба ҳазор нафар мерасад ва, инчунин, онҳо дар дохили кишвар низ “намоянда” доранд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки дар нишасти хабарии рӯзи 16 январ суҳбат мекард, гуфт, соли гузашта дар миёни афроди боздоштшуда пайравони “Давлати Исломӣ” низ будаанд.

Номаи ҷавонони Хатлон ба ҷангиёни тоҷик дар Ироқу Сурия дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта 8 ҳазору 657 донишҷӯ аз Суғд бо нашри номае аз раиси Ҳизби наҳзати исломӣ – Муҳиддин Кабирӣ талаб карданд, бо ҷонибдоронаш "аз сиёсӣ кардани дину эътиқод даст кашанд”, зеро “барои Тоҷикистон на ҳизби динии сиёсӣ, балки донишманду мутахассис зарур аст.”

Дар ин нома аз ҷумла омадааст: “Ҳар ҷое як террор, куштор ва ё ҳодисаи таркишу харобкорӣ ба вуқуъ меояд, ҳатман дар он ҷо изи ислом ва мусулмон дида мешавад. Шумо шояд ҷавоб диҳед, ки ин инъикоси яктарафаи ҳодиса аз ҷониби расонаҳо аст. Лекин ҳодисаҳои чанд моҳи охир баёнгари он ҳастанд, ки дар ҳақиқат исломи сиёсӣ барои ҷомеа хатарофар аст. Бубинед дар ҳодисаҳои «Баҳори Араб»-ро, ки ба мардуми ин Тунис, Миср, Либия ва дигар кишварҳои ин минтақа чи қадар харобӣ овард ва ё ҳамсоякишвари мо Афғонистонро, ки зиёда аз 35 сол боз дар вазъияти носубот ва беамнӣ қарор дорад. Ин ҳама натиҷаи сиёсӣ гардидани дини ислом аст.”

Ин номаи ҷавонон тариқи телевизиони давлатии Суғд қироат ва назари ҷонибдоронаш намоиш дода шуд. Бо ишора ба ин, баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, ин ҳама иқдоми худҷӯши ҷавонон набуда, балки бо ишораи мақомот ва ё “кумак”-и онҳо аз номи ҷавонон навишта шудааст.

XS
SM
MD
LG