Пайвандҳои дастрасӣ

Дар даврони пеш дар Осиёву Аврупо низомиён, фарзандони нухбагонро дар баробари санъати ҷангу давлатдорӣ, мусиқиву рассомӣ ва дигар ҳунарҳоро ҳам меомӯхтанд.

Соли 2007 дар рӯзи Артиши миллӣ Шералӣ Хайрулло, вазири дифои собиқ бо ҳамон либоси низомӣ даст ба думбра бурд ва чанд лаҳза оҳанг навохт. Ҳунари генерали тоҷик ба бинандагон писанд омад, аммо пас аз ин касе дар хотир надорад, ки касе аз соҳибмансабони Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи камераи телевизион ё микрофони радиоҳо нишаста, асбоберо навохта бошад. Миралӣ, яке аз наздикони Шералӣ Хайруллоев, ки ҳоло ёвари президенти Тоҷикистон дар умури амниятӣ аст, мегӯяд, генерал ҳанӯз ҳам дар кору берун аз кор даст ба торҳои думбрааш мезанад: «Хеле хуб менавозад. Гоҳ-гоҳ вақте хаста мешавад, ё илҳомаш меояд, думбраашро гирифта менавозад. Албатта, чун масруф ва ҳамеша дар сафар аст, думбраашро намебарад. Аммо дӯст медорад навохтанро.»

Сафири пешини Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев соҳиби чанд маҷмӯаи шеърӣ мебошад.

Сафири пешини Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев соҳиби чанд маҷмӯаи шеърӣ мебошад.

Дар миёни раҳбарони Тоҷикистон онҳое, ки дар ҳолатҳои зарурӣ рӯ ба ҳунар – дунёи маънавӣ оранд, кам нестанд. Мегӯянд, президент Эмомалӣ Раҳмон овозхониро дӯст медорад. Вазири саноат – Шуҳрат Бобоев, раиси Иттиҳоди нависандагон – Меҳмон Бахтӣ ва собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар маҳфилҳои хусусӣ овозхонӣ мекунанд. Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизион навозандаи хуби пианино аст. Абдумаҷид Достиев, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор ва Амирулло Асадулло, бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси шаҳри Қурғонтеппа маҷмӯаҳои шеърии худро нашр кардаанд. Як ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, борҳо шоҳиди он будааст, ки раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов дар хориҷа то 30 ҷилд осори адабии нависандагони ҷаҳонро харидорӣ кардааст.

Докторҳои илм Ҳисорӣ Ҷӯраев ва Холназар Муҳаббатов аз овони ҷавонӣ то ба ҳол овозхонӣ мекунанд. Ҷӯрабек Назрӣ, узви Академияи улумро бештар овозхон мешиносанд, ки олим. Ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадо ҳайкалтарош ва шоири маъруф Муҳаммад Ғоиб дуторнавоз низ ҳастанд.

Занҳои соҳибмансаб бештар бар ҳунари бофандагӣ ва кадбонугӣ арҷ мегузоранд. Махфират Хидирова, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, бофтани ҷӯробро дӯст медорад ва инро ҳам, ки онҳоро дар пойи наздиконаш бубинад: «Пӯхтани хӯрок, бахусус, оши палавро дӯст медорам. Бале, ошро ҳар кас мепазад ва бояд ин корро тавонад, аммо ман мехоҳам як ошеро барои наздиконам бипазам, ки ҳама лаззат бубаранд. Худ аз он лаззати маънавӣ мебарам, ки ош маҳсули тахайюли худи ман бошад. Мо одат дорем, ки рӯзи якшанбе модарамон меҳмон бошанд ва ҳамон оши худамро барояш мепазам.»

Дар сӯҳбат бо мо намояндаи парлумон Хайринисо Юсуфӣ ҳам бо як шавқ дар бораи оромишҳои маънавиаш аз бофандагиву омода кардани хӯрок сӯҳбат кард. Бунафша Одинаева, муовини вазири фарҳанг ҳам эҳсоси вижа ба нақшдӯзии тоҷикӣ дорад.

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, тамоми мебели дафтари ҳизбро бо дастони худ сохтааст. Вай мегӯяд, ин касби бобоӣ ба ӯ кӯмак мерасонад, ки нақшаҳояш дар ҳизб ва зиндагиро ҳамин гуна муназзам мисли дуредгар таҳия кунад: «Агар шумо бо заргариву наққошӣ ва дуредгарӣ машғул мешавӣ, албатта, ҳар коратро дар асоси амаливу назарӣ омода мекунӣ. Ин ҳама илм ҳастанд, ки аз қадим таҳқиқ шудаанд. Онҳо омили муҳимтарин дар амри ташаккули касбӣ, илмӣ ва ахлоқии инсон»

Коршиносон мегӯянд, аксари соҳибмансабони Тоҷикистон агарчи ҳунар надоранд, онро эҳтиром мекунанд, вале ин мактаб вуҷуд надорад, ки онҳо аз хурдӣ ба ҳунар ҷалб карда шаванд. Фаррух Хоҷаев, раиси Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон, мегӯяд, дар даврони пеш дар Осиёву Аврупо низомиён, фарзандони нухбагонро дар баробари санъати ҷангу давлатдорӣ мусиқиву рассомӣ ва дигар ҳунарҳоро ҳам меомӯхтанд:

Фаррух Хоҷаев

Фаррух Хоҷаев

«Ин далели чӣ аст? Далели ин аст, ки ӯ на фақат ҷанг тирандозиву давлатдорӣ карданро омӯзад, балки ҳамчун як шахсияти аз лиҳози гармоникӣ рушдёфта тарбия меёфт. Инсони имрӯз ҷаҳонбинии дигар дорад. Мардуми мо фикр мекунад, ки математик фақат математика, муҳандис фақат муҳандисӣ, раис раисиро донад. 40 сол боз дар Ҷопон дар тамоми синфҳои мактаби миёна омӯзиши рассомӣ ва мусиқӣ ҳатмист. Дар мо ҳамаро нобуд карда партофтанд. Ин як баҳси бузург аст, аммо фоида надорад, зеро гӯши шунаво нест. Муҳим нест, ки ин одам рассом ё мутриб шавад, муҳим ин, ки Баху Бетховен, Беҳзоду Борбадро донад.»

Ҷорҷ Буш, президенти Амрико бо чеҳранигорӣ ё портретсозӣ машғул будааст. Ӯ портретҳои худу падараш, Ҳомид Карзай, Владимир Путин, Тони Блэр ва дигаронро кашида, зернавис низ менавиштааст. Бузургтарин сиёсатмадорони рассом Уилям Черчил, президенти Бритониё ва Адолф Гитлер, раҳбари Олмон будаанд. Ҳоло осори рассомии Черчилро ба миллионҳо доллар харидорӣ мекунанд. Аз Гитлер чизе намондааст, аммо ӯ мехост ба Донишгоҳи ҳунарҳои Вена қабул ва рассоми хуб шавад, ки нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG