Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулмаҳмадов: Фикр кунед, ки арзандаи вазифа ҳастед ё не?


Амирулло Асадулло

Амирулло Асадулло

Раиси вилояти Хатлон дар як иқдоми бесобиқа аз додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шиддат интиқод карда, гуфтааст, ҳар мансабдор бояд то куҷо ба ин вазифа арзанда буданашро собит кунад.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ахиран баъди шунидани ҳисоботи шаҳрдори Қӯрғонтеппа башиддат ба интиқоди Амирулло Асадулло пардохта, хитоб ба ӯву дигар раҳбарони шаҳру навоҳии вилоят гуфтааст, “пеш аз нишастан дар пушти мизи корӣ бояд фикр кунед, ки оё шумо арзандаи ин вазифа ҳастед ё не?” Амирулло Асадулло, қарори маълум, додарарӯси президенти Тоҷикистон буда, ҳамагӣ 5 моҳ пеш - дар моҳи феврали соли 2014 - ба курсии шаҳрдори Қӯрғонтеппа – маркази маъмурии вилояти Хатлон – нишаст.

Хабари интиқоди тунди Давлатшо Гулмаҳмадов аз Амирулло Асадуллоро “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – рӯзи 24 июн таҳти унвони “Д. ГУЛМАҲМАДОВ: “ОЁ ШУМО АРЗАНДАИ ИН ВАЗИФА ҲАСТЕД?” нашр карда, гуфтааст, ин ҳарфҳо дар ҳузури садҳо нафар садо доданд.

Раиси шаҳр Амируллоҳи Асадулло дар ҳисоботаш аз ҷумла гуфтааст, ки дар шаҳр сохтмони 190 иншоот идом адорад. Амируллоҳи Асадулло аммо ҳамзамон эътироф кардааст, ки бо вуҷуди он ки дар 5 моҳи аввали сол ба буҷаи шаҳр беш аз 5 миллион маблағи изофӣ ворид шудааст, “қарзи музди меҳнат ҳоло 1 миллиону 960 ҳазор сомонист ва мутаассифона, имсол боз зиёд гардид.”

Намое аз Қӯрғонтеппа

Намое аз Қӯрғонтеппа

Аммо раиси вилоят дар вокуниш ба ҳисоботи шаҳрдори Қӯрғонтеппа гуфтааст, “аз суханҳои раиси шаҳр маълум шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар шаҳр зиёд аст. Аммо чаро андоз аз арзиши иловашуда иҷро нашуд, бароямон муаммост... Ҳангоми санҷиши Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ тақсимоти ғайримақсаднок ё ғайриқонунии маблағҳои буҷет ошкор шуд. Ин чӣ гуна тарзи кор аст?!»

Раиси вилоят ҳамчунин аз афзудани қарзи маоши мардум дар Қӯрғонтеппа ва ҳам аз набудани ягон мактаби замонавӣ дар маркази вилояте, ки 3 миллион аҳолӣ дорад, танқид кардааст.

Интиқодҳои тунди раиси вилоят аз фаъолияти шаҳрдори Қӯрғонтеппа аз аввалин мавридҳои расонаишудаи танқиди як мансабдори баландпояи наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Амируллоҳи Асадулло (қаблан Холов), ки моҳи феврал ба ҷои Самӣ Шариф ба мақоми шаҳрдори Қӯрғонтеппа нишаст, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ қабл аз омадан ба шаҳрдории Қӯрғонтеппа 2 сол раиси ноҳияи Румӣ буд. Амируллоҳи Асадулло сафари Ҳаҷ кардаву Ҳоҷӣ аст. Ӯро ҳамчунин аз аҳли сухан ном мебаранд, ки чанд китоби шеъраш ҳам то кунун чоп шудааст.

Амирулло Асадулло аз бародарони Азизамоҳ Раҳмонова, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва модари 9 фарзанди ӯст. Бародари дигари ҳамсари президент - Ҳасани Асадуллоҳзода – аз нафарони пурнуфуз дар арши сиёсиву тиҷории кишвар ба шумор рафта, раҳбарии «Ориёнбонк» - бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад ва ҳам гуфта мешавад, тиҷорати алюминий – маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистонро низ ӯ назорат мекунад. Намояндаи дигари ин хонавода Амонуллоҳ Саъдуллоев тобистони соли 2013 раиси бахши фурӯши барқ дар ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» таъин шуда буд.

Таъини хешу табори наздикаш ба мақомҳои муҳими давлатӣ яке аз мояҳои асосии интиқод аз тарзи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мемонад. Ба ҷуз аз додарарӯсҳояш, фарзандону домодҳо ва қудоҳои ӯ низ дар мақомҳои баланд кор мекунанд. Аммо интиқоди як хеши наздики президент ва он ҳам дар мазҳари ом то кунун тақрибан мушоҳида намешуд. Гузашта аз ин, ин танқидҳо дар «Ҷумҳурият» - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – нашр шудааст, ки нозирони умурро як андоза сардаргум кардааст, ки оё дар пушти танқиди додарарӯси президент аз сӯи раиси вилояти Хатлон чӣ меистад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG