Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табодули коло миёни Тоҷикистон бо Узбакистон ба таври бесобиқа дар 8 соли охир, ҳудуди 11 дарсад боло рафтааст.

Фирдавс Асадбеков, масъули Оҷонсии омори Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ҳаҷми табодули коло бо Узбакистон дар моҳи январи соли равон ба 79 ҳазор доллар расидааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 10,6 дарсад бештар будааст.

Муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон танҳо пас аз сафари Ислом Каримов ва иштирокаш дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе доир шуд, каме нармиш пайдо кардааст.

Равобити Тоҷикистону Узбакистон пас аз касби истиқлоли онҳо дар соли 1991 ҳеҷ гоҳ тахту ҳамвор набуд, аммо пас аз азми қавии Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" вориди як марҳалаи наздик ба “ҷанги сард” шуд. Сараввал Узбакистон дар равуои озоди қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон монеа эҷод кард ва баъдан қимати боҷи транзитиро барои ҳамсояаш ба таври бесобиқа то ба 60 дарсад боло бурд.

Хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави кишварҳои Осиёи миёна рақобати бе ин ҳам тезутунди Тоҷикистону Узбакистонро боз ҳам афзоиш дод. Узбакистон бо баҳонаи таркиш дар яке аз кӯпрукҳои қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амӯзанг танҳои роҳи оҳан ба вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистонро тахриб намуд. Ин қитъаи роҳ Тоҷикистонро барои кишварҳои узви НАТО дар амри берун кашидани аслиҳаю таҷҳизоти ҳарбӣ пураҳамияттар мекард.

Дар натиҷаи ин, солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар як соли охир ҳамагӣ 4, 6 миллион долларро ташкил кардааст, ки барои ду ҳамсоякишвар, албатта, хеле ночиз аст.

Барои муқоиса, тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш - Афғонистони ҷангзада дар соли 2013 ба 174 миллион доллар расидааст. Яъне 40 маротиба бештар аз табодули молу коло байни Душанбеву Тошканд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG