Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон роҳи оҳанашро аз Тоҷикистон ҷудо мекунад


Қатори роҳи оҳани баландсуръати "Афросиёб", ки байни Тошканду Саамарқанд ҳаракат мекунад.

Қатори роҳи оҳани баландсуръати "Афросиёб", ки байни Тошканду Саамарқанд ҳаракат мекунад.

Бонки ҷаҳонӣ бар Узбакистон барои сохтани роҳи оҳани барқие, ки вилоятҳои водии Фарғонаро бидуни убур аз вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилоятҳои дигари он кишвар мепайвандад, 195 миллион доллар ҷудо кардааст.

Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 13 феврал қарореро ҷиҳати ихтисоси 195 миллион доллар аз ҳисоби Бонки байналмилалии бозсохт ва рушд барои такмили сохтмони роҳи оҳани барқии Поп-Ангрен дар Узбакистон қабул кард. Ин маблағҳо, қарор аст, барои харидории техникаву таҷҳизоти лозим барои бунёди шабакаҳои барқ дар ин роҳи оҳан масраф шавад.

Роҳи оҳани Поп – Ангрен, ки имкони бидуни убур аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба боқӣ вилоятҳои Узбакистон пайвастани 3 вилояти водии Фарғонаи он кишвар – Фарғона, Намангон ва Андиҷонро фароҳам меорад, як орзуи деринаи мақомоти Тошканд буд.

Дар гузашта Узбакистон ҳар сол барои убури қаторҳояш аз роҳҳои оҳани вилояти Суғд ба Тоҷикистон то 30 миллион доллар дар сол ҳаққи транзит пардохт мекард.

Узбакистон ба хотири сарфа кардани ин маблағ, ки ба Душанбе на ба сурати нақд, балки асосан аз ҳисоби пули газ ва миқдоре сементу маводи сӯхт пардохт мекард, чанд сол пеш аз тариқи ағбаи баландиаш 220-метрии Қамчиқ роҳи мошингардеро то ноҳияи Попи вилояти Намангон сохт, ки ин ва ду вилояти дигари водии Фарғонаашро бидуни убур аз ҳудуди вилояти Суғд бо дигар минтақаҳои он кишвар мепайвандад.

Баъди ин интиқоли борҳо аз тариқи роҳҳои оҳани вилояти Суғд ба Наманугону Фарғона ва Андиҷон қариб 3 баробар кам шуд. Масъулони бахши нақлиёти ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, агар дар гузашта солона аз ин тариқ то 2 -2,5 миллион тонна бор ба водии Фарғонаи Узбакистон мерафт, дар соли 2013 , ба гуфтаи Тошмуҳаммад Ашӯров, мудири бахши нақлиёти ҳукумати вилояти Суғд, “Узбакистон тавассути роҳи оҳани шимоли Тоҷикистон беш аз 670 ҳазор тонна ва дар 6 моҳи аввали соли 2014 ҳудуди 300 ҳазор бор интиқол дод. Сол то сол борбарии транзитии Узбакистон кам мешавад. Албатта, ин бо зарари иқтисодии ҳар ду кишвар анҷом меёбад.”

Ин ҳам бо вуҷуде ки интиқоли борҳо аз тариқи роҳи мошинград ба 3 вилояти пураҳолӣ мушкилоти зиёде пеш меовард ва аз нигоҳи иқтисодӣ низ чандон сӯдманд набуд. Вале аз тарафи дигар, Тошканд бунёди ин роҳи оҳани ҷадидро бахше аз стратегияи дарозмуддаташ барои пайвастани Чин бо бозорҳои Аврупо аз тариқи Узбакистон медонад.

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар муроҷиатномааш ба муносибати солгарди 20-уми таъсиси ширкати миллии “Узбакистон темир йӯллари” гуфта буд, бунёди роҳи оҳани барқии Поп – Ангрен имкон медиҳад, “ташкили шабакаи воҳиди роҳи оҳан дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ такмил ёфта, ба ҳайси як ҳалқаи муҳимтарини коридори нави байналмилалии роҳи оҳани Чин – Осиёи Марказӣ - Аврупо хидмат кунад.”

Амалан сохта шудани роҳи оҳани Поп-Ангрен ба маъноест, ки Тоҷикистон нафақат аҳамияти транзитиаш барои пайвастани Узбакистон бо водии Фарғонаашро аз даст медиҳад, балки ғолибан аз барномаҳои муҳими минтақавие, чун коридори роҳи оҳани Чин –Осиёи Марказӣ –Аврупо низ истисно мешавад. Дар соли 2013 Тоҷикистон ҳамин гуна асосан бо исрори Тошканд аз тарҳи роҳи оҳани Чин – Осиёи Марказӣ – Эрон берун гузошта шуда буд.

Бино ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, харҷи умумии ин тарҳи роҳи оҳан 1 миллиарду 633 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки қариб 1,1 миллион доллараш аз ҳисоби “Узбекистон темир йӯллари” – ширкати давлатии роҳи оҳан, Сандуқи бозсозӣ ва рушд ва ҳам аз ҳисоби буҷаи давлатии Узбакистон таъмин мешавад. Ҳамчунин барои сохтани ин роҳи оҳани Поп-Ангрен Эксимбонки Чин ҳам 350 миллион доллар ҷудо кардааст.

Қарор аст, ин масир аз моҳи июли соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ширкати роҳи оҳани Узбакистон мегӯяд, роҳи оҳани ҷадид баъди сохта шуданаш метавонад солона ҳудуди 600 000 мусофир ва то 4,6 миллион тонна борро бикашонад.

Истгоҳи роҳи оҳани Тошканд

Истгоҳи роҳи оҳани Тошканд

“Узбекистон темир йӯллари” аз моҳи июли соли 2013 ба сохтани ин роҳи оҳани барқӣ шурӯъ кард. Қариб 30 дарсад, ё 455 миллион доллар аз ҳазинаи ин сохтмон барои бунёди Тӯлонитарин нақб дар ин масирро, ки 19 километр тӯл мекашад, бар асоси як қарордоди 455-миллиондолларӣ ширкати чиноии China Railway Tunnel Group бар ӯҳда гирифтааст. Сохтмони ин нақб бояд то апрели соли 2016 анҷом шавад.

Узбакистон аз соли 1992 бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунад ва дар ҳоли ҳозир ҷамъи портфелиъ сармоягузориҳои ин ниҳоди байналмилалии молӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. 195 миллион доллар қарзи Бонки ҷаҳонӣ барои такмили роҳи оҳани Поп-Ангрен барои 25 сол бо имтиёз барои 5 соли аввалаш ба Тошканд дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG