Пайвандҳои дастрасӣ

Овозаҳо дар бораи бад шудани саломатии Ислом Каримов ва ҳатто ба кома афтодани ӯ ҳадсзаниҳо дар бораи ояндаи тахти раҳбарии Узбакистонро бештар кардааст.

Сарусадоҳо дар бораи ба ҳолати кома (мадҳушӣ) афтодани раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва 2 ҳафта боз бо ҳозир нашудани ӯ дар "Оқ сарой" торафт бештар мешаванд. Хабаргузории интернетии “Лента.Ру” рӯзи 12 феврал навишт, ин овозаҳо дар пешорӯи интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Узбакистон, ки Каримови 77-сола барои дарёфти боз як давраи раҳбарӣ номзадиашро ба он гузоштаастд, доғтар кардааст.

Хабари ба кома афтодани Ислом Каримов ҳанӯз дар поёни моҳи январ аз як гурӯҳи мухолифини ӯ дар хориҷ бо номи Ҳаракати халқии Узбакистон бархост ва ба расонаҳои ҳатто ғарбӣ роҳ ёфт. Бино бар ин манбаъ, Ислом Каримов шоми 28 январ дар қароргоҳаш дар Кӯксарой аз ҳуш рафта, тақрибан як рӯз дар ҳолати кома боқӣ мондааст.

Муҳаммад Солеҳ

Муҳаммад Солеҳ

Ҳаракати халқии Узбакистон, ки ба он рақиби дерини Каримов – Муҳаммад Солеҳ - раҳбарӣ мекунад, ҳамчунин иддао дорад, ки аз ҳамон рӯз ба ин тараф Ислом Каримов ба кор наомадааст. Аммо ин иддао аз сӯи ягон манбаи дигар тасдиқ нашудааст. Манобеи наздик ба Оқсарой (Кохи раёсатҷумҳурии Узбакистон дар Тошканд) дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ низ овозаҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатии президенти Узбакистонро бепоя хонданд.

Аммо дар ин миён як ҳодисаи дигаре иттифоқ уфтод, ки ба оташи ин овозаҳо дар бораи вазъи саломатии Каримов равғани бештар рехт. Интизор мерафт, ки Ислом Каримов рӯзи 6 феврал дар анҷумани ҳизби либерла-демократии Узбакистон суханронӣ кунад. Аммо матни ин суханронӣ ба таври ғайричашмдошт дар ягон нашрияи расмӣ чоп нашуд ва аз тариқи телевизионҳои давлатӣ низ намоиш дода нашуд. Барномаи “Ахборот”-и телевизиони давлатӣ дар бораи анҷумани ин ҳизб ба таври бесобиқа ҳатто хабари кӯтоҳе надод ва номаълум монд, ки оё Каримов дар анҷумани ширкат дошт ё на? Ва оё суханронӣ кард ё на?

Номзадҳо ба интихоботи президентии Узбакистон

Номзадҳо ба интихоботи президентии Узбакистон

Сарусадоҳо дар бораи вазъи саломатии Каримов дар ҳоле баланд мешаванд, ки то интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурӣ ҳамагӣ якуним моҳи дигар мондааст. Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 29 март ба ғайр аз Ислом Каримов, 3 номзади дигар – Ҳотамҷон Кетмонов, раиси ҳизби халқии демократӣ, Наримов Умаров, раиси ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ва Акмал Саидов, раиси як маркази ҳуқуқи башари наздик ба ҳукумат ва узви фирқаи порлумонии ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ” - низ сабти ном шудаанд, вале ба бовари аксарияти кулл, ин номзадҳо танҳо ба хотири алтернативӣ ва зоҳиран демократӣ ҷилва додани интихоботи президентии Узбакистон асту бас.

Дар асл, ҳама мутмаинанд, ки агар ҳолати фавқулоддае пеш наояд ва умр вафояш кунад, ин интихоботро низ Ислом Каримов ба осонӣ хоҳад бурд.

Овозаҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатии Ислом Каримов тақрибан ҳар сол пайдо мешаванд. Дар соли 2003 ҳатто овоза шуда буд, ки гӯё Ислом Каримов мурдаасту ӯро ба таври пинҳонӣ гӯручӯб кардаанд, вале ба хотири нашӯрондани мардум ин хабарро пинҳон мекунанд.

Рақсидани Каримов дар Наврӯзи соли 2012

Рақсидани Каримов дар Наврӯзи соли 2012

Ҳамин тавр мухолифони Каримов дар соли 2009 ду дафъа бо такя ба “манобеи огоҳ”-ашон дар бораи ба ҳолати кома афтодани президент хабар доданд. Дар соли 2013 сомонаҳои наздик дар мухолифони дар хориҷа қарор доштаи Каримов исрор карданд, ки ӯ сактаи қалб шудаву як пояш аллакай дар гӯр аст. Аммо ҳафтае баъди ин овоза Ислом Каримов бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Як сол аз он пеш, вақте боз аз по афтодани раисиҷумҳури Узбакистонро овоза карданд, моҳе баъди ин овозаҳо Ислом Каримов дар тантанаҳои наврӯзии Тошканд зоҳир шуд ва ҳатто дар пеши чашми мардум хеле рақсид.

Ислом Каримов, ки аз соли 1989, инак 26 сол боз зимоми раёсати Узбакистон, пураҳолитарин кишвари Осиёи Марказиро дар панҷаҳои оҳанинаш нигоҳ доштааст, рӯзи 30 январ ба синни 77 расид. Дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 29 март ӯ замони раҳбариашро то соли 2020, ки ӯ ба синни 82 хоҳад расид, тамдид мекунад.

Роберт Мугабе

Роберт Мугабе

Дар дунё раҳбарони аз Каримов ҳам кӯҳансолтар будаанд. Барои мисол, Ден Сяопин то 85-солагиаш раҳбари расмии Чин буду, боз 8 соли дигар, то дами маргаш дар синни 93 сози аввалро дар сиёсати Пекин мезад. Ё Роберт Мугабе, раисиҷумҳури кишвари африқоии Зимбабве, ки 35 сол боз бар ин фақиртарин кишвари дунё раҳбарӣ мекунаду ҳоло 90 сол дорад. Ҳуснӣ Муборак ҳам, вақте дар соли 2011 дар натиҷаи эътирозҳои мардум аз мақоми раҳбарии Миср сарнагунаш карданд, алакай 83 сол умру 30 сол собиқаи раҳбарӣ дошт. Дар худи Осиёи Марказӣ ҳам Нурсултон Назарбоев ҳаст, ки баробар бо Ислом Каримов дар соли 1989 ба раҳбарии ин кишвар омад ва ҳамагӣ 2 сол аз президенти Узбакистон ҷавонтар аст.

Дар гузашта ҳар боре ки бад шудани саломатии Каримов овоза мешуд, ҳадс мезаданд, ки тахту тоҷи ӯ шояд ба духтари калониаш - Гулнора Каримова - бимонад. Аммо ин бор чунин овозаҳо дар ҳоле пайдо мешаванд, ки Ислом Каримов тайи ду соли охир нуфузи аъзои хонаводааш бар сиёсати Узбакистонро хеле маҳдуд карда, Гулнора Каримоваро, ки духтари эрка ва ҳатто валиаҳдаш шинохта мешуд, баъди рӯ задани моҷарои садҳо миллион ришва гирифтани ӯву наздиконаш аз ширкати шведии Telia Sonera ба ҳабси хонагӣ андохта, Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни ҳамсарашро бо иттиҳоми даст доштан дар тасарруфи 800 миллион доллар маҳкум ба зиндон кард ва дасти духтари дувумаш – Лола Тилоева-Каримоваро низ аз дахолат дар масоили сиёсӣ ва иқтисодии кишвараш хеле кӯтоҳ кард.

Рустам Иноятов

Рустам Иноятов

Лента.Ру менависад, ҳоло аз атрофиёни Ислом Каримов бештар аз ҳама раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов нуфузи фавқулоддаеро соҳиб шудаву, ба таъбири ин нашрия, “нафари рақами дуюм дар Узбакистон шудааст. Вазири умури дохила Адҳам Аҳмадбоев, сарвазир Шавкат Мирзиёев, муовини якуми сарвазир ва вазири молия Рустам Азимов, додситони кулл Рашид Қодиров ва ҳокими вилояти Тошканд Аҳмадҷон Усмонов – ин ҳама атрофиёни наздиктарини президент – аз Иноятов дида заифтаранд, аз лиҳози нуфуз (аз ҷумла нуфузашон ба раисиҷумҳур) ва назорати захираҳо аз ӯ ақиб мемонанд.”

Технократҳо, яъне Мирзиёев ва Азимов низ аз манобеи фаровони мамъурӣ бархӯрдоранд, вале раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, ба навиштаи ин сомонаи русӣ, нисбат ба онҳо пурзӯртаранд. Ба ақидаи муаллиф, Рустам Иноятови феълан 70-сола шояд худаш шахсан барои курсии аввали Узбакистон довталабӣ накунад, балки бо нақши “аз паси парда истода сохтани подшоҳҳо” қаноат кунад.

Рустам Азимов (аз чап) ва Шавкат Мирзиёев

Рустам Азимов (аз чап) ва Шавкат Мирзиёев

Лента.Ру меафзояд, Иноятов, ин намояндаи пурнуфузи клани Самарқанд дар арши сиёсии Узбакистон, таҷрибаи ҳамтои туркманаш Оқмурод Раҷабовро ҳамеша дар мадди назар хоҳад гирифт. Генерал Раҷабов, ки аз соли 1985 раҳбари хадамоти ҳифозати Сафармурод Ниёзов буд, баъди даргузашти ӯ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ба мақоми раҳбарии Туркманистон нишонд, вале баъди муддати кӯтоҳе аз дасти “шоҳ”-и бо дастони худ сохтааш бо иттиҳомоти зоҳиран сохта ба зиндон рафт.

Бо ҳар вуҷуд, дар намунаи имрӯзи Узбакистон, ба ақидаи муаллифи Лента.Ру, мусаллам аст, ки “дар ниҳояти амр, пирӯзии ҳар вориси эҳтимолии Каримов - чӣ сарвазир Шавкат Мирзиёев, чӣ муовинаш Рустам Азимов – аз киро пуштибонӣ кардан ё накардани Рустам Иноятов вобаста аст.”

Сарусадоҳо дар бораи вазъи саломатии Ислом Каримов дар Тоҷикистон низ вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Гурӯҳе мӯътақиданд, ки дар сурати иваз шудани раҳбари аввал дар Узбакистон, имкони нуқта гузоштан ба "ҷанги сард" ва боз кардани саҳифаи дӯстию ҳамкорӣ байни Душанбеву Тошканд бештар мешавад. Вале гурӯҳи дигар мегӯянд, ҳар касе ки ба тахти Тошканд мерасад, ба эҳтимоли ғолиб ҳамин сиёсати инзивоъгароии Каримовро идома хоҳад дод. Ҳатто Шавкат Мирзиёев, ки дар рустои Яхтани вилояти вақти Ӯротеппа, ҳоло ҳудуди ноҳияи Ғончии вилояти Суғди Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Аммо ин ҳама фолкушоиҳо дар бораи ояндаи тахти раёсати Узбакистон метавонад нақше бар об шаванд, агар чун дар дафъаҳои гузашта Ислом Каримов баъди чанд рӯзи дигар дар ягон маросим зоҳир шавад ва бо суханроние дар ягон мавзӯи доғ ваё ҳатто бо як рақси аз таҳти дил ҳама овозаҳо дар бораи “бо як пояш дар лаби гӯр қарор доштан”-ашро ботил кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG