Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили иди Наврӯз дар Душанбе


Боғи ботаникии Душанбе дар рӯзи Наврӯз

Боғи ботаникии Душанбе дар рӯзи Наврӯз

Таҷлили Наврӯзи Душанбе дар Боғи ботаникии пойтахт дар ҳавои офтобиву осмони поку мусаффои баҳорӣ баргузор шуд.

Вақте мо ба Боғи ботаникӣ расидем, анбӯҳи зиёди одамон дар идгоҳ ҳузур доштанд ва ин ҳам дар ҳоле, ки мардум дар равуо буданд: гурӯҳе вориди боғ мешуданд, гурӯҳе онро тарк мекарданд.

Бо он вуҷуд, ки касе аз кормандони амниятӣ бо мо нахост сӯҳбат кунад, дар боғ теъдоди зиёди милисаҳо ва мулкиёни мухобирабадаст ба чашм мехӯрданд ва саҳнаи асосии идгоҳро муҳосира карда, мардумро аз ворид шудан ба он манъ мекарданд.

Дар идгоҳ Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва як идда вазирону намояндагони Маҷлиси Миллиро барномаи консертиро тамошо мекарданд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳозиринро табрик гуфт ва аз ширкаташон дар ид сипосгузорӣ кард.

Вақте мо бо мардум сӯҳбат мекардем, онҳо хеле хушнуд менамуданд ва махсус зикр мекарданд, ки баъди сардиҳои шадиди зимистон, бебарқиву бегармиву беобиҳо Наврӯзро хеле интизор буданд ва ҳоло иде, ки барпо шудааст, аз тамоми идҳои пешин пуршукӯҳтар ба назар мерасад.

Фотима, як соҳибхоназан ва сокини Душанбе, мегӯяд, «дар зимистон дар сардиҳо мо хеле азоб кашидем, хонаҳо сард буд, барқ набуд. Мо дер боз ҳамин гармиҳоро интизор будем ва орзую ҳавас доштем, ки Наврӯзро дар ҳавои офтобии хуб ҷашн гирем, хушбахтона имрӯз мо ба орзуямон расидем».

Дар як гӯшаи боғ аз сӯйи эрониёни муқими Душанбе ғурфае муҷаҳҳаз аз китобҳои форсӣ ва дастурхони наврӯзӣ ҳомили ҳафтсин созмон дода шуда буд. Иззатуллоҳи Номдор, як тан аз эрониёни Душанбе, гуфт, ба муносибати иди Наврӯз дар ин ғурфа мардумро бо маросими таҷлили наврузи Эрон ошно кардаанд.

Дар ҳамин ҳол як нафар, ки аз гуфтани номаш худорӣ кард, гуфт, Наврӯз ҷашни деҳқонон аст ва бояд дар деҳот бештар бо шукӯҳу тантана баргузор шавад. Вай иброз дошт, ки «Ин қадар одамро ҷамъ кардану рақсу бозӣ кардан, фикр мекунам, дар шароити кунунӣ зарурат надорад». Вай дар посух ба суоли мо, ки чаро худро муаррифӣ намекунад, гуфт, у як ҳақиқатҷӯй аст.

Нисфирӯзӣ тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар Боғи ботаникӣ ба охир расид. Баъд аз анҷоми барномаи консертӣ намояндагони ҳукумат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон сари дастурхони Наврӯзӣ, ки дар боғ махсус ороста шуда буд, нишастанду мардум ба сӯи хонаҳояшон роҳ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG