Пайвандҳои дастрасӣ

Рузи 21 март муҳоҷирони тоҷики шаҳрҳои Твер, Уфа, Краснодар, Ярославл, Калининград ва Оренбург Наврузро таҷлил карданд.

Ҷашни Навруз дар Русия 20 март аз Маскав шурӯъ гардид. Бино ба хабари ситорашиносон, рузи 20 март соати 9:18-и субҳ дар Маскав шабуруз баробар шуд, ки қотеътарин далели фаро расидани Навруз ба шумор меравад.

Дар ҳошияи базми наврузӣ, ки рузи 20 март дар намоишгоҳи марказии дастовардҳои Русия дар Маскав гузашт, мо бо чанд тан аз ширкаткунандагон суҳбат доштем ва аз онҳо хоҳиш кардем, бигуянд, Навруз барои онҳое ки дур аз ватан ба сар мебаранд, чӣ арзиш дорад.

Наргис, шогирди синфи шаши яке аз мактабҳои шаҳри Маскав ҳам ки дар бар либоси миллӣ дошт, гуфт, аз ширкат ба ҷашни Навруз хеле шод ва афзуд, дар бораи ҷашни Навруз ба ҳамсинфҳояш ҳикоят кардааст ва онҳо ин ҷашнро дуст доштаанд.

Елена, як бонуи рус, ки дар бар куртаи чакан дошт ва барояш хеле зебида буд, гуфт, аз ҳузур дар ин маҳфил хеле шод аст ва аз тариқи ин ҷашн барояш як равзани дигари фарҳанг боз шуд ва лаззати ин ҳамоиш аз ёдаш нахоҳад рафт.

Дар як канори толор як дастаи созиву овозӣ базми шеъру тарона ва рақсро гарм медошт. Ширкаткунадагони ин базм аслан духтарон, писарон ва бонувон буданд.

Дар канори дигари толор майдони гуштин гарм буд, дар он ҷавонмардони ҳудудан 20-30 сола ширкат доштанд ва шумораи онҳое ки мехостанд зурозмой кунанд, хеле зиёд буд. Лаҳзаҳои дилчаспи гуштин бо нидои пуршури таҳсин истиқбол мешуд ва гуё гуштингирону тамошобинон бо часпу талош ва нидо дарду озори тули сол дар вуҷудашон нишастаро метакиданду мерехтанд.

Мирзо Сабуров, як тан аз мухлисони гуштин тавзеҳ кард, ҳамзамон бо он ки варзиши бадан дар сари соли нав барои сиҳҳатӣ зиёд арзиш дорад, тамошои дасту бозуафшонии паҳлавонон пеш аз гуштин зиёд хушоянд аст.

Вижагии маҳфили имсолаи наврузи тоҷикон дар Маскав ин буд, ки дар он ҳама чиз оддӣ, табиӣ ва бидуни ташрифоти расмӣ буд. Ҳам дар рақс, ҳам дар суруд ва ҳам дар суҳбату табрик мардум озодона ширкат доштанд. Барои маҳфили ҳудудан якҳазорнафарӣ ин ҳамоиши дидору мулоқот буд.

Муҳоҷирони тоҷики шаҳрҳои Санкт-Петербург, Орск, Рязан, Ёқутистон ва дигар минтқаҳои Русия наврузро рузҳои шанбе (22 март) ва якшанбе (23 март) таҷлил мекунанд.

XS
SM
MD
LG