Пайвандҳои дастрасӣ

Ин гузоришро аз ресторани «Дасмия», воқеъ дар шаҳри Бишкек, таҳия мекунам, ки аз ҳафт хаймаи қирғизӣ иборат аст.

Ҳафт кишвар - Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии исломии Ирон, Покистон, Туркия ва Қирғизистон - бо ибтикори Вазорати хориҷаи Қирғизистон таҷлили иди Наврӯзро маҳз дар ин ҷо таъсис додаанд. Намояндагони ин кишварҳо дар дохили хаймаҳо хони наврӯзӣ густардаву онро бо нозу неъматҳои миллиашон пур карда буданд ва пешкаши меҳмонон намудаанд.

Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон дар болои хони наврӯзӣ таомҳои миллиро чидаанд.

Дар ҷашни наврӯзӣ Эднан Қорабоев, вазири хориҷаи Қирғизистон, меҳмононро хайра мақдам гуфт ва онҳоро ба иди Наврӯз табрик кард. Ҳамчунин сафирони кишварҳои муқими Бишкек, ки дар ин ҷо ҳузур доштанд, аз номи мақомоти кишварашон ба ҳамагон иди наврӯзро шодбош гуфтанд.

Истода Турсунова, як кадбонуи тоҷик, ки суфраи наврӯзиро барои меҳмонон омода кардааст, гуфт, имрӯз онҳо барои меҳмонон таъомҳои миллии тоҷикиро рӯи хон гузоштаанд. Ин таомҳо аз суманак, ширбиринҷу мошкичирӣ, кашку қурутобу санбӯсаи алафӣ, ҳамчунин суфраи ҳафтсин, иборат аст. Хонум Истода афзуд, сабза, суманак, санҷид, себу сирко ва сипанду санбӯса суфраи ҳафтсинро оро додааст.

Як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Бишкек таҳсил мекунанд, дар базми наврӯзӣ бо шеъру тарона ва рақсҳои пурҷозибаи худ ширкат карданд. Яке аз донишҷӯён Саёҳат Соҳибназарова мегӯяд, иди фараҳбахши Наврӯз фаро расид ва ӯ бо истифода аз фурсат ҳамаи ҷавонон ва мардуми кишварашро ба иди хуҷистапайи Наврӯз табрик мегӯяд ва орзумандаст, ки осмони кишвараш ҳамеша мусаффо ва хони мардум аз баракати Наврӯз фаровон шавад.

Маҳфили наврӯзиро Амриддин Кабирӣ, овозхони шоистаи Тоҷикистон, нусрати тоза бахшид. Базму нишастҳои наврӯзӣ дар Қирғизистон идома дорад.

XS
SM
MD
LG