Пайвандҳои дастрасӣ

Дастовардҳои варзишгарони тоҷик аз Наврӯз то Наврӯз


Панҷ роҳхат ба Олимпиадаи Пекин беҳтарин дастоварди варзишгарони тоҷик аз Наврӯзи соли гузашта то Наврӯзи имсола ба шумор меравад.

Гурзандоз Дилшод Назаров аз байни варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 гардидааст.Ӯ нахуст дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Укроин пирӯз шуда, меъёри олимпиро ба ҷо овард ва баъдан ба медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё даст ёфт.
Паҳлавони тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзюдо дар Бразил дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кг соҳиби медали биринҷӣ гардида, ҳамчунин ба Олимпиадаи Пекин роҳхат гирифтааст.
Роҳхати севуми Тоҷикистонро ба Бозиҳои олимпии соли 2008 паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод дар шаҳри Боку ба даст овардааст. Вай дар сабқати ниҳоӣ дар вазни зери 84 килограмм барандаи медали нуқра гардид ва барои дувумин бор аст, ки шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ ҳимоя хоҳад кард.
Ду роҳхати дигарро ба Олимпиадаи Пекин муштзанҳои тоҷик дар оғози соли 2008 дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиёӣ дар Тайланд ба даст оварданд. Анвар Юнусов дар вазни зери 51 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни зери 81 килограмм мақоми аввалро касб карда, соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 гардиданд.
Инчунин боз 4 варзишгари Тоҷикистон – Галина Митяева (гурзандозӣ), Алишер Чингизов ва Екатерина Измайлова (шиноварӣ), Албина Камолиддинова (камонварӣ) аз рӯи квота – ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд.
Дастаи мунтахаби таэквондои Тоҷикистон соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Словения соҳиби 9 медал, аз ҷумла, 4 нишони тило, гардид. Далер Сайфиддинов дар иҷрои машқҳои маҷмӯӣ, Масрур Сатторов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 50 кг байни мардон ва Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар сабқати занон дар вазни зери 45 килограмм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтанд. Медали чаҳоруми тилои Тоҷикистонро тими мардонаи кишвар дар навъи муҳорибаи худдифоъ ба даст овард.
Варзишгарони тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо байни ҷавонон, Акмал Қодиров, қаҳрамони Осиё оид ба армспорт ё дастхобонӣ байни варзишгарони маълул, Темур Беков, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до гардида, ба қатори 10 варзишгари беҳтарини сол шомил шуданд.
Инчунин дар як соли ахир Илҳом Маллаев оид ба кикбоксинг, Шералӣ Бозоров ва Неъматулло Асронқулов оид ба гуштии дзюдо, Мурод Тӯйчиев оид ба гуштии юнониву румӣ, Аҳмадҷони Муҳаммад оид ба теннис ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Соли 2007дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони зери 17-сола дар Куриёи ҷанубӣ маҳорати баланд зоҳир кард, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Рӯзи дави миллӣ бузургтарин чорабинии варзишӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ки дар он, ба тасдиқи созмондиҳандагонаш, беш аз 150 000 нафар афроди синну соли мухталиф ширкат карданд.
Соли 2008 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддист.
Беҳтаринҳо дар ҳайъати дастаи мунтахаби олимпии кишвар шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 8-ум то 24-уми августи соли 2008 дар Пекин, пойтахти Чин, баргузор мешавад, ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG