Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осеби бебарқӣ ба саноати Тоҷикистон


Тавлиди коло дар бахши саноатии сабук дар моҳи январ ва феврали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 34 дар сад коҳиш ёфтааст.

Ин рақам дар корхонаҳои нассоҷӣ шаст то ба ҳафтод дар сад аст. Дар корхонаҳои тавлиди маовди ғизоӣ ин рақам камтар аз 20 дарсадро ташкил додааст.

Ин иттилоъ аз сӯи Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон ироа шудааст. Вале кумитаи омор дар бораи коҳиши тавлиди тило, зуғолсанг ва ғайра иттилоъ надодааст, ки ба эътиқоди профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, барои пешрафти иқтисоди Тоҷикистон муҳим буданд. Мақомоти Тоҷикистон далели аслии коҳиши тавлидот ва аз кор мондани корхонаҳои тавлидиро камбуди нерӯи барқ дар моҳи январ ва феврал унвон кардаанд. Дар ҳоле, ки ба иттилоъи Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, дар моҳи январ ва феврал ин ҷумҳурӣ 355 миллион киловатт соат нерӯи барқро ба хориҷ аз кишвар фурӯхтааст.

Ба ин далел профессор Умаров далели коҳиши колоҳои тавлидӣ ва аз кор уфтодани корхонаҳо дар ду моҳи авали солро ба камбуди барқ марбут намедонад. Балки ба гуфтаи вай, ин иллат ба адами барномаи стротежики рушди иқтисод дар Тоҷикистон марбут аст. Профессор Умаров дар ин бора гуфт, «Проблема дар он аст, ки соири манбаъҳои энержӣ дар Тоҷикистон маривди баҳрабардорӣ қарор намегирад. Дар сурати ғайр мо метаовнистем сардиҳои аз ин шадидтаррро пушти сар кунем. Давлат дар ин бора барномаи стротежике надорад.»

Ба эътиқоди оқои Умаров, мақомоти Тоҷикистон танҳо ба хотири тавлиди алюминиюм, ки тавлиду фурӯши он сирри давлатӣ эълон шудааст, фаъолияти дигар корхонаҳоро қатъ кардаанд. Ва ҷиддӣ наандешидаанд, ки қатъи муваққатии фаъолият ва дубора фаъолсозии ин корхонаҳо ҳазинаҳои зиёди молиро ба дунбол дорад. Ба гуфтаи оқои Умаров, давлатро зарур аст, аз энержии зуғолсанг истифода кунад, ки Тоҷикистон аз захоири ғанӣ бархӯрдор аст. Ба гуфтаи вай, фарорасии сардиҳои шадид дар оянда низ имкон дорад.

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси бахши иқтисод, нерӯи барқи дар Тоҷикистон тавлидшуда барои масрафи мардум ва корхонаҳои саноатӣ кифоят мекнуад. Ба қавли ӯ, далели аслии аз кор уфтодани корхонҳаои саноатӣ на камбуди барқ, балки фурӯши ғайриқонунии он мебошад. Ӯ гуфт:

«Дар низоми тавлиди алюминиюм ва масрафи барқ дар ин корхона дурӯғ зиёд аст. Чанд пеш мақолаи як коршинос нашр шуд. Дар он гуфта шудааст, ки Тоҷикистон барқи кофии мавриди ниёзи мардум ва саноатро тавлид мкенуад. Вале фурӯши ғайриқонунии барқ вуҷуд дорад ва ба манфиати бархе аз мақомдорон ин фаъолияти ғайриқонунӣ пӯшида мемонад.»

Тақрибан моҳе қабл раисҷумҳури Тоҷикистон хисороти ношӣ аз сармо ва камбуди барқро як миллиард доллар унвон кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак хост. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилоъи ироакардаи Кумитаи давлатии омор, хисорот дар бахши саноати сабук 73 миллион долларро ташкил додааст. Ва ба эътиқоди профессор Умаров, давлат дар тавлиди алюминиюм, ки колои аслии содиротӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меояд, хисороте надидааст. Зеро дар фасли зимистон низ ин корхона бо нерӯи барқ таъмин буд.

XS
SM
MD
LG