Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меваву сабзавоти Тоҷикистон дар талоши вуруд ба бозори ҷаҳонӣ


Кумитаи мазкур ахиран бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ташкил шуд.

Дар нахустин нишасти ин Кумита, масоили марбут ба фаъолияти Лоиҳа, монеъа ва мушкилоти соҳаи коркарди мева ва сабзавот ва содирот, беҳбудиҳо дар ин самт ва манофеъи рушди ин соҳа баррасӣ шуд.

Лоиҳаи «Пешбурди Тиҷорат дар Тоҷикистон» аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат пиёда мешавад ва Даниел Иварссон, раҳбари бахши Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар умури кишварҳои арабиву аврупоӣ ва узви ҷомеаи Муштаракулманофеъ гуфт, ин марказ як ниҳоди муштараки Созмони Милал ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат буда ҳадафи он рушди соҳаи тиҷорат ва тавоноии содиротии кишварҳои рӯ ба инкишоф мебошад.

«Дар ҳоли ҳозир, давраи дуввум ва ниҳоии ин лоиҳа дар ҳоли иҷро қарор дорад. Ҳадафи мо баррасии масоили марбут ба монеъа ва мушкилоти соҳаи коркарди меваву сабзавот, содироти он, беҳбудиҳо дар ин самт ва манофеъи рушди ин соҳа мебошад, ки ин қисмати муҳими лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон аст.»

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон мегӯяд, пешрафти ин соҳа метавонад дигар соҳаҳои кишоварзиро рушд диҳад, аҳолии рустоии кишварро ба парвариши меваву сабзавот шавқманд созад ва тавсеъаи фаъолияти корхонаҳо мардумро бо ҷои кор таъмин карда дар самти коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон саҳм бигзорад. Ӯ гуфт:

«Маҳз бо назардошти ҳамин омилҳо аз ҷониби Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Тоҷикистон як тарҳе бо номи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» амалӣ мешавад ва аз самтҳои аслии фаъолияти ин тарҳ, дастгирии соҳаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон, боло бурдани имконоти рақобатпазирии корхонаҳои коркард ва тавлиди маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотии Тоҷикистон дар бозорҳои беруна ва мусоидат ба боло бурдани иқтидори содиротии кишвар дар ин росто мебошад.»

Дорис Ромер, муовини мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мегӯяд, дар соҳаи коркарди меваву сабзавот Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳо барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ бартарият дорад:

«Аз ин лиҳоз, дар доираи барномаи мазкур аллакай ба бархе аз корхонаҳои тавлидоти меваҷоту сабзавоти Тоҷикистон аз лиҳози нақшаи савдо, маркетинг ва боло бурдани сифати меваҷоту сабзавот кӯмак расонда мешавад.»

Лариса Кислякова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз дар соли гузашта аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди содиротии кишвар то соли 2015 қабул гардид, ки ҳадафи ин тарҳ афзоиш додани навъҳои амволи содиротӣ, ба хусус сабзавоту меваҷоти кишвар мебошад.

«Ва айни замон бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» Кумитаи назоратӣ ташкил шуд, ки намояндаҳои Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдо, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, Вазорати энержӣ ва саноат, Палатаи савдо ва саноат, Оҷонсии «Тоҷикстандарт», Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд, Маркази байнулмилалии тиҷорат ва бахши хусусӣ шомили ин кумита шудаанд, ки ҳамаи ин ниҳодҳо дар тавлидот, коркард ва содироти амволи кишоварзӣ даст доранд.»

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ин кишвар ба ин назар аст, ки Тоҷикистон дорои шароити мусоиди иқлимӣ ва нирӯи арзони корӣ мебошад ва аз ин рӯ, дар роҳи коркарди дурусти анвои меваҷот имкон дорад, дар бозорҳои байналмиллалӣ тавони рақобатро касб намуда содироти моли худро афзоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG