Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар остонаи зимистони торик


Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар маркази шаҳри Душанбе

Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар маркази шаҳри Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, созишномаи ахир бо Туркманистону Узбакистон зимистони имсоларо рӯшантару гармтар хоҳад кард, вале мардум, ки боз бо мавсими камбуди барқ рӯбарӯ шудаанд, умеди чандоне ба ин ваъда надоранд.

Аз аввали октябр дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ, як мавсими нохушоянд ва дардноки мардум, оғоз ёфт. Тибқи он қарор аст, рӯзе ду бор аз шаш то ҳашт соат барқ дода шавад, аммо амалан мӯҳлати рӯшании барқӣ метавонад, то ду соат субҳ ва ду соат шом коҳиш ёбад. Мақомоти давлат мегӯянд, танҳо бемористонҳо, идораҳои ҳукуматӣ ва "шаҳрҳои муҳими стратегӣ" истисно хоҳанд буд.

Маҳдудият ва ё дар забони авом "лимит", дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки Тоҷикистон соҳиби захираҳои аз ҳама бузурги барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ин захираҳо метавон, соле зиёда аз 300 миллиард киловат-соат нирӯи барқ тавлид кард. Аммо Тоҷикистон ягона кишвари минтақа аст, ки бо сахттарин камбуди нирӯи барқ рӯбарӯст ва ҳар сол мардумаш бо мушкили бебарқӣ гирифтор мешаванд.

Аммо чаро?

Мирзошариф Исломиддинов, раиси Кумисюни инержӣ, саноат ва мухобироти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар шарҳи вазъият чунин мегӯяд, нисфи барқи кишвар сарфи корхонаи арзизи мешавад ва агар ин як сабаб бошад, сабаби дигар он аст, ки Тоҷикистон ҳанӯз имкони таъмини аҳолии худ бо нирӯи барқро надорад.

Зимистони гузашта барои Тоҷикистон мушкилтарин зимистон буд, ҳатто пойтахти кишвар, Душанбе, чанд ҳафта дар коми торикӣ афтод. Мақомоти давлат гуфтанд, ин як чораи зарурии дурӯзае буд барои бастани маҷро ва дигар корҳои фаннӣ. Вале торикӣ боз муддате давом кард ва гуфта мешуд, афтодани сатҳи об дар обанбори Норак сабаби коҳиши тавлиди барқ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки ин зимистон вазъият беҳтар хоҳад буд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбеи чаҳоруми октябр эълон кард, ки Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар масъалаи интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

Барқи Туркманистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ширкати воҳиди инрежии Русия ЕЭС Анатолий Чубайс дар расми бастани маҷрои Вахш, 15 декабри соли 2006
Тибқи созишномаи нав Тоҷикистон солона аз Туркманистон як миллиарду дусад миллион киловат-соат барқ хоҳад гирифт. Вале аксари тоҷикон аз ин хабар бе хушбинии зиёд истиқбол карданд. Зеро соли гузашта низ чунин сӯҳбатҳо садо медоданд ва қарор буд, аз Қирғизистон ба воситаи Узбакистон нирӯи барқ ворид гардад. Ин орзу ҷомаи амал напӯшид. Мақомоти Тоҷикистон сабаби онро шарҳ надодаанд, вале тибқи хабарҳо Узбакистон мухолифи тарҳ буда, мегуфт, тавони интиқоли ин нирӯро надорад. Дар мавриди барқи Туркманистон низ Узбакистон мегуфт, Ишқобод хатти пайвандии мерос аз замони шӯравиро буридааст ва роҳе барои нақли барқи он мавҷуд нест.

Лекин ҷаноби Исломиддинов мегӯяд, тармими ин хат сар шуда, тарҳ амалӣ хоҳад гашт. Ҳамзамон, ба қавли ӯ, Тоҷикистон дар пайи густариши тавонмандиҳои худ дар тавлиди нирӯи барқ аст.

Нирӯи хештан

Тоҷикистон ҳоло якчанд нирӯгоҳ дорад, ки соле беш аз 17 миллиард киловат-соат барқ тавлид мекунад. Қарор буд дар ҳамкорӣ бо Русия нирӯгоҳи Роғун сохта мешуд. Бо иртифои 335 метр ин баландтарин сарбанди обанбор дар ҷаҳон буда метавонист. Вале баъд аз ихтилофи назарҳо дар бобати баландӣ ва маводи сохтмони сарбанд, Тоҷикистон сармоягузораш РусАЛро ба кашолкорӣ айбдор ва созишномаро бекор кард.

Сохтмони ду нирӯгоҳи дигари якум ва дувуми Сангтӯда бо мадади русҳо ва эрониҳо идома дорад ва чанд нирӯгоҳи хурдтар дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла Бадахшон ва водии Рашт бозсозӣ мешаванд ва тарҳи бунёди нирӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Зарафшон ба таъвиқ афтодааст.

Бозори бухорӣ

Дар ҳоле ки матбуоти Тоҷикистон ояндаи дурхашони кишварро ҳадс мезанад, мардуми оддӣ ба ҳезумчинӣ машғул аст ва медонад, ки сар аз ҳоло нархи ангишт, фуровардаҳои нафт ва ҳезум рӯ ба боло хоҳад ниҳод. Дар бозорҳо одамон ба харидани бухориҳо машғуланд ва яке аз бухорифурӯшон бо номи Саодат мегӯяд, соли гузашта мардум ҳатто дар табақаҳои нуҳуму даҳум бухорӣ шинонданд.

Аксари тоҷикони пулдор генератор ё барқзойҳое мехаранд, ки ниёзи як хонаводаро ба барқ бароварда месозад. Бархи дигар нирӯгоҳҳои худсохтеро ба кор андохтаанд, ки шояд аз лиҳози амниятӣ ва қоидаҳои зидди сӯхтор комил набошанд, лекин аз тарафи меъморонашон бо ифтихор "Сангтӯда 4" ё "Сангтӯда 5" ном гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG