Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоли барқи Туркманистон ҳамоно масъала боқӣ мемонад


Алишер Файзиев, муовини раиси ширкати «Узбекэнерго» мегӯяд, агарчи Тоҷикистон ва Туркманистон дар мавриди харидории 1 млрд киловатт/соат нерӯи барқ қарордод бастаанд, аммо Турманистон ҳанӯз тасмими ворид шудан ба шабакаи муттаҳидаи Осиёи марказиро нагирифтааст: «Барои ба амал овардани убури нерӯи барқ аз тариқи Узбакистон риояти чанд меъёри ҳуқуқӣ зарур аст. Яъне, агар имрӯз сари масъалаи траназити барқ аз тариқи марзи ин кишвар Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон таваҷуҳ доранд ва Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи ҳукумат ин масъаларо ҳал кардаанд, аммо дар робита ба ин масъала Туркманистон расман ба мақомот ва раҳабарияти Узбакистон то кунун муроҷиат накардааст. Аз ин рӯ мо ягон асоси ҳуқуқӣ рӯи даст надорем, ки дар масъалаи транзити барқ аз Туркманситон ба Тоҷикистон кор кунем».

Ин дар ҳолест, ки Шарифхон Самиев, раиси ширктаи «Барқи тоҷик», мегӯяд, бар тибқи ин созишнома бояд мо аз интиҳои моҳи сентябр, яъне то чанд рӯзи дигар воридоти барқи Туркманистон ба кишвари худро шурӯъ кунем, ки то интиҳои моҳи апрели соли оянда идома хоҳад кард. Бо Турманистон дар мавриди харидории 1 млрд киловатт/соат барқ комилан ба тавофуқ расидаем.

Ба гуфтаи ӯ, дар нишасти дирӯзи шӯрои ҳамоҳангсози энержии Осиёи Марказӣ як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи он бозрасии шабакаҳои интиқоли барқи Узбакистон мебошад, зеро пас аз хориҷ шудани Туркманистон аз шабакаи муттаҳидаи Осиёи Марказӣ, дар чаҳор соли пеш дар шабакаҳои барқи Узбакистон низ тағйирот ворид шудааст: «Дар шабакаҳои интиқоли барқи самти Бухоро-Самарқанди Узбакистон сохтори пайвастшавӣ тағйир ёфтааст. Ва дар зимн ин шабакаҳо ниёз ба бозрасии дубораи техникӣ пайдо кардаанд. Ба андешаи ман, таъсиси ин гурӯҳи корӣ бар он мусоидат хоҳад кард, ки онҳо якҷоя бо тарроҳон ва техникҳо сари мизе нишаста, имконоти интиқоли барқ дар ин шабакаҳоро мавриди баррасӣ қаррор медиҳанд. Пас аз пешниҳоди ҳама аснод дар ин масъала иродаи сиёсии Узбакистон зарур аст. Зеро инчунин масоили харидорӣ, фурӯш ва тронзитро дар ҳар кишвар ҳукумат ҳал мекунад».

Ин дар ҳолест, ки Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи Тоҷик», нархи нерӯи барқи аз Турманистон воридшавандаро аз нерӯи барқи аз Узбакистон харидорӣ шаванда арзонтар медонад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон соли ҷорӣ дар марвиди харидории 600 млн киловатт/соат барқ бо ҷониби Узбакистон ба тавофуқ расидааст, ки бар ивази ин миқдор нерӯи барқ Тоҷикистон дар фасли тобистон ба ин кишвар 900 млн киловатт/соат барқ интиқол хоҳад дод.

Дар ин нишаст масъулини мақомоти энержии Қирғизистон эълон доштанд, ки дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон нерӯи барқ содир нахоҳанд кард, зеро обанбори Тӯхтагул дар соли ҷорӣ ниёзмандиҳои Қирғизистонро ба нерӯи барқ ба мушкилӣ таъмин хоҳад кард.

Аммо ин ҳам боз дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар гузашта ҳар сол аз Қирғизистон ҳудуди 500 млн киловатт/соат ва аз Туркманистон бештар аз 1 млрд киловатт/соат барқ харидорӣ мекард.
XS
SM
MD
LG