Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ҷонибдори таъсиси консорсиуми оби минтақа ҳастем»


Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи муовини вазири энержии Тоҷикистон, ахиран Ҷумҳурии халқии Чин аз иҷрои тааҳҳудоти худ дар робита ба сохтмони неругоҳе дар рӯдхонаи Зарафшон дар Тоҷикистон сарпечӣ кардааст. Пулод Муҳиддинов дар бораи ангезаи ин иқдоми Чин гуфт: «Чиноиҳо аз иҷрои созишнома дар заминаи эҳдоси неругоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зафаршон худдорӣ карданд. Зеро кишвари ҳамсояи мо ба ин тарҳ мудохила кард. Ва таҳти фишор чиноиҳо аз ин тарҳ сарфи назар карданд. Шумо бояд бидонед, ки мо чунин ҳамсоя дорем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки созишномаи миёни Тоҷикистон ва Чин дар мавриди эҳдоси ин неругоҳ дар моҳи январи соли равон дар Пекин миёни мақомоти ду кишвар ба имзо расида буд.

Қобили тазаккур аст, ки ин нахустин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон нест, ки кишвари Узбакистон ба он мухолифат мекунад ва таҳти фишори Узбакистон кишварҳои дигар ва сармоягузорон аз иҷрои тааҳҳудоти худ дар ин тарҳҳо худдорӣ меварзанд. Инчунин, ба иддаои мақомоти Тоҷикистон, созишномаи Тоҷикистон ва ширкати русиии «РусАл» аз соли 2004 дар заминаи сохтмони неругоҳи Роғун низ таҳти фишори Узбакистон иҷроношуда боқӣ монд ва ахиран ба сурати якҷониба Тоҷикистон аз он ихроҷ шуд.

Узбакистон ва Қазоқистон даъво доранд, ки рӯдхонаҳое назири Ому, Сиррдарё ва Зарафшон рӯдхонаҳои фаромарзӣ ҳастанд ва Тоҷикистону Қирғизистон, ки захоири аслии оби минтақаро дар ихтиёр доранд, бидуни машварат бо ҳамсояҳо ҳаққи танзими истифодаи онро надоранд. Ислом Каримов Раиси ҷумҳури Узбакистон дар ин замина аз ҷумла мегӯяд: «Агар шумо санадҳои байнулмилалӣ дар мавриди дарёҳои фаромарзиро бо таваҷҷуҳ мурур кунед, хоҳед дарёфт, ки Сирдарё дарёи фаромарзӣ мебошад. Ва агар ин рӯдхона аз қаламрави Қирғизистон оғоз гирифта ва дар қаламрави он кишвар поён ёбад, касе барои он даъво намекунад. Вале ин рӯдхонаҳои марвиди баҳси мо рӯдхонаҳои фаромарзӣ ҳастанд».

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки оби полезӣ ё обе, ки барои кишоварзӣ масраф мешавад, мол нест, мол танҳо оби ошомиданӣ аст. Ва мо ҳама баробар ҳаққи истифода аз обҳои минтақаро дорем. Аммо газу нафт мол аст. Ва барои истихроҷ ва мавриди истифода қарор додани он сармоя ва неруи корӣ масраф мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон низ тақрибан аз ҳамин мавзеъ сухан мегӯяд ва ҳар гуна муомила дар мавриди танзими истифода аз захоири оби минтақаро рад мекунад: «Масъалаи фурӯши об вуҷуд надорад ва мо барои истифодаи он қасди пардохти ҳеч гуна ҳаққеро надорем. Агар кишварҳои болооб мехоҳанд, ки маҷрои дарёҳоро бибанданд, бигузор кӯшиш кунанд, бубинем, ба чи муваффақ хоҳанд шуд».

Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо сохтани неругоҳҳои барқи обӣ кишвараш қасд надорад маҷрои дарёҳоро ба рӯи ҳамсояҳо бубундад, балки мехоҳад, ки истифода аз манобеъи обӣ ба навъи беҳтаре сурат бигирад: «Вақтҳои ахир дар шабакаҳои электронии ахбор матолиби ғаразноке нашр мешавад. Аз ҷумла мегӯянд, ки Тоҷикистон неругоҳҳои нави барқӣ месозад ва гӯиё ин кор пеши роҳи маҷрои обро гирифта, барои кишварҳои дигар буҳрони танқисии обӣ эҷод мекарда бошад. Ҳар фарди солимфикр медонад, ки неругоҳи барқӣ обро фурӯ намебарад, балки барои гардиши турбинаҳо ва истеҳсоли барқ он бояд пайваста ҷорӣ бошад. Ҳеҷ неруи абарқудрат наметавонад пеши маҷрои обро баста, онро аз ҷорӣ шудан боздорад. Об бояд пайваста ҷорӣ бошад, то неругоҳ кор кунад ва маблағҳои аз ҳисоби неруи барқ бадастомада маблағҳои сарфшударо пӯшонанд. Мо ҷонибдори таъсиси консорсиуми оби минтақа ҳастем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи пеш низ мақомоти вазорати оби Тоҷикистон хостори ҳамкории Узбакистон дар амри мудирияти маҷрои рудхонаҳо ва аз ҷумла соҳилбандии ҳавзаҳо шуданд. Гуфтанист, ки дар замони шуравӣ Узбакистон ва Қазоқистону Туркманистон солиёна ба Қирғизистону Тоҷикистон ба ин манзур кумак мекарданд. Кумаке, ки акнун сурат намегирад.

Аммо акнун суол ин аст, ки Тоҷикистон дар сурати идомаи чунин мухолифатҳои Узбакистон ва Қазоқистон чи гузинае дигар дар ихтиёр дорад?

Як нукта мусаллам аст, ки феълан масъалаи дараҷаи аввал барои Тоҷикистон ҳалли масоили вобаста ба сохтмони неругоҳҳост. Зеро, мегуянд коршиносон, мақомот ба сароҳат дарёфтаанд, ки эҳёи иқтисоди кишвар дар ғайри сурати ин сохтмонҳо номумкин аст.
XS
SM
MD
LG