Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 миллион кВт/соат барқи тоҷик куҷо меравад?


Дар ҳоле, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон далели аслии буҳрони энержӣ дар ин ҷумҳуриро сармои шадид ва масрафи зиёди неруи барқ аз сӯи мардум хондаанд, коршиноси бахши энержӣ Ғуломиддин Сайфиддинов гуфт, ба далели ҳирфаӣ набудани кадрҳо дар ширкати «Барқи тоҷик» теъдоди зиёди барқ барҳадар талаф мешавад, ва ё бо роҳҳои ғайриқонунӣ фурухта мешавад.

Ба гуфтаи оқои Сайфиддинов, барқи аз неругоҳҳои обии дар Тоҷикистон тавлишуда дар фасли зимистон низ ба мардум ва корхонаҳо кифоят мекунад. Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир ронанда ва геолог раёсати идораҳои фуруши «Барқи тоҷик»-ро бар уҳда доранд.

Вале Рашид Гулов, намояндаи ширкати «Барқи тоҷик», ин иддаоҳоро рад кард. Аммо ба ин суол, ки 11 миллион киловатт соат неруи барқ дар шабонарӯз ба куҷо меравад, посух надод. Рашид Гулов дар гуфтугу бо радиои Озодӣ гуфт, неругоҳҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз дар ҳоли ҳозир аз 30 то 32 миллион киловатт соат неруи барқ тавлид мекунанд. Ва ҳамарӯза аз Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон 7 миллиён киловатт соати дигар неруи барқ ворид мешавад, ки дар ҷамъ 37 миллион киловат соатро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Гулов, аз ин миқдор наздик ба 16 миллион киловатт соат неруи барқ ба корхонаи алюминиюми тоҷик – «ТАЛКО» дода мешавад. 5 миллион киловатт соат шаҳри Душанбе, 4 миллион киловатт соат – вилоёти Суғд ва Хатлон ва 1 миллион киловатт соат – навоҳии тобеъи марказ масраф мекунанд, ки дар ҷамъ 26 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад.

Пас суоле матраҳ аст, ки 11 миллион киловатт соат неруи барқи боқимонда ба куҷо меравад? Оқои Гулов қочоқи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷро рад кард ва ба ин миқдор барҳадар рафтани неруи барқро ғайримумкин хонд. Вале аз посухи дақиқ ба ин суол худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Пулод Муҳиддионв, муовини вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ имкони қочоқи беш аз 3 дарсади неруи барқро рад накарда буд.

Ҳамзамон Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди иқтисод, далели аслии буҳрони энержӣ Дар Тоҷикистонро ба адами ҳамоҳангӣ дар миёни вазорати энержӣ ва саноат ва ширкати «Барқи тоҷик» марбут медонад.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистонро зарур аст дар барномаҳои дурнамои иқтисодӣ ва энержӣ таҷдиди назар кунад.Ба эътиқоди вай, вазоратхонаҳои Тоҷикистон ба Академияи улум ва марокизи пажуҳишии илмӣ робита надоранд ва пешинҳодҳои донишмандон ва технологияи ҷадид дар истеҳсолот ворид намешавад.

Вай мутмаин аст, ки дар сурати тавсеаи истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ва истифода аз натоиҷи пажуҳишҳои илмӣ дар мавриди истифода аз захоири табиии энержӣ, аз ҷумла неруи офтоб, бод ва ҳарорати гармчашмаҳо, метавон буҳрони энержиро паси сар кард. Ва ҳамчунин ба кишварҳои хориҷӣ неруи барқро ворид кард.

XS
SM
MD
LG