Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Конфронси исломӣ аз мусалмонони ҷаҳон


Созмони конфронси исломӣ (СКИ) аз мусалмонони ҷаҳон даъват кард, то ба Тоҷикистони дучори сармошуда кумак кунанд.

Дабири кулли СКИ профессор Акмалиддин Иҳсоноғлу аз мусалмонони тамоми ҷаҳон даъват намуд, ки ба яке аз фақиртарин кишварҳои Осиёи марказӣ Тоҷикистон, ки аз сармои беназир зарари зиёд дидааст, фавран кумаки башарӣ фиристанд. Дар эъломияи расмии ин созмон, аз ҷумла, омадааст: «Созмони конфронси исломӣ аз вазъи баамаломада дар Тоҷикистон, ки дучори зимистони сарди ғайриодӣ гардидааст, ҷиддан ба ташвиш омадааст. Ба хоҷагии кишвар зарари ҳангуфте расидааст, қисмати бештари аҳолӣ ба маводди ғизоӣ, сӯзишворӣ, либоси гарм ва дармону мудово эҳтиёҷи шадид дорад».

«Ин мавҷи сардиҳои беназир, ки дар Тоҷикистон дар тӯли ним қарни ахир набуд, ба ҳама соҳаҳои иқтисод таъсири манфӣ дорад ва барои аҳолӣ душвориҳои зиёдеро дар пай дорад. Мардуми кишвар дучори садамаи бузурги иҷтимоъӣ шуда, ба кумаку эътинои кишварҳои узви СКИ ва ҳамраъйии кулли ҷаҳони ислом муҳтоҷ мебошад».

Ба муносибати вазъи дар Тоҷикистон баамаломада профессор Эҳсоноғлу аз умма даъват ба амал овард, ки ба ёрии дучори сармо шудагон оянд. Ӯ ҳамчунин ба муассисоти шаҳрвандӣ ва созмонҳои кумакрасони кишварҳои узви созмон муроҷиъат намуда, хоҳиш намуд, ки ба қадри имкон ба Тоҷикистон кумак расонанд, то душвории мардуми ин кишварро осон созанд.

Дар ҳамин ҳол, котиботи Созмони конфронси исломӣ ҳамроҳ бо Сандуқи ҳамраъйии исломӣ, ба навбаи худ, ба мардуми тоҷик кумаки фаврӣ фиристод.
Дар ҳафтаи гузашта миллионҳо мардум дар Тоҷикистон ба бебарқӣ ва адами оби гарм мувоҷеҳ шуданд. Зербинои фарсудашудаи аз даврони Шӯравӣ боқимонда натавонист сармои ғайриодиро бардорад, ва миллионҳо одамон дар сармову торикӣ ва бидуни оби ошомиданӣ монданд. Ба иттилоъи ҳамин созмон, «қиматҳои болораванда ба маводди ғизоӣ, ҳосили хеле ками солҳои ахир, сармоҳои шадидтарин ва буҳрони энержӣ ба он оварда расониданд, ки мардум дигар наметавонанд бидуни кумаке душвориҳои азими ҳаётиро рафъ намоянд».
XS
SM
MD
LG