Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии хориҷиҳо аз буҳрони энержии Тоҷикистон


Душанбе ҳар шаб ба зулмоти бебарқӣ фуру меравад

Душанбе ҳар шаб ба зулмоти бебарқӣ фуру меравад

Вазорати умури хориҷии ИМА бо назардошти авзоъ дар Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, ки бидуни зарурат ба ин кишвар сафар накунанд.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфтааст, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ба ҷуз камбуди барқ, ҳамчунин мушкили дастрасӣ ба об ва нақлиёт мушоҳида мешавад, маълум нест, ки рӯзҳои наздик дар ин кишвар боз чи мушкилоти дигар пеш хоҳад омад.
Қаблан Канада низ ба шаҳрвандонаш дар ин бора ҳушдор дода буд. Расонаҳои Тоҷикистон низ навиштаанд, ки як қатор созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, тасмим гирифтаанд, Душанберо тарк кунанд. Аммо то ба ҳол дар ин робита иттилоъи дақиқе нест.
Ҳушдори ИМА дар ҳоле мунташир мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон реҷаи интиқоли барқро дар пойтахти Тоҷикистон ба 10 соат дар як шабонарӯз маҳдуд ва дар бақия манотиқи кишвар комилан қатъ кардаанд.
Жаклин Маккенон, сухангӯи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ин як ҳушдори муваққатӣ аст, ки 1 апрел анҷом меёбад ва ба хотири амнияти шаҳрвандони кишвар мунташир мешавад: «Ҳадафи ҳушдор бештар огоҳ кардани шаҳрвандони ИМА аз камбуди барқу ҳавои номусоиди Тоҷикистон аст ва фақат ба онҳое дахл дорад, ки мехоҳанд бидуни зарурат ба инҷо сафар кунанд. Аммо дар ҳоли сафар кардан онҳо бояд масъалаи барқ ва дигар заруриёти мусофиратро ба назар гиранд. Зеро дар манотиқи Тоҷикистон барқ қатъ ва дар Душанбе маҳдудият ҷорӣ шудааст. Аз ин хотир сафорат тасмим гирифт ба мусофирони эҳтимолии кишвари худ ин хабарро расонад».
Хонум Маккенон дар посух ба суоли «Оё ин ҳушдор ба мизони ҷалби сармоя ба Тоҷикистон таъсир намегузорад?» гуфт, ки сармоягузорӣ як масъалаи хеле васеъ аст ва мушкилоти муваққатии Тоҷикистон ба таври кулл ба ин раванд таъсир гузошта наметавонад.
Қаблан ҳукумати Канада низ ба шаҳрвандонаш ҳушдор дода буд, ки бидуни зарурат аз мусофират ба Тоҷикистон даст кашанд. Аммо ин танҳо нигаронии кишварҳои хориҷӣ ва акси садои мушкилоти энержии Тоҷикистон дар хориҷ аз он нест.
Расонаҳои Тоҷикистон ин ҳафта хабар доданд, ки як қатор созмонҳои хориҷӣ ва байнулмилалӣ тасмим гирифтаанд тарки Тоҷикистон кунанд. Чунончи, Бонки ҷаҳонӣ дар пайи кӯчонидани кормандонаш ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон шудааст. Аммо зимни тамос бо радиои Озодӣ намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ин ҳарфҳоро такзиб кард.
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, баъди паҳн шудани ҳамчунин овозаҳо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ намояндагони сафорату созмонҳои хориҷӣ ва байнулмилалиро ба ҳузур хонд: «Як гуфтугӯи бисёр самимӣ буд. Мо ҳатто эҳсос накардем, ки онҳо мувоҷеҳи чи мушкилот ҳастанд. Онҳо гуфтанд, ки омодагии худро барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти бебарқӣ кардаанд ва дастгоҳҳои тавлиди барқро фароҳам сохта, фаъолияти худро идома медиҳанд. Ҳатто онҳо изҳор доштанд, ки дар ин робита ҳар кумаке аз дасташон ояд дареғ нахоҳанд дошт».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG