Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Конфронси исломӣ аз вазъи Тоҷикистон


Шаби сарду бебарқи Душанбе
Шаби сарду бебарқи Душанбе

Созмони Конфронси исломӣ бо интишори як баёния вазъи ба вуҷудомада дар Тоҷикистонро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст.

Дар баёния, ки аз сӯи Акмалиддин Иҳсоноғлу, дабири кулли ин созмон, рӯзи 11 феврал мунташир шуд гуфта мешавад, «Созмони конфронси исломӣ аз вазъи баамаломада дар Тоҷикистон, ки бо зимистони сарди ғайриодӣ мувоҷеҳ шудааст, ҷиддан ба ташвиш омадааст. Ба хоҷагии кишвар хисороти ҳангуфте ворид шуда, қисмати бештари аҳолӣ ба маводди ғизоӣ, сӯзишворӣ, либоси гарм ва дармону мудово эҳтиёҷи шадид дорад».

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки «мавҷи сардиҳои бесобиқа, ки дар Тоҷикистон дар тӯли ним қарни ахир ба мушоҳида нарасидааст, ба ҳама соҳаҳои иқтисод асароти манфӣ гузошта ва барои шаҳрвандони он душвориҳои зиёдеро ба бор овардааст. Мардуми кишвар дучори садамаи бузурги иҷтимоъӣ шуда, ба ёриву эътинои кишварҳои узви ин созмон ва ҳамраъйии кулли ҷаҳони ислом мӯҳтоҷ мебошад».

Дабири кули Созмони конфаронси исломӣ аз ҷомеаи мусалмонии олам даъват ба амал овард, ки оҷилан ба имдоди дучори сармошудагон шитобанд. Ӯ ҳамчунин ба ниҳодҳои маданӣ ва созмонҳои хайрияи кишварҳои узви созмон муроҷиъат намудаааст, ки ба қадри имкон ба Тоҷикистон кӯмак расонанд, то мардум душвории пешомадаро осонтар пушти сар кунанд.

Бар асоси ин баёния Созмони конфронси исломӣ ҳамроҳ бо Сандуқи ҳамраъйии исломӣ қасд дорад дар наздиктарин фурсат кӯмакҳои башарии худро дар ихтиёри мардуми тоҷик гузорад.

Ин дар ҳолест, ки Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ба дархости давлати Тоҷикистон ҷиҳати рафъи авоқиби бӯҳрони энержӣ ва сардиҳои шадиди бесобиқаи зимистон ва ҷилавгирӣ аз идомаи вазъи мавҷуд бархе аз кишварҳо ва созмонҳо посух додаанд. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир аз сӯи Созмони конфронси исломӣ ва Сандуқи ҳамраъйии исломӣ барои бартараф кардани мушкили пешомада ёрӣ дарёфт накардаанд, вале имкон дорад рӯзҳои наздик даъвати дабири кулли ин созмон ҳамовозӣ пайдо кунад.

Аммо дар иртибот ба таваҷҷӯҳи Созмони конфаронси исломӣ ба мушкилоти Тоҷикистон назар ва арзёбии коршиносон мутафовит аст. Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки ин амр дар пайи дархости давлати Тоҷикистон барои дарёфти кӯмак аз ҷомеаи байнулмилалӣ, ки аз сӯи бархе аз кишварҳо дастгирӣ ёфт, сурат гирифтааст. Бархеи дигар бар ин гумонанд, ки мақомоти Эрон Созмони конфаронси исломиро бар нашри ин баёния таҳрик додаанд. Зеро ин созмон ҳатто дар замони ҷангҳои шаҳрвандии Тоҷикистон, ки кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ қазияро аз наздик дунбол мекарданд, эътибор намедод.

Аммо Абдуғафори Камол, таҳлилгари тоҷик, мӯътақид аст, ки сиёсати хориҷии давлати Тоҷикисон дар пайи сафарҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ба бархе аз кишварҳои арабӣ дучори таҳаввул шуда ва барои кишварҳои исломӣ низ дар ин самт ҷойгоҳе ба вуҷуд омадааст.

Дар баёнияи Созмони конфаронси исломӣ ҳамчунин таъкид шудааст, ки зербинои фарсудаи меросӣ аз даврони шӯравӣ натавонист сармои ғайриодиро таҳаммул кунад ва миллионҳо одамон дар сармову торикӣ ва бидуни оби ошомиданӣ мондаанд. Афзоиши баҳои маводди ғизоӣ, ҳосили хеле ками солҳои ахир, сармоҳои шадидтарин ва буҳрони энержӣ ба он овард, ки мардум дигар наметавонад бидуни ёрии оҷили беруна душвориҳои азими зиндагиро рафъ намояд.

Созмони конфаронси исломӣ як созмони байналмилалии мураккаб аз кишварҳои мусалмонист,ки Тоҷикистон баъди фурӯпошии шӯравӣ дар моҳи декабри соли 1992 ба узвияти он пазируфта шудааст.

XS
SM
MD
LG