Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Тоҷикистон ёрӣ мепурсад


Душанбе сардиҳо ва торикиҳои имсоларо ёд надорад

Душанбе сардиҳо ва торикиҳои имсоларо ёд надорад

Давлати Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи зарари сардиву бебарқии имсола дар ин кишвар хостори ёрии таъҷилӣ шудааст.

Сардии бесобиқаи зимистони имсола, якҷо бо камбуди шадиди нерӯи барқ ва гази табиӣ боиси он гардид, ки аксари корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз фаъолият бозмонда, бахши кишоварзӣ низ дучори зарари ҷиддӣ шавад. Бар асоси маълумоти мунташиркардаи бонки миллии Тоҷикистон бар асари сардии шадиди зимистон иқтисоди кишвар ба маблағи 850 миллион сомонӣ, 245 миллион доллар, хисорот бардоштааст.

Дархости расмии давлати Тоҷикистон ба манзури дарёфти кӯмаки таъҷилӣ ҷиҳати рафъи пайомадҳои зиёнбори зимистони қаҳратуни имсола ва ҷилавгирӣ аз идомаи он дар ҷараёни мулоқоти тими иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон бо намояндагиҳои созмонҳои молии байнулмилалӣ дар Душанбе матраҳ шудааст.

Матлубхон Давлатов, мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ, дар ҷараёни ин мулоқот вазъи феълии кишварро бӯҳронӣ ва имконоти дохилии давлат дар баробари мушкилоти мавҷударо нокофӣ арзёбӣ кардаааст. Оқои Давлатов таъкид кардааст, ки асароти манфии вазъияти бӯҳронӣ дар ҳама риштаҳо ҳис мешавад ва дар ҳоли ҳозир масъалаи таъминоти маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ ба манзилҳои зист ва муассисоту корхонаҷот ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Ба таъйиди мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон, зимистони қаҳратуни имсола ҳамчунин ба арсаи кишоварзии кишвар аз ҷумла ба боғоту ангурзор ва заминҳои кишти картошка хисороти ҳангуфт ворид кардааст, ки дар ниҳояти амр бӯҳрони пешомада раванди ислоҳоти иқтисодии кишварро бенатиҷа тамом мекунад.

Дар мулоқот масъулони бахши иқтисодии давлати Тоҷикистон бори дигар бар коҳиши бесобиқаи оби обанбори нерӯгоҳи «Норак» ва заъфи таъминоти неруи барқ ишора карда гуфтаанд, дар чунин шароит давлат ниёз ба кӯмаки берунаро дорад.

Дар посух ба дархости давлат намояндагони созмонҳои молии байнулмилалӣ омодагии худ барои кӯмакро эълом доштаанд. Хусрав Шарифов, масъули бахши кӯмакҳои оҷили Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, гуфт, тайи ду ҳафтаи ахир якҷо бо масъулони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҳукумат намояндагони созмонҳои байналмилалӣ вазъи мавҷударо мавриди баррасӣ қарор доданд. Оқои Шарифов афзуд, созмонҳои молии байнулмилалӣ бо дарназардошти буҳрони пешомада кӯмаки худро ба мардум хоҳанд расонд.

Дархости кӯмаки давлати Тоҷикистон ба кишварҳо ва созмонҳои ёрирасон дар ҳоле садо медиҳад, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз ҷорӣ шудани реҷаи шадидтари интиқоли нерӯи барқ ба пойтахт хабар медиҳад. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ин ширкат, гуфт, давлат тасмим гирифт, шурӯъ аз рӯзи 6 феврал барои сокинони пойтахт ба истиснои иншоотҳои муҳими ҳаётӣ интиқоли неруро боз ҳам коҳиш бидиҳад. Ҳамин манбаъ афзуд, имкон дорад реҷаи нави интиқоли нерӯи барқ то охири моҳи равон идома ёбад. Зеро захираи неругоҳи «Норак» рӯз то рӯз кам мешавад ва кишварҳои ҳамсоя низ ба далели сардӣ имкони интиқоли нерӯи барқи ваъдагӣ ба Тоҷикистонро надоштаанд.

Барои коҳиши шиддати буҳрони мавҷуда давлати Тоҷикистон феҳристи маводи аввалияи мавриди ниёзро таҳия ва ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ёрирасон ироа мекардааст. Ҳамчунин дар ин мулоқот давлат муваззаф шудааст, ки механизм ва ё наҳваи тақсим ва дар дастрасии аҳолӣ қарор додани кӯмакҳоро низ мушаххас кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG