Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои байнулмилал ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъсири бӯҳрони энержӣ ба рӯзгор ва саломатии мардумро таҳқиқ карданд.

Пажӯҳишҳое, ки созмонҳои бонуфуз дар Тоҷикистон анҷом доданд, натиҷагирии ошкоро надоранд. Онҳо аз факту арқом ва назарсанҷиҳо иборатанд. Фақат гузориши кӯтоҳи яксафҳагии яке аз ниҳодҳои Созмони Милал пасманзар ва тафсилоти авзоъи имрузаро рушан мекунад.

Аз руи ададу арқоми ин пажӯҳишҳо вазъи феълии Тоҷикистонро метавон ба кишваре монанад кард, ки ба тозагӣ аз ҷанги шадиде берун шудааст. Аксари кулли корхона ва муассисаҳо кор намекунанд. Нархи маводи ғизо ба таври бесобиқа баланд аст ва аҳолиро рӯҳияи ноумедию раҳгумзадагӣ фаро гирифтааст.

Посухҳои мусбат ба пурсиши ин ки "оё камбуди барқ ба кор ва даромади Шумо асар дорад?"

-- Душанбе -- 63 %
-- Хуҷанд -- 100%
-- Кӯлоб -- 91%
-- Қӯрғонтеппа -- 71%

Дар посух ба пурсиши дигар ба ҳисоби миёна беш аз 90% иқрор кардаанд, ки камбуди неруи барқ мушкили асосии хонаводаи онҳо будааст. Дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, Сайидаҳмад Ҳалимов гуфт, набуди барқ ба дастархони хонаи ӯ зарба задааст: "Зиёда аз ду ҳафта аст, ки барқ надорем ва ҳарчанд дар хона гандум ҳаст, барқ ки нест, наметавонем, онро орд кунем. Нархи орд ба осмон расидааст."

Айни чунин таъсир дар пажӯҳиши Барномаи рушди СММ ва Кумиссюни Аврупо низ оварда шудааст. Ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, 100 %-и бемористонҳо дар Кӯлоб, 50 %-и онҳо дар водии Рашт ва 90 % дар Душанбе бо сабаби камбуди барқ аз оби ошомиданӣ маҳрум гаштаанд.

Аммо ҳеҷ яке аз ин манобеъ бо вуҷуди таҳқиқи осебҳои сармо ва бебарқӣ, аз ҳалокати одамон арқоме наовардаанд, ҳарчанд эҳтимол зиёд будани чунин ҳолатҳоро тазаккур додаанд. Дар бораи марги панҷ кӯдак дар зоишгоҳҳо расонаҳои Тоҷикистон низ хабар дода буданд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт якҷо бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон бебарқӣ ва сарморо сабабгори афзоиши бесобиқаи бемориҳои роҳи нафас ва авҷ гирифтани бемориҳои куҳна медонанд. Онҳо кӯдакони то панҷсола ва пирсолонро осебпазиртарин қишри ҷомеа мешуморанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт асари камбуди неруи барқро дар бемористону дармонгоҳҳо асафбор номидааст. Ҳамаи 448 бемористони кишвар бо ин мушкил рӯбарӯянд ва бӯҳрони энержӣ аз гарм кардани утоқҳо гирифта, то амалҳои ҷарроҳӣ, таҳқиқоти лабораторӣ, ренгтгену покнигаҳдории таҷҳизоту дорувор ва таҳияи хӯроки беморон таъсир кардааст.

Интиқоли доимии барқро ба бемористон, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ягона роҳи беҳбуди вазъ мешуморад, аммо онҳое, ки дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қурғонтеппа ба пурсишҳои Барномаи рушди СММ ва Кумиссюни Аврупо посух додаанд, инҳоро роҳи ҳалли мушкил меноманд:

-- Сармоя
-- гуногунии манбаъҳои тавлиди нерӯи барқ
-- таъмини беҳтари аҳолӣ бо газ аз тариқи лулаҳо ва баллонҳо
-- афзудани аккумулятор ё анбоштгарони барқ
-- эҳёи шабакаи марказии гармидиҳӣ
-- раҳбарӣ ва идораи босалоҳияти ин риштаҳо
-- бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ
-- фурӯши густардаи ҳезуму ангишт
ва ҳатто тарки кишвар.
XS
SM
MD
LG