Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки манзилҳои сокинони вилояти Суғд аз гази табиӣ маҳрум аст, шурӯъ аз 1-уми октябр ҷорӣ шудани тартиби интиқоли барқ аз рӯи меъёр қисмати умдаи одамонро мисли инки аз садаи 21 ба асрҳои миёна ворид кард.

Акнун ҳамагон оташдон ва бухориҳои барқиро канор гузошта, рӯ ба бухориву оташдонҳои бобоӣ оварданд. Ва ин вазъ бадеҳист, ки бозори бухорифурӯширо равнақ додааст.

Гулчеҳра, як устоди Донишгоҳи Хуҷанд, мегӯяд, ки вай моҳе ҳамагӣ 130 сомонӣ маош мегирад ва акнун дар остонаи фасли сармо ҳайрон аст бо ин маблағи ночиз чи тавр як бухорӣ, ки қиматаш ахиран ба 300 сомонӣ (муодили 87 дуллор) расидааст, ва барои он сузишворӣ бихарад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти вилоят аз баҳор ба ин сӯ ҳамвора аз омодагӣ ба зимистон ва боз кардани нуқтахои нави фурӯши ангишт ба аҳолӣ ҳарф мезаданд. Аммо мардум мегӯяд, ки афзудани нуқтаҳои ангиштфурушӣ болоравии нархи онро аслан нигоҳ надоштааст.

Маърифат-хола, як сокини деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд дунболи бухории арзонтаре буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ бо таассуф изҳор кард, ки «3 соат интиқоли барқ дар як шабонарӯз ҳаргиз наметавонад дили сарди мардумро гарм кунад».

Ҳамин тариқ, ворид кардани режими меъёри барқ бо дучанд кардани мушкили зиндагии сокинони вилояти Суғд онҳоро сахт нороҳату норозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG