Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таваҷҷуҳи дубораи амрикоиҳо ба "Фон-Яғноб"


Коршиносони амрикоӣ масоили марбут ба арёбии фаннию иқтисодии чанд пружаи энержии Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

Ожонси тиҷорат ва рушди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қасд дорад, ки дар моҳи марти соли равон лоиҳаи тавофуқномаи ҷадид оид ба арзёбии фаннию иқтисодии кони ангишти Фон-Яғноб дар ноҳияи Айнӣ ва нерӯгоҳи «Помир-2» дар шарқи Тоҷикистонро ба ҳукумати ин кишвар ирсол мекунад. Дар ин бора ба радиои Озодӣ аз вазорати энержию саноат иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, Амрико барои баргузории умури марбут ба арзёбиҳои фаннию иқтисодии пружаҳои мазкур ба Тоҷикистон маблағе ихтисос хоҳад дод, аммо ҳаҷми ин кӯмаки молии билоиваз ҳанӯз эълом намешавад. Сафорати Амрико дар Душанбе ин хабарро тасдиқ ё такзиб намекунад.

Ахиран коршиносони Ожонси тиҷорат ва рушди Амрико бо ҳадафи анҷоми дидору мулоқот бо мақомоти зирабти Тоҷикистон вориди Душанбе шуда буд. Мавзӯъи аслии гуфтушунидҳо шурӯъи арзёбиҳои фаннию иқтисодии пружаи муштараки коркарди кони ангишт ва бунёди нерӯгоҳ дар маҳалли Фон-Яғноб буд.

Дар дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе дар ин иртибот гуфтанд, «агар Тоҷикистон барои коркарди кони ангишти Фон-Яғноб ва бунёди нерӯгоҳ, ки бо ангишт кор мекунад, сармояи лозим ҷалб карда тавонад, нерӯгоҳи мазкур метавонад аз 1200 то 1500 мегаватт нерӯи барқро барои сокинони ин кишвар ва ҳам барои содирот ба Афғонистону Покистон истеҳсол кунад. Асосноккунӣ ва ё баҳодиҳии техникӣ-иқтисодӣ, ки аз сӯйи Ожонси тиҷорат ва рушди ИМА маблағгузорӣ мешавад, ба Тоҷикистон дар ҷалби чунин сармоягузорон кӯмак карда метавонад».

Гурӯҳи коршиносони амрикоӣ инчунин фоидаи эҳтимолии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи «Помир-2»-ро баҳогузорӣ кард. Лоиҳаи мазкур бунёди як гурӯҳ нерӯгоҳҳои хурди барқи обии аз 60 то 100 магаваттаи Сонобод ва тақсимоти барқро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистон дар назар дорад.

Ёдрас мекунем, дар гузашта ширкати амрикоии АЕС муваффақ ба он шуда буд, ки барои бунёди нерӯгоҳи ҳароратӣ дар кони ангишти Фон-Яғноб ба иқтидори ҳазор мегаватт иҷозаи ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кунад. Ширкати мазкур қасд дошт, дар марҳилаи аввали фаъолияташ то як миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузорад.

Аммо ба иллати то ахир норӯшан, фаъолияти ширкати энергетикии АЕС дар Тоҷикистон дар аввали боздошта шуд. Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар як нишасти хабарӣ дар поёни моҳи январ, бо изҳори таассуф аз тавқифи кори ин ширкати амрикоӣ, қавл дода буд, омилҳои қатъи фаъолияти онро таҳқиқ мекунад. Оқои Зарифӣ гуфт, дар гузашта барои ҷалби ширкати АЕС ба Тоҷикистон худи ӯ хеле талош ба харҷ додааст ва бо ҳадафи эҳёи равобит раҳбарияти ин ширкат ба Душанбе даъват шудааст.

XS
SM
MD
LG