Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҳангарони Истравшан аз имтиёзҳои андоз бенасиб мондаанд. Мақомот мегӯянд, касе арз накард. ВИДЕО


Қаҳрамон Муҳсинов оҳангар аз Истаравшан
Қаҳрамон Муҳсинов оҳангар аз Истаравшан

Оҳангарон дар Истаравшан мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ 3 сол пеш косибонро аз пардохти андоз ё молиёт озод кард, вале онҳо аз ин имтиёз бенасиб мондаанд. Онҳо гуфтанд, ба мисли гузашта пули патенту иҷораи дӯконҳоро мепардозанд. Масъулони бахши фарҳанги ҳукумати Истаравшан мегӯянд, мушкили ҳунармандонро баррасӣ хоҳанд кард.

Истаравшан бо растаи оҳангарону кордсозони худ маъруф аст. Дар ин раста ҳудуди 20 дӯкон боз аст ва аз субҳ то шом дар рӯ ба рӯи кӯраи тафсон путк ба оҳан мезананд.

"Дастатон ҷунбад, ба даҳанатон чизе меёбед"

Бобоҷон Неъматов аз сулолаи оҳангарон аст. Вай ин касбро дар Истаравшан дар хурдсолӣ аз падар мерос гирифтааст. Дар асри 21 ӯ ва ҳамкасбони дигарашро ҳифзи ҳунари бобоӣ ва аз даст надодани ҷои кор ангеза медиҳад.

Аммо қисме аз оҳангарон тарки пеша кардаанд. Ӯ мегӯяд, агар мақомот ба ҳампешагонаш дар пардохти андоз имтиёз надиҳанд, эҳтимол ин навъи косибӣ аз байн меравад.

Неъматов гуфт: “Вақте бача будам, ин ҷо дӯкони бисёр буд. Лекин ҳамаи он устоҳо рафтанд. Чунки шароитро муҳайё накарданд. Барои ҳамин, фарзандон касби моро аз худ намекунанд. Моро аз патент озод кунанд, ҷой диҳанд, он вақт ин касб гум намешавад. Соли ҳунармандон шуду ҳунармандони касбу корҳои қадимӣ аз андозу патент озод гуфтанд. Лекин ду сол шуд, ки бо патент кор мекунем."

Ба нақли оҳангарон дар Истаравшан, сабукӣ ва имтиёзҳоеро, ки ҳукумати Тоҷикистон се сол пеш ба хотири рушди ҳунарҳои халқӣ эълон карда буд, ҳанӯз дарёфт накардаанд. Онҳо мегӯянд, мақомот мисли пештара аз онҳо пули патенту иҷора ва андоз мегиранд.

Чаро оҳангарони Истравшан аз имтиёзҳои андоз бенасиб монданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Қаҳрамон Муҳсинов, яке оҳангарон мегӯяд, ваъдаи раисҷумҳурро ҷиҳати озод шудани косибон аз пардохти андоз аз телевизион шунида, хурсанд шуд, аммо мақомоти маҳаллӣ дастури президентро ба гунаи дигар татбиқ кардаанд.

Ӯ гуфт: “Худи Ҷаноби Олӣ аз телевизор гуфтанд, ки дар солҳои ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандон аз андоз озод карда шаванд. Вале масъулон мегӯянд, не, агар одамон кори ҳунармандиашонро дар хона кунанд, баъд аз андоз озод мешаванд. Мо агар ин корро дар хона кунем, ҳеҷ харидор намёбем."

Масъулони бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан мегӯянд, сабаби нобаробарии ҳунармандон дар дастрасӣ ба имтиёзҳо ба онҳо маълум нест. Зеро дар ин минтақа ҳунармандон зиёданд, вале ягон нафари онҳо барои ҳалли ин мушкил ба мақомот муроҷиат накардааст.

Шаҳло Назарова, мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Истаравшан, мегӯяд, борҳо бо косибон суҳбат доштанд, аммо онҳо дар бораи ҷой доштани чунин мушкил лаб накушодаанд.

“Ба наздашон меравем, мепурсем, ки ба ҳунармандон чӣ гуна имтиёзҳо пешниҳод карда шудааст. Бояд худи онҳо ҳам барои ҳалли мушкилашон ба мо муроҷиат мекарданд",-- иброз дошт Назарова.

Вале ҳунармандони растаи оҳангарони Истаравшан мегӯянд, каблан борҳо ба ҳукумати шаҳр арз карда буданд. Тахмин мезананд, ки шояд масъулони бахши фарҳанг, ки тоза сари кор омадаанд, аз ин мушкил хабар надоранд.

Аз андозу хароҷоти расмӣ озод нашудани ҳунармандон дар ҳолест, ки рақобат дар бозори имрӯза сахт аст. Масалан, як корди хуби дастисохт аз 40 то 400 сомонӣ нарх дорад. Дар ҳамин бозор корди тавлиди Чин арзонтар аст. Кордҳои арзон, вале ба гуфтаи оҳангарон “пастсифати Чин” барои муддати бозори маҳслуоти онҳоро сард кард.

Муродҷон Юсуфов, оҳангаре аз Истаравшан мегӯяд, бо гузашти вақт сокинон рӯ ба сифат оварданд ва дубора маҳсули заҳмати дасти онҳоро мехаранд.

"Ҳозир харидорон асбоби хитоиро намехаранд, ҳарчанд меҳнати асбоби мо зиёд аст, талабот ба он зиёд аст. Масалан, ҳамин тешаро аз Хитой меоранд, тез мешиканад, вале аз мо зиёд тоб меорад. Зеро мо тешаи оҳаниро зиёд мекӯбем ва чандир мекунем. Мардум дар аввал ба сабаби арзонӣ аз они чиниҳоро харид, аммо ҳоло фарқашро фаҳмидааст", -- гуфт Юсуфов.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2018 – 2021-ро “солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард ва ҳунармандон низ ин ташаббусро ба хотири эҳёи касбу ҳунарҳои халқӣ писандиданд. Аммо оҳангарони Истаравшан мегӯянд, аз ин имтиёзҳо маҳрум кардани онҳо бо баҳонаи на дар хонаи шахсӣ кор карданашон дуруст нест, чунки онҳо ба сабукиҳои давлатӣ ниёзи бештар доранд.

XS
SM
MD
LG