Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳсули дасти оҳангарони Истаравшан натанҳо дар дохил, балки берун аз он низ шӯҳрат дорад. Баъзе аз шамшеру кордҳои сохтаи устоҳои истаравшанӣ ба раҳбарони баъзе аз ҷумҳуриҳо ҳадя шудааст.

Дар зарфи чанд садсола дар Истаравшан ҳунари оҳангарӣ аз падарон ба фарзандон мерос монда ва оҳангарон корду шамшер ва ханҷар месозанд. Кордҳои Истаравшан дар сартосари Тоҷикистон шӯҳрат доранд. Ин кордҳо бо зебоӣ, ороишот ва сиккаҳои худ фарқ карда ва қиматашон аз 5 то 10 доллари амрикоист. Умдатан ин кордҳоро ошпазу қассобҳо харидорӣ мекунанд.

Вале дар баробари ин корду шамшерҳои махсус низ омода мешаванд, ки қиматашон болост ва онро асосан барои туҳфа мегиранд.

Шамшер, ханҷар ва сипарҳои устои истаравшанӣ Абдуманнон Ҳусейнзода дар ҷаҳон маъруф аст. Маҳсули дасти ӯро раҳбари давлати Тоҷикистон ба раисони ҷумҳуриҳои Туркманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Эрон ва кишварҳои дигар ҳадя кардааст.

Ҳунари оҳангарӣ бо мурури садсолаҳо аз падару бобо ба фарзандон ба мерос мерасад. Шерзод аз 12-солагӣ аз падараш ҳунари оҳангариро омӯхтааст. Ҳоло ӯ 25 сол дорад. Шерзод мегӯяд, ҳанӯз ба бештари асрори ҳунари оҳангарӣ даст наёфтааст. Ҳар ҳунарманди истаравшаниро аз рӯи маҳсулоташ мешиносанд. Зеро корди ҳар оҳангар нақшу нигори хоси худро дорост.

Дар канори гудохтану истифодаи оҳан оҳангар бояд ҳунари коркарди устухону чӯб барои дастаи кордро низ дошта бошад. Маъмулан онҳо аз устухони гову оҳу ва чӯби дарахти чормағз истифода мекунанд. Ҳамчунин, оҳангарон бояд аз асрори ҳунари суфтагару заргар воқиф буда ва сангҳои нимагаронбаҳоро ба дастаи корд часпонанд.

Гузориши муфассал аз кори оҳангарони Истаравшан дар “Настоящее время”:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG