Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз рангмолӣ, кӯҳантарин ва сердаромадтарин касби сокинони кӯчаи Якуми майи Кӯлоб, ҳоло дигар ному нишоне боқӣ намондааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки то нимаи солҳои навадуми асри гузашта дар ин маҳалла рангмолон, ресмонбофон ва беҳтарин ҳунармандони мардумӣ зиндагӣ мекарданд.

Майс Темурова, як тан аз занони ҳунарманди ин маҳалла мегӯяд, аз ҳисоби рангмолӣ, ресмонбофӣ ва дӯхтани нақшу нигор сокинони ин маҳалла зиндагии хубе доштанд. Онҳо барои тамоми сокинони минтақаи Кӯлоб ресмонҳои ранга Зебуниссо Мирзоева

Зебуниссо Мирзоева

барои дӯхтани матоҳои нақшин омода мекарданд. Аммо хонум Темурова мегӯяд, бо фавтидани бузургсолон ва пур шудани бозорҳои маҳаллӣ аз матоҳои чинӣ ин касб аз пешаи пурдаромаду пурифтихор ба як касби нолозим табдил ёфт:

«Ҳоло бо баромадани чизҳои хитоӣ ин чиз аз байн рафтааст. Ҳозир ҳазор намуд рангу абрешим баромадааст. Калонтарҳо ҳам мурданд ва хурдтарон диданд, ки ин касб камдаромад аст, дигар давом надоданд.»

Зебуниссо Мирзоева, сокини дигар ин маҳалла мегӯяд, ҳоло дар ҳавлиҳои кӯчаку танг пас аз ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии вазнине доранд:

«Пештар зиндагиамон хуб буд, ҳоло маро фишорам баланд шуда, маъюб шудаам ва ҳеҷ коре карда наметавонам. Дар ҳавлии хурд бо фарзанду наберагони бисёр боз зиндагӣ мушкилтар аст.»

Сокинони ин маҳалла аз камтарин тоҷире буданд, ки касби худро идома медоданд. Ҳамидулло Валиев, як сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, замони Шӯравӣ сокинони ин маҳалла низ зери фишор қарор доштанд, зеро низоми вақт чунин тиҷоратро ғайриқонунӣ медонист:

Ҳамидулло Валиев

Ҳамидулло Валиев

«Дар он давраҳо милисаҳо намегузоштанд, то маҳсулотро савдо кунанд. Мардум маҷбур буд, пинҳонӣ рафта дар деҳот рангу нақшҳои дӯхтаи худро ба савдо гузорад. Он вақт мардум маблағ ҳам надошт ва ба гандуму дигар зироат доду гирифт мекарданд.»

Ба мисли маҳаллаи рангмолон қаблан дар Кӯлоб маҳаллаи чармгарон, оҳангарон ва нонбой мавҷуд буд, ки сокинонаш бо ҳунармандӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳоло ин маҳаллаҳо танҳо ба ном вуҷуд доранду халос.
XS
SM
MD
LG