Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Деҳаи Аштро дар гузашта ва ҳоло маҳалли оҳангарон ном мебаранд. Усто Маъмурҷон ва писараш дар инҷо ба сохтани табари “русӣ” машғуланд. Дар фасли сармо талабот ба ин табар зиёд мешавад.

Усто Маъмурҷон 30 сол боз оҳангарӣ мекунад ва мегӯяд, ки ин касбро аз гузаштаҳояш мерос гирифтааст. “Моро падарамон бо дуои “арвоҳи пир” фотиҳа дода, барои идомаи ин касб талқин карда буданд. Мегуфтанд, ки шуморо бо путку сандон ва оташи бобоӣ устухонатонро сахт кардаем (яъне калон кардаем) ва шумо низ бояд ба наслҳои хеш ин касбро бирасонед.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Носозгориҳои рӯзгор сабаб шуд, ки баъзеҳо аз ҳунари оҳангарӣ дур шудаву ба муҳоҷират рафтанд. Акнун коре бояд кард, то онҳо дубора баргарданд ва пешаи худро давом диҳанд.

Мисли Усто Маъмурҷон дар 12 маҳаллаи деҳаи Ашти ноҳияи Ашт оҳангарон ҳастанд. Онҳо бештар аз 50 навъи олоти рӯзгорро таҳия мекунанд, ки мардум ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Сулаймон Азимӣ, муаллифи китоби “Ворисони Коваи оҳангар” мегӯяд, дар ҳар кӯчаи деҳаи Ашт тақрибан 60-70 дар сади сокинонаш дар гузашта оҳангар будаанд.

Вай афзуд, “ҳоло низ ворисони онҳо ин касбро нафақат дар худи Ашт, балки дар водии Вахш, дар баъзе минтақаҳои Узбакистон, ҳатто тибқи маълумоти мо дар Афғонистону Эрону Арабистони Саудӣ идома медиҳанд. Ба наздикӣ боз як иттилое дарёфт кардем, ки чанд оила аз деҳаи Ашт дар яке аз аёлатҳои Амрико кори оҳангариро ба роҳ монданӣ ҳастанд.”

Дар растаи фурӯши маҳсулоти оҳангарӣ асосан досу табару теша ва олоти гуногунро бо бренди “Ашт”, ки дар ҳар як асбоб навишта шудааст, мефурӯшанд. Ба инҷо харидорон ба сабаби арзонтар будани ин навъи лавозимоти рӯзгор аз дигар минтақаҳо низ меоянд.

Ҷӯрабек, яке аз фурӯшандаҳо, гуфт, “ҳар як асбобу олоти фурӯшии мо назар ба бозорҳои дигар минтақа ҳадди ақалл аз 5 то 10 сомонӣ арзонтар аст. Барои мисол, агар мо табарро ба 25 сомонӣ фурӯш дар дигар ҷой ҳадди ақалл аз 35 то 40 сомонӣ нарх дорад.”

Рӯзи 23 октябри имсол даҳҳо оҳангар дар ҳамоише дар ноҳияи Ашт гирди ҳам омаданд ва барои рушди оҳангарӣ ва эҳёи маҳфили "Арвоҳи пир" ё "камарбаста", ки дар гузашта маъруф буд, гуфтӯгу карданд.

Насибҷон Амонӣ, хабарнигор ва паӯҳишгари анъанаҳои мардумӣ гуфт, “ҳоло дар Ашт ривоҷи ҳунари оҳангарӣ мисли сад соли пеш нест ва каме шумори оҳангарон костааст. Чун носозгориҳои рӯзгор сабаб шуд, ки баъзеҳо аз ин ҳунар дур шудаву ба муҳоҷират рафтаанд. Акнун коре бояд кард, то онҳо дубора баргарданду пешаи худро давом диҳанд.”

Дар ҳамоиш се шогирд аз устодони худ касби оҳангариро қабул карда, аз роҳнамоёнашон ҷомаву камарбанд гирифтанд, то ин касби бостониро ҳифз кунанд ва ба дигарон мерос гузоранд.

XS
SM
MD
LG