Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳҳо оҳангар дар ҳамоише дар ноҳияи Ашт, шимоли Тоҷикистон, гирди ҳам омаданд. Насибҷон Амонӣ, хабарнигор ва пажӯҳишгари анъанаҳои мардумӣ, рӯзи 23 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамоиш фақат аз деҳаи Ашт 130 оҳангар иштирок доранд. Ба маҳфил, инчунин, оҳангарони Узбакистон, Қазоқистон ва Русия даъват шудаанд.

Маҷид ном оҳангар гуфт, бо вуҷуди ба бозор роҳ ёфтани даҳҳо навъи маҳсулоти чинӣ ҳанӯз эътимод ба кори дастии онҳо аз байн нарафтааст.

Насибҷон Амонӣ аз соли 1997 то 2002 дар бозори Алмаатои Қазоқистон ба фурӯши маҳсулоти оҳангарӣ машғул будааст ва мегӯяд, ки аз он вақт то кунун ба шодиву ғами оҳангарон шарик аст. Ӯ гуфт, ҳамоиши оҳангарон дар ноҳияи Ашт бори дувум баргузор мешавад.

Ҳамин матлаб бо забони русӣ дар инҷост

"Бори аввал чунин маҳфил бо ташаббуси Усто Бахтиёр соли 1993 баргузор шуда буд. Баъди 23 сол тасмим гирифтем, ки ин маҳфилро зинда кунем. Оҳангаронро сарҷамъ кунем ва маҳсулоташонро таблиғ намоем. Ин пешаи аҷдодии мост ва набояд аз байн равад. Фақат хостем, дар ин маҳфил ҳунармандону намояндагони ҳукумат ва адибон низ иштирок кунанд", - гуфт ӯ.

Насибҷон Амонӣ

Насибҷон Амонӣ

Дар ҳамоиши рӯзи 23 октябр се шогирд аз устодони худ касби оҳангариро қабул карда, роҳнамоёнашон ба онҳо ҷомаву камарбанд хоҳанд дод. Насибҷон Амонӣ мегӯяд, дар гузашта ин маҳфил бо номи "Арвоҳи пир" ё "камарбаста" ҳам маъруф буд: "Баъзе порчаҳо аз рисолаи оҳангарӣ ҳам хонда мешавад. Ба ҷавонҳо маслиҳату роҳнамоиҳо дода мешавад. Чунки оҳангар пеш аз ҳама бояд накӯахлоқ бошад."​

Ҳоло дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт ду маҳаллаи маъруф ба гузари оҳангарон мавҷуд аст, ки ҳангоми убур аз кӯчаҳояш тақрибан аз ҳар хона садои ба ҳам хӯрдани оҳан берун меояд. Ин оҳангарон асосан досу табару теша ва олоти гуногунро омода карда, дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба фурӯш мегузоранд.

Дар солҳои 70 ва 80-уми қарни гузашта оҳангарӣ дар ноҳияи Ашт хеле рушд ёфта будааст, чун оҳангарон барои вилоятҳои Узбакистони ҳамсоя низ асбобу колои рӯзгор таҳия мекарданд. Аммо баста шудани марзҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон баъди урӯпошии Шӯравӣ ба ривоҷи ин ҳунар таъсир гузоштааст.

ВИДЕО: Чаро ҷавонон оҳангариро пеша мекунанд?

Маҷид ном оҳангар мегӯяд, ба болои ин даҳҳо навъи маҳсулоти чинӣ бо нархи арзон ба бозор роҳ ёфта, то ҳадде ба кори онҳо латма заданд, вале натавонистанд, аз байн баранд. Ӯ гуфт, ҳанӯз эътимоди сокинон ба кори дастии онҳо аз байн нарафтааст ва ин бовар онҳоро ба идомаи оҳангарӣ дилгарм мекунад.

"Чандин сари сол аз оҳангарӣ нон хӯрдам. Гоҳе вақт мегӯӣ, кори сердаромаде нест ва бояд бигузориву биравӣ. Аммо чаро бояд ин касбро бигузорем? Одамон мефаҳманд, ки маҳсулоти дастии мо беҳтар аз маҳсулоти арзони чинӣ аст. Чанд сол пеш одамон аз маҳсулоти арзони чинӣ мехариданд, ҳоло дубора ба назди мо меоянд ва тешаву табару каланд ва маҳсулоти дигарро фармоиш медиҳанд", - мегӯяд ӯ.

Оҳангарӣ аз пешаҳои қадимии тоҷикон аст. Бино ба маъулмоти Википедия, сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ будааст. "Дар гузашта устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар ҳар шаҳру деҳа мавҷуд буд. Оҳангарӣ аз 41 ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигаре фарқ дорад, яъне устои каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкӯб, кордсоз, қуфлсоз ва амсоли ин", - таъкид шудааст дар Википедия.

Ҳоло оҳангарӣ ба ҷуз аз Ашт дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Панҷакенту Спитамен ва Истаравшану Кӯлоб низ равнақ дорад. Бахусус, маҳсули дасти оҳангарони Истаравшан натанҳо дар дохил, балки берун аз он низ шӯҳрат дорад. Дар зарфи чанд садсола дар Истаравшан ҳунари оҳангарӣ аз падарон ба фарзандон мерос монда ва баъзе аз шамшеру кордҳои сохтаи онҳо ба раҳбарони баъзе аз ҷумҳуриҳо низ ҳадя шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG