Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони бузургтарин шифохона дар Кӯлоб (ВИДЕО)


Кӯлоб дар ниҳоят соҳиби шифохонаи замонавӣ мешавад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Дар шаҳри Кӯлоб бузургтарин беморхонаи муосир бо сармояи давлати Олмон бунёд хоҳад шуд. Ба қавли масъулони соҳаи тиб, ин ягона беморхонаи бузург дар ҳудуди вилояти Хатлон хоҳад буд, ки метавонад дар сатҳи кишвар ва берун аз он хадамоти беҳдоштиро ба роҳ монад.

Бемористони нав дар масоҳати 4 гектар дар маркази шаҳри Кӯлоб бунёд ёфта ва аз таваллудхона, бахши эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, қалб ва маркази ташхису муоина иборат хоҳад буд.

Амиралӣ Миралиев, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, рӯзи 24 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, музояда (ауксион) барои сохтмони ин иншоот баргузор шудааст ва, қарор аст, бо сармоягузории Олмон корҳои сохтмонӣ тобистони соли оянда шурӯъ шавад. Ба қавли Миралиев, ҳазинаи сохтмони ин бемористон миллионҳо доллар буда, Олмон муваззаф шудааст, ки бемористонро бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ низ таъмин намояд.

"Сохтмони ин беморхона бояд то соли 2018 ба итмом расад. Дар ҷумҳурӣ шояд бузургтарин марказ ба ҳисоб равад”, - гуфт ӯ. Амиралӣ Миралиев афзуд, ҷониби Олмон барои омода кардани мутахассисони маҳаллӣ низ дар доираи ин тарҳ кумак мерасонад. Аз ҳоло теъдоде аз пизишкони Кӯлоб ба Олмон рафта, таҷрибаи тибби ҷаҳониро аз худ мекунанд. Ба қавли дастандаркорони ин тарҳ, баъди мавриди истифода қарор гирфтани он беш аз 500 мутахассиси ҷавон бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Бинои бемористони Кӯлоб
Бинои бемористони Кӯлоб

Бемористони нав дар масоҳати 4 гектар дар маркази шаҳри Кӯлоб бунёд ёфта ва аз таваллудхона, бахши эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, қалб ва маркази ташхису муоина иборат хоҳад буд. Ҳамчунин, Маркази бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ низ шомили ҳамин бемористон аст.

Иддае аз сокинон аз бунёди бемористони нав дар шаҳри Кӯлоб истиқбол карданд. Ҷаҳонгир Рустамов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, гуфт, дар сурати сохта шудани бемористон ва вуруди таҷҳизоти муосир пизишкон барои табобати муштариён мушкил нахоҳанд дошт. Дар минтақаи Кӯлоб бемористонҳо аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда ва таҷҳизоту дастгоҳҳо низ мероси Шӯравиянд.

Бунёди бемористони бузургу замонавӣ дар Кӯлоб дар ҳолест, ки бештари маврид сокинон барои табобати худу пайвандонашон ба шаҳри Душанбе ва ҳатто берун аз Тоҷикистон мераванд. Зӯҳро Бобоева, як сокини Кӯлоб, гуфт, ӯ барои табобати писари маъюбаш ба пизишкони шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст ва дар баробари он ки борҳо аз Кӯлоб ба пойтахт сафар мекунад, ҳамзамон пули зиёдро низ барои табобат харҷ менамояд. Бобоева сабаби инро дар набудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар беморхонаҳои Кӯлоб донист.

Саид Аламов
Саид Аламов

Саид Аламов, сардухтури Маркази санитарӣ – эпидимологии Кӯлоб мегӯяд, баъзе аз бемориҳо, аз ҷумла “вараҷа” тайи ду соли ахир дар минтақаи Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст, ки мутахассисони соҳаи тиб манбаи онро Афғонистон медонанд. Аз сӯи дигар, бемории сил низ дар минтақа, ба хусус навоҳии Восеъ ва Ҳамадонӣ мояи нигаронист ва бояд ба манзури рафъи ин бемориҳои сироятӣ бояд бемористони замонавию муосир сохта шавад.

Ҳамзамон коршиносон бемористони навро барои ба табобат фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистони ҳамсоя низ муҳим медонанд. Зеро муддати чанд соли охир иддае аз шаҳрвандони шимоли Афғонистон ба бемористонҳои ҷануби Тоҷикистон оварда шуда ва таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд. Имсол танҳо дар бемористони марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 145 шаҳрванди шимоли Афғонистон табобату ҷарроҳӣ шудаанд.

Кӯлоб севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст ва дар минтақаи Кӯлоб беш аз 1 миллион аз аҳолии кишвар ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG