Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи мубтало шудан ба бемории таби хунин (лихорадка) як сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон фавтида ва 6 тани дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Масъулони Бемористони марказии ноҳияи Қубодиён рӯзи 8 август бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфтанд, фарде, ки бар асари бемории таби хунин (лихорадка) фавтид, Ҷаъфар Фармонови 25-сола будааст. Ба гуфтаи онҳо, шаш тани дигар, ки ҳамакнун дар бемористон қарор доранд, таҳти муроқибати пизишкон ҳастанд.

Чорӣ Ҳимматов, сардори бахши санитарию эпидемиологии беморхонаи ноҳияи Қубодиён, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "Ҷаъфар Фармоновро кана газидааст ва ду рӯзи пеш ӯро ба беморхонаи ноҳияи Шаҳритус бурданд. Вай дар ҳамон ҷо ҷон додааст."

Ин дар ҳолест, ки тахминан як моҳ пеш бар асари ҳамин беморӣ Фотима Қосимова ва Сафархон Шарифов – ду сокини дигари ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон низ дар бемористон ҷон дода буданд. Мақомоти Бохтар 14 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буданд, ки Фотима Қосимова 48 сол дошта, Сафархон Шарифов ҳамагӣ 17-сола буд ва дар синфи даҳум мехонд.

Сайдулло Маллазода, сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Хатлон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, бемории хатарбори таби хунин рӯзи 5 июл дар ноҳияи Бохтар сабт шуда, то кунун тамоми талошро кардаанд, ки миқёси ин беморӣ васеътар нашавад.

Ӯ афзуд, “ҳоло дар ҳама шаҳру навоҳии минтақа бо мардум кор мекунем. Мардумро аз хатари ин беморӣ огоҳ карда ва ба онҳо мефаҳмонем, ки чигуна бояд худро эмин доранд ва ё дар ҳолати гирифторӣ зуд ба пизишкон муроҷиат кунанд.”

Пизишкон бемории таби хунинро аз қабили бемориҳои хатарноки сироятӣ унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, ба ҳангоми гирифтор шудани инсон ба ин беморӣ агар нафари сироятёфта дар муддати 3-5 рӯз зери назорат гирифта нашавад, ба марг рӯ ба рӯ мешавад.

Сайдулло Маллазода гуфт, ки сарчашмаи сирояти таби хунин ҷонварони бемор аст. Соли гузашта бо ҳамин диагноз 14 нафар ба духтур муроҷиат кардаанд. Вай гуфт, ки кор бо сокинони маҳаллӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин сироят идома дорад. Ҷӯрабой Саидов, сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии тиббии вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар баробари масъулини соҳаи тиб, худи сокинон ҳам бояд аз эҳтиёти зиёд кор бигиранд ва дар сурати ошкор шудани нишонаҳои беморӣ дар ҷонвари хонагӣ ё чорвои саҳро ва рама, ҳайвони маризро ҷудо карда, ба табибон муроҷиат кунанд. Вай гуфт: "Ин беморӣ, ки аз чорво пайдо мешавад, аз беэҳтиётии мардум густариш меёбад. Ҷои хоби мардум гоҳо наздик бо чорво аст ва ё дар саҳро чорводорро кана мегазад ва аз беаҳамиятӣ дер ба духтур муроҷиат мекуанад. Масъулияти соҳаи тандурустӣ низ хеле зиёд аст".

Масъулин мегӯянд, ки ҳодисаҳои гирифторӣ ба таби хунин дар вилояти Хатлон ду соли охир сабт мешаванд. Вазъ дар ноҳияҳои Данғара ва шаҳри Кӯлоб низ нигаронкунада мебошад. Таби хунин як бемори сироятист, ки маъмулан аз канаи гов ба инсон сироят мекунад ва маъмулан дар хонаводаҳои соҳиби молу гов пайдо мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG