Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз таъсири сирко


Шарифҷон Раҳматов.

Шарифҷон Раҳматов.

Як устоди ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки баъди нӯшидани сирко ба бемористон интиқол ёфта буд ва вазъи саломатиаш вахим гуфта мешуд, субҳи имрӯз даргузашт.

Шарифҷон Раҳматов, устоди 25-солаи фанни информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки се рӯз қабл сирко нӯшида буд, субҳи рӯзи шанбе дар бемористори вилоятии Кӯлоб даргузашт.

Давлаталӣ Атоев, сардори бемористони вилоятӣ дар Кӯлоб шанбеи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин устоди ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз сиркои ғализ нӯшида буд, ки ба тамоми баданаш таъсир кардааст. Ин аст, ки ба гуфтаи Давлаталӣ Атоев, талошҳои онҳо самар надод ва натавонистанд хафвро бартараф кунанд ва дар ниҳоят риштаи умри Шарифҷон Раҳматов канда шуд.

"Дар ҳолати вазнин ба бемористон оварданд. Табибон ҳарчанд соат ба соат узвҳои дарунии беморро тоза мекарданд, аммо тамоми аъзои баданаш зарар дида буд, аз ин рӯ ӯро аз марг наҷот дода натавонистем. Ҳамин субҳ, соати 6:30 дақиқа аз олам даргузашт",--гуфт Давлаталӣ Атоев.

Ин устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб се рӯз қабл дар пайи як мушкилии оилавӣ ба ҷони худ қасд карда, сирко менӯшад ва баъдан ба бемористон интиқол меёбад. Ӯ дар гузашта, дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб ҳамроҳ бо ҳамсараш иҷоранишин будааст.

Шаҳбоз, яке аз ҳамкорони ӯ шанбеи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз онҳо аснои аёдат бо бемор сӯҳбат доштанд ва ӯ сабаби даст ба чунин кор заданашро мушкили хонаводагӣ унвон кардааст. Ҷаноби Шаҳбоз афзуд, ки Шарифҷон Раҳматов бемадор сӯҳбат мекард ва табибон низ гуфтанд, ки ҳолати сангинро пушти сар мекунад.

"Ҳамин саҳар табибон хабар доданд, ки ӯ аз ин дуниё даргузашт. Дирӯз мо аснои хабаргирӣ бо табибон сӯҳбат кардем, гуфтанд, ки дарунашро шуста истодаанд ва ҳамеша хун ҷорӣ мешавад. Ва ҳоло хабар доданд, ки аллакай ин дунёро падруд гуфтааст",--гуфт мусоҳиби мо.

Давлаталӣ Атоев, сартабиби бемористони вилоятӣ рӯзи гузашта ҳам ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Шарифҷон аз сиркои ғализ хӯрдааст, ки барои аъзои ҳозима бисёр зараровар аст. Ӯ гуфт: "Бисёр зарар дидааст. Рӯдаҳояш осеб дидаанд ва ҳолаташ бисёр вазнин аст. Мақомот низ омада дида рафтанд ва ҳоло нисбат ба ин ҳодиса кор мебаранд."

Як масъули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шарифҷон Раҳматов аз чанд вақт ба ин тараф бо ҳамсараш мушкил дошт ва барои ҷудо шудан аз ӯ ба додгоҳ муроҷиат карда будааст. "Аммо додгоҳ талаби ӯро қонеъ накард," - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мақомоти интизомӣ нисбат ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз кардаанд. Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, ҳоло додситонӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардааст, вале нагуфт, ки нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шудааст, ё на.

Шарифҷон Раҳматов зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, соли 2009 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шуд ва соли 2013 онро хатм кард. Баъд аз хатми донишгоҳ ӯро ба ҳайси устоди фанни информатика ба кор қабул кардаанд. Маросими ҷаноза ва хоксупории ӯ дар зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор мешавад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар қасд ба ҷони худ мекунанд. Ҷомеашиносон дар бисёр маврид талоши хушкушии ҷавононро ба нофаҳмиҳо дар хонавода, махсусан ба дахолати волидон дар ташкили оила барои фарзандон марбут медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG