Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳодисаи таркиши снаряд дар рустои Зуломободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) як нафар ҳалок шуда, ду тани дигар бо захмҳои шадид ба бемористон интиқол ёфтаанд. Пизишкон мегӯянд, вазъи саломати яке аз беморон нигаронкунанда аст.

Дар пайи инфиҷори гулӯла (снаряд) дар деҳаи Зулмободи ҷамоати Шӯроободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сокини 28-солаи ин минтақа Сарахон Шарифов ба ҳалокат расида ва ду нафари дигар ба бемористон интиқол ёфтаанд. Пизишкон вазъи Маъруфи Саидаҳмад ва Саъдии Сафараҳмадро вазнин арзёбӣ карда, гуфтанд, то ҳадди тавонашон барои зиндаву саломат мондани онҳо талош хоҳанд кард.

Мадисмон Саидов, сартабиби бемористони Шамсиддини Шоҳин, рӯзи 16 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, бештар ҳолати Маъруфи 15-сола нигаронкунанда буда, дар вақти ҷарроҳӣ як дасту чашмашро аз даст додааст. "Маъруфи Саидаҳмад тири кӯҳнашударо ёфта ва онро ба санг задааст, ки дар натиҷа таркиш ба амал омадааст. Ҳоло корҳои заруриро барои наҷоти ин ду нафар анҷом дода истодаем," - афзуд ӯ.

Мадисмон Саидов

Мадисмон Саидов

Идигул, як сокини деҳаи Зулмободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ин ҳодисаи нахустин нест ва то кунун чанде аз сокинони минтақа аз тиру снарядҳои куҳнаву боқимонда аз низомиёни пойгоҳи 201-и Русия ба ҳалокат расида ё захмӣ гардидаанд. Аммо ӯ гуфт, чанд муддат боз шоҳиди чунин ҳодиса нашуда буданд.

"То замони рафтани русҳо дар "Мумирак" дар деҳаи Дараи Об чандин нафар мурда буд. Ҳоло сарбозони рус рафтанд, аммо баъзе аз тирҳояшон нотаркида мондаанд. Кӯдакон вақти бозӣ дар чарогоҳҳо онҳоро пайдо мекунанд ва чунин ҳолатҳо пеш меояд," - гуфт Идигул.

Аз ин пеш дар моҳи ноябри соли гузашта бар асари инфиҷори як гулӯла дар деҳаи Шулулӯи ҷамоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод бародарон Ҷамшед ва Қурбон Назаровҳо ҷон дода буданд.

Дар гузашта тамрингоҳи “Мумирак”-и марбут ба пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Муъминободу Шӯроободи собиқ ҷойгир буд. Қаблан додситонии Кӯлоб дар пайи кушта шудани ду кӯдак аз мушаке, ки аз партобгоҳи ин пойгоҳ ёфта буданд, ба низомиёни рус дар истифодаи тир ҳушдор дода буд. Аммо пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб иддаои сокинон ва мақомотро дар бораи марбут донистани ин гуна мушакҳо бепоя медонист.

Масъулони пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб мегуфтанд, ин гуна мушакҳоро артиши Тоҷикистон ҳам дорад ва мумкин аст, сокинон онҳоро истифода карда бошанд. Низомиёни рус соли гузашта аз минтақаи Кӯлоб хориҷ шуда, дар тамрингоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шуданд. Ҳоло дар ҷои тамрингоҳи пешинаи "Мумирак" пойгоҳи "Ҳомиён" ташкил шудааст, ки мутааллиқ ба нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG