Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табибон: Оилаи Таваккаловҳо аз "фосфори органикӣ" заҳролуд шуданд


Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти беҳдоштӣ дар минтақаи Кӯлоб мушаххас кардааст, ки шаш узви хонаводаи Шариф Таваккалов, сокини деҳаи Навободи ҷамоати Кӯлоб бар асари доруи заҳрдори "фосфори органикӣ" заҳролуд шудаанд.

Нимаи дувувуми рӯзи 17 июли соли ҷорӣ бар асари заҳролудшавӣ шаш узви хонаводаи Шариф Тавакалов заҳролуд шуда, ба бемористони Кӯлоб интиқол ёфтанд.

Дар натиҷа бар асари заҳролудшавӣ падари хонавода – Шариф Таваккалов фавтида ва панҷ узви дигари хонавода – Саодат Маҳмудова, Зулайхо Маҳмудова, Маҳина Тавакаллова, Хайриддин Тавакаллов ва Ҳуснорои Шариф – таҳти муроқибати пизишкон қарор мегиранд.

Аммо пас аз панҷ рӯзи муроқибати пизишкон Хайриддин Таваккалов, яке аз писарони Шариф Таваккалов низ фавтида ва чор узви дигари хонадон баъди сиҳат шудан аз бемористон ҷавоб дода шуданд.

Саид Аламов, як масъули Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “пас аз ташхис муайян карда шуд, ки дар таркиби хӯроки истеъмол кардаи хонаводаи Таваккалов заҳрдоруи "фосфор органикӣ" мавҷуд будааст”.

Ба гуфтаи ҷаноби Аламов, ин навъи дору бештар дар замини полезӣ барои ҳашароти зарарасон истифода мешавад ва ҳатто дар замини назидҳавлигии Тавакаллов пайдо шуд.

Ба гуфтаи вай, "баъди ташхис дар таркиби меъда ва хӯрокҳояшон як навъи заҳрдоруи фосфор-органикӣ дарёфт карда шуд. Ин як навъи доруе аст, ки дар хоҷагии қишлоқ зидди ҳашарот истифода мешавад. Баъди муайян шудани заҳролудшавӣ, нафароне, ки хӯрок пухта буданд, пурсида шуданд, аммо намедонанд, ки ин ҳодиса чи гуна шудааст. Мутаассифона ду узви хонадон бар асари заҳролудшавӣ фавтида ва чор нафари дигар баъди табобат ҷавоб шуда рафтанд".

Давлаталӣ Атоев, сартабиби беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҷумъаи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд барои наҷоти Хайриддин Тавакалов, писари Шариф Тавакаллов талош карданд, аммо бидуни натиҷа анҷомид. Аммо Атоев мегӯяд, бо он, ки вазъи чор зани хонавода вахим буд, вале шифо ёфтанд: "Баъди фавти Хайриддин Таваккалов чор узви дигари хонадон дар бемористон шифо ёфта ва ҷавоб дода шуданд. Ҳамаш дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуданд, ҳарчанд назорати табобат аз сӯи мутахасисони вазорат анҷом мешуд, вале баъди панҷ рӯз Хайриддин низ фавтид".

Фавти ду узви як хонавода бар асари истифодаи заҳрдоруи "фосфор органикӣ” дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ се узви як хонавода дар ин минтақа бо нишонаҳои заҳролудшавӣ фавтида буданд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сабаби онро “ботулизм” унвон карда буд.

Шоми 4 январ Шарифамоҳ Маҳмудоваи 61-сола ҳамроҳ бо фарзандонаш Гулчеҳра Одинаеваи 32-сола, наберааш Гулнисои 8-сола ва се аъзои дигари хонавода пас аз тановули хӯроки шом худро нотоб ҳис карда ва ба табибон муроҷиат карданд. Давоми 24 соат се узви ин хонавода аз дунё гузашта, се нафари дигар баъди истифодаи доруи зидди ботулизм аз бемористон ҷавоб шуданд. Фосилаи байни ин маргҳо ҳудудан 8 соат будааст.

Аммо аввалҳои моҳи июн соли ҷорӣ ҳодисаи заҳролудшавии 75 хонандаи мактаби шумораи 3-юми деҳаи Хоҷа Ғалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин), аз доруи зидди ҳашарот низ бесобиқа аст. Зеро барои аввалин бор хонандагони мактаб ва он ҳам даҳҳо нафар заҳролудшуда ва ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ин аст, ки додситонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нисбати корманди корхонаи безараргардонии ҳашарот Саъдӣ Ҳукмиддинов ва директори мактаби шумораи 3-юми ҳамин ноҳия Амриддин Назриев парвандаи ҷиноӣ оғоз карда ва тафтишот ҳамчунон идома дорад.

Додситонӣ мегӯяд, Саъдӣ Ҳукмиддинов, корманди корхонаи безараргардонии ҳашарот бе ягон шартнома ва иҷозаи ҳукумат, дар ин мактаб дору пошидааст. Аммо нисбати Амриддин Назриев, директори мактаби шумораи 3-юми деҳоти Хоҷағалтон барои "хунукназарӣ" парванда боз шудааст.

Солона даҳҳо нафар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористонҳои кишвар интиқол меёбанд ва дар аксар маврид аз баракати таҷрибаи табибон ва амалҳои саривақтии онҳо ҷон ба саломат мебаранд.

XS
SM
MD
LG