Пайвандҳои дастрасӣ

"Истиқлол" дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ садрнишин аст


“Истиқлол”-и Душанбе дар даври шонздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ин бозии марказии даври шонздаҳум рӯзи шанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Голи “Регар-ТадАЗ”-ро Санҷар Баротов, легионери узбакистонӣ, дар дақиқаи 38-ум ба дарвозаи мизбонон зад. Дар нимаи дувуми бозӣ Манучеҳр Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Дэвид Мавутор се гол ба самар расонда, ба “Истиқлол” се имтиёз оварданд.

“Истиқлол”-и Душанбе бо 39 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ садрнишин аст. Ба душанбегиҳо барои ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду бозии боқимонда як имтиёз ба даст овардан кофист.

Рӯзи шанбеи 15-уми октябр инчунин “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии дигари даври шонздаҳум дар меҳмонӣ бар «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонд. Боз ду бозии даври шонздаҳум рӯзи якшанбеи 16-уми октябр миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - «Ҳосилот»-и Фархор ва ССКА «Помир»-и Душанбе - «Хайр»-и Ваҳдат баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, боз як бозии даври шонздаҳум байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва “Барқчӣ”-и Душанбе бинобар ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн ба муҳлати дертар гузаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол”-и Душанбе бо 39 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ садрнишин аст. Ба душанбегиҳо барои ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду бозии боқимонда як имтиёз ба даст овардан кофист.

“Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, ки бо 28 имтиёз дар ҷойи дувум аст, барои медалҳои нуқра муддаии аслист. Се даста – “Регар-ТадАЗ”, ССКА “Помир” ва “Барқчӣ”, ки мутаносибан дар зинаҳои севум, чорум ва панҷуми ҷадвал ҷойгир шудаанд, барои медалҳои нуқраву биринҷӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон . Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1
Голҳо: Санҷар Баротов, 38 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 61 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 71 (2:1). Дэвид Мавутор, 90+4 (3:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Дэвид Мавутор (Исмоил Алимардонов, 90+4) , Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (Нозим Бобоҷонов, 52), Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Манучеҳр Ҷалилов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев (Аскар Равшанов, 85), Алишер Шарифов, Фирӯз Қараев, Фарҳод Холбеков (Далер Бердиқулов, 90+5), Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Санҷар Баротов, Фирӯз Раҳматов (Музаффар Сироҷиддинов, 77), Комрон Турсунов.

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук («Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
15 октябр. Душанбе.Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«Парвоз» – «Хуҷанд» – 0:4
Голҳо:
Анвархон Темирхонов, 14 (0:1). Дилшод Бозоров, 45+1 (0:2). Дилшод Бозоров, 72 (0:3). Шероз Абдуллоев, 78 (0:4).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Хуршед Воҳидов, Рустам Домуллоҷонов, Азиз Мирзоев, Рашид Мирхолиқов, Азиз Шамсиев, Азиз Абдусамиев, Шоҳрух Тошматов (Шӯҳрат Мирбаротов, 80), Алишер Ҳайдаров (Фирдавс Акрамов, 87), Бахтовар Зокиров, Ғафур Мадаминов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Шероз Абдуллоев, Шероз Сангинов, Соҳибҷон Ҳакимов, Дилшодҷон Каримов, Манучеҳр Аҳмадов (Саидҷон Шарифов, 75), Анвархон Темирхонов, Руслан Раҳматов (Шоҳрух Раҷабматов, 46), Илҳомҷон Баротов, Меҳрулло Бобоев, Дилшод Бозоров.

Огоҳонида шуданд: Азиз Шамсиев, Рустам Домуллоҷонов («Парвоз»), Дилшодҷон Каримов, Соҳибҷон Ҳакимов, Саидҷон Шарифов («Хуҷанд»).
Аз майдон хориҷ шуданд: Азиз Мирзоев («Парвоз»), 69 – корти 2-юми зард,Бахтовар Зокиров («Парвоз»), 80 – барои бо мушт ба рӯи рақиб задан, Шероз Сангинов, Шоҳрух Раҷабматов (ҳарду – «Хуҷанд»), 81 – ҳарду барои ба рӯи рақиб задан.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
15 октябр. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 600 тамошобин.

16 октябр (якшанбе)
ССКА «Помир» – «Хайр»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

«Вахш» – «Ҳосилот»
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

XS
SM
MD
LG