Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ голи «Истиқлол» ба дарвозаи “Хуҷанд”


“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври чордаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 10:1 шикаст дод.

Ин бозӣ 18 сентябр дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе баргузор шуд. Дэвид Мавутор ва Манучеҳр Ҷалилов сеголӣ, Ҷаҳонгир Алиев ду гол, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Нозим Бобоҷонов якголӣ заданд. Як голи хуҷандиҳоро Фарҳод Тоҳиров ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври чордаҳуми мусобиқот «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Комил Саидов ва Наврӯз Рустамов дуголӣ ва Сафаралӣ Каримов як гол заданд. Як голи меҳмонон ба Бахтовар Зокиров марбут аст.

Боз як бозии даври чордаҳум миёни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар ноҳияи Балхӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар дақиқаи дуюми бозӣ Зокир Абдулхайров, бозигари “Равшан”, аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Вале баъди 15 дақиқа Нуъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари “Вахш”, ҳисобро баробар намуд.

Ёдовар мешавем, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар даври чордаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр дар майдони худ бар тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи ғолибро Санҷар Баротов, Комрон Турсунов, Расул Файзов, Ромиш Ҷалилов ваФирӯз Қараев заданд. Голи «Хайр»-ро Умед Азизов ба самар расонд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 33 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Ҳосилот”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 22 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. “Регар-ТадАЗ” ва ССКА “Помир” бо 20-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 10:1

Голҳо: Дэвид Мавутор, 36 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 38 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 43 (3:0). Ҷаҳонгир Алиев, 44 (4:0). Нозим Бобоҷонов, 58 (5:0). Манучеҳр Ҷалилов, 63 (6:0). Ҷаҳонгир Алиев, 65 (7:0). Дэвид Мавутор, 76 (8:0). Фарҳод Тоҳиров, 79 – аз пеналтӣ (8:1). Дэвид Мавутор, 80 (9:1). Манучеҳр Ҷалилов, 87 – аз пеналтӣ (10:1).

18 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 200 тамошобин.

«Парвоз» – «Ҳосилот» – 1:5

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 28 (0:1). Наврӯз Рустамов, 29 (0:2). Наврӯз Рустамов, 42 (0:3). Комил Саидов, 52 (0:4). Бахтовар Зокиров, 74 (1:4). Комил Саидов, 76 (1:5).

18 сентябр. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 300 тамошобин.

«Вахш» – «Равшан» – 1:1

Голҳо: Зокир Абдулхайров, 2 – аз пеналтӣ (0:1). Нуъмонҷон Ҳакимов, 17 (1:1).

18 сентябр. Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Хайр» – 5:1

Голҳо: Санҷар Баротов, 8 (1:0). Комрон Турсунов, 28 (2:0). Расул Файзов, 40 (3:0). Умед Азизов, 74 (3:1). Ромиш Ҷалилов, 77 (4:1). Фирӯз Қараев, 82 (5:1).

17 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 1000 тамошобин.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 12-ум

21 сентябр (чоршанбе)

«Хуҷанд» – «Ҳосилот»

22 сентябр (панҷшанбе)

«Парвоз» – «Равшан»

Даври 15-ум

24 сентябр (шанбе)

«Ҳосилот» – ССКА «Помир»

«Барқчӣ» – «Вахш»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

25 сентябр (якшанбе)

«Равшан» – «Истиқлол»

«Хайр» – «Парвоз»

Оғози бозиҳо – соати 16:00

XS
SM
MD
LG