Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" дар варзишгоҳи Данғара "Истиқлол"-ро шикаст дод


“Равшан”-и Кӯлоб дар даври 15-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Ин бозӣ рӯзи 25 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Данғара бо ҳузури 2000 тамошобин баргузор шуд. Баъди он ки дарвозабони "Истиқлол" Қурбоналӣ Бобоев рақибашро дар ҷаримагоҳи дастааш зада афтонд,

Ин аввалин бохти «Истиқлол» дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба шумор меравад.

сардовари бозӣ Хуршед Дадабоев аз Хуҷанд ба дарвозабон корти зард нишон дод ва ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард. Тӯбро капитани «Равшан» Зокир Абдулхайров дар дақиқаи 35-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 62-юм Ҷаҳонгир Алиев, бозигари “Истиқлол”, ҳисобро баробар кард. Голи дувум ва ҳалкунандаи “Равшан”-ро Музаффар Назаров дар замони изофии таъинкардаи сардовар (90+2) ба самар расонд.

Ин аввалин бохти «Истиқлол» дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба шумор меравад. “Истиқлол” бо 33 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Равшан” бо 9 имтиёз дар зинаи пешазохирин – 9-ум - ҷойгир шудааст.

Дар бозии дигари марказии даври 15-ум «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои “Ҳосилот”-ро Ҳасан Рустамов дар дақиқа 40-ум ва Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 80-ум аз пеналтӣ заданд. Голи меҳмононро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 53-юм ба нишон расонд. Баъди ин ғалаба “Ҳосилот” бо 28 имтиёз мавқеашро дар зинаи дувуми ҷадвали мусобиқот мустаҳкам кард.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо 23 имтиёз дар зинаи севуми ҷадвал қарор дорад. Голҳоро Бахтиёр Чориев дар дақиқаи 34-ум ва Санҷар Баротов дар дақиқаи 53-юм заданд.

Дар ду бозии дигари даври 15-ум мизбонон ғолиб омаданд. «Хайр»-и Ваҳдат бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард. Умед Азизов (дақиқаи 5-ум), Далер Шарифов (44) ва Мӯҳсин Парпиев (3:0) ба дарвозаи меҳмонон се тӯб ворид карданд.

«Барқчӣ»-и Душанбе дастаи меҳмон – «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб сохт. Голҳоро Амирҷон Сафаров (26), Нуриддин Ҳамроқулов (28) ва Амирҷон Сафаров (ду гол, 41, 73) заданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум
«Равшан» – «Истиқлол» – 2:1

Голҳо: Зокир Абдулхайров, 35 – аз пеналтӣ (1:0). Ҷаҳонгир Алиев, 62 (1:1). Музаффар Назаров, 90+2 (2:1).
25 сентябр. Данғара. Варзишгоҳи Марказӣ. 2000 тамошобин.

«Хайр» – «Парвоз» – 3:0
Голҳо: Умед Азизов, 5 (1:0). Далер Шарифов, 44 (2:0). Мӯҳсин Парпиев, 77 (3:0).
25 сентябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 2000 тамошобин.

«Ҳосилот» – ССКА «Помир» – 2:1
Голҳо: Ҳасан Рустамов, 40 (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 53 (1:1). Ҳикматулло Расулов, 80 – аз пеналтӣ (2:1).
24 сентябр. Фархор. Варзишгоҳи Марказӣ. 3200 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 0:2
Голҳо: Бахтиёр Чориев, 34 (0:1). Санҷар Баротов, 53 (0:2).
24 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон. 1500 тамошобин.

«Барқчӣ» – «Вахш» – 4:0
Голҳо: Амирҷон Сафаров, 26 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 28 (2:0). Амирҷон Сафаров, 41 (3:0). Амирҷон Сафаров, 73 (4:0).
24 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 200 тамошобин.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 14-ум
29 сентябр (панҷшанбе)
ССКА «Помир» – «Барқчӣ»
Оғози бозӣ – соати 16:00

Ҷоми Тоҷикистон. Даври ниманиҳоӣ. Бозиҳои аввал
1 октябр (шанбе)

«Истиқлол» – «Равшан»
«Ҳосилот» – ғолиби ҷуфти «Хуҷанд»/«Регар-ТадАЗ»
Оғози бозиҳо – соати 16:00

XS
SM
MD
LG