Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор даста барои Ҷоми Тоҷикистон мубориза мебарад


Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ моҳи оянда шурӯъ мешавад.

Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ моҳи оянда шурӯъ мешавад.

Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзи 1-уми октябр баргузор мешаванд.

Дар даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 чаҳор дастаи лигаи олии футболи кишвар ширкат меварзад. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳосилот»-и Фархор – ғолиби ҷуфти «Хуҷанд»-и Хуҷанд – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рӯзи шанбеи 1-уми октябр соати 16:00 шуруъ мешаванд.

Бозии ҷавобии чорякниҳоӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” 27-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад. Дар бозии аввали чорякниҳоӣ «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд.

Ҷоми Тоҷикистон-2016

Даври ниманиҳоӣ. Бозиҳои аввал

1 октябр (шанбе)

«Истиқлол» – «Равшан»

«Ҳосилот» – Ғолиби ҷуфти «Хуҷанд»/«Регар-ТадАЗ»

Оғози бозиҳо - соати 16:00

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 25-ум барпо шудааст. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Истиқлол” панҷ бор ва “Хуҷанд” се бор барандагони Ҷом шудаанд.

“Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

"Истиқлол" дар гузашта ҳам Ҷоми Тоҷикистонро аз худ кардааст.

"Истиқлол" дар гузашта ҳам Ҷоми Тоҷикистонро аз худ кардааст.

Дар мавсими соли гузашта “Истиқлол” барои бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ”, ки рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони Душанбе хотима ёфт.

Замони асосии бозӣ бидуни гол ба анҷом расид. Замони изофӣ – ду қисми 15-дақиқагӣ - бо ҳисоби мусовии 2:2 поён ёфт. Ғолиб тавассути силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар иҷрои зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард. “Истиқлол” аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 6:5 ғолиб омад.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ 6:5

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG