Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар даври чордаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр дар майдони худ бар тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд.

Бо бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хайр”, ки рӯзи шанбеи 17 сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, даври чордаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт.

Бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби бузурги 5:1 хотима ёфт. Голҳои дастаи ғолибро Санҷар Баротов, Комрон Турсунов, Расул Файзов, Ромиш Ҷалилов ва Фирӯз Қараев заданд. Голи «Хайр»-ро Умед Азизов ба самар расонд.

Баъди ин ғалаба “Регар-ТадАЗ” бо 20 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи дувум баромад. ССКА “Помир”-и Душанбе низ 20 имтиёз дорад, вале бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо ССКА пас аз “Регар”, яъне дар зинаи севум қарор дорад. «Истиқлол»-и Душанбе бо 30 имтиёз дар ҷойи аввал аст.

Беоҳи имрӯз, 18 сентябр, боз се бозии даври 14-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад. «Истиқлол» дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд раоқобат мекунад. Дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастаи мизбон - «Парвоз» - бо «Ҳосилот»-и Фархор ва дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа «Вахш» бо «Равшан»-и Кӯлоб рӯбарӯ мешаванд. Оғози бозиҳо – соати 16:00.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Хайр» – 5:1

Голҳо: Санҷар Баротов, 8 (1:0). Комрон Турсунов, 28 (2:0). Расул Файзов, 40 (3:0). Умед Азизов, 74 (3:1). Ромиш Ҷалилов, 77 (4:1). Фирӯз Қараев, 82 (5:1).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев, Алишер Шарифов, Фирӯз Қараев, Бахтиёр Азимов, Расул Файзов (Шерзод Муҳаммадиев, 81), Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Санҷар Баротов (Музаффар Сироҷиддинов, 73), Комрон Турсунов (Фирӯз Раҳматов, 67), Аҳтам Ҳамроқулов.

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсаҳ Даниэл Абан, Парвиз Ҳомидов, Далер Имомназаров, Одил Бобоназаров (Ҳорун Табаров, 65), Фирӯз Шамсиев, Воҳид Соҳибназаров, Умед Азизов, Ҷаҳонгир Хайров (Мирзобек Мирзоев, 55), Фирдавсӣ Файззода.

Огоҳонида шуданд: Алишер Шарифов, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Далер Имомназаров, Мирзобек Мирзоев, Парвиз Ҳомидов («Хайр»).

Аз майдон хориҷ шуд: Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), 90+2 – барои таҳқири сардовар.

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

17 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 1000 тамошобин.

Бозиҳои боқимондаи даври 14-ум

18 сентябр (якшанбе)

«Парвоз» – «Ҳосилот»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

«Вахш» – «Равшан»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Оғози бозиҳо соати 16:00

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

12

9

3

0

35-12

30

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

12

6

2

4

28-14

20

2

ССКА «Помир» (Душанбе)

12

6

2

4

16-9

20

3

«Ҳосилот» (Фархор)

11

5

4

2

20-11

19

5

«Барқчӣ» (Душанбе)

11

5

2

4

16-16

17

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

12

5

2

6

18-23

17

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

5

1

5

12-18

16

8

«Хайр» (Ваҳдат)

13

4

4

5

17-22

16

9

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

11

1

2

8

8-21

5

10

«Равшан» (Кӯлоб)

11

0

2

9

9-33

2

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 тӯб.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG