Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бузургмеҳр: Ман вакили дифоъ ҳастам, на тарафдори ҲНИТ. ВИДЕО


Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Вакили боздоштшудаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки ӯ на аз рӯи тарафдорӣ ё алоқааш ба ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ, балки аз рӯи, ба қавли ӯ, виҷдони адвокатияш аз ҳаққи намояндагони боздоштшудаи ин ҳизб дар моҳи сентябри соли гузашта ҳимоят карданӣ буд.

Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки вақте наздикони боздоштшудаҳои ҲНИТ омаданд ва аз ӯ ҳамчун вакили дифоъ ёрӣ хостанд, ба онҳо кумак кардааст. Вай гуфт, ки ин корро аз рӯи виҷдони адвокатӣ кардааст.

Ӯ рӯзи 27 сентябр ҳангоми баёни сухани охиринаш дар Додгоҳи пойтахт тамоми иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, дар пайи чунин иттиҳомҳои сохта замоне шахсиятҳое мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ҳукми қатл гирифта буданд.

Баёни сухани охирини Бузургмеҳр Ёров баъд аз зуҳри 27 сентябр дар Додгоҳи Душанбе шуруъ шуд, вале хабарнигорону намояндагони созмонҳои байналмилалие чун Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо натавонистанд вориди толори додгоҳ шаванд. Фақат наздикони Бузургмеҳр Ёров ба ин мурофиа роҳ ёфтанд. ​Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр, ба Радиои Озодӣ гуфт, Бузургмеҳр Ёров ҳамаи иттиҳомотро рад кардааст.

Хосият Ёрова

Хосият Ёрова

"Бузургмеҳр гуфт, ки вақте наздикони боздоштшудаҳои ҲНИТ омаданд ва аз ӯ ҳамчун вакили дифоъ ёрӣ хостанд, ба онҳо кумак кард. Ин корро аз рӯи виҷдони адвокатӣ кардам гуфт. Баъд таъкид кард, ки ман экстремист нестам, вакили дифоъ ҳастам, вале агар онҳо гунаҳкор буданд, додгоҳ ҳукм мебаровард ва тамоми кор дар дасташ буд. Чаро аз адвокатии мо хавф доштанд?", - афзуд Хосият Ёрова.

Хосият гуфт, ҳанӯз сухани охирини бародараш дар додгоҳ ба анҷом нарасидааст ва ӯ ба ҳар иттиҳоми додситонӣ ва ниҳодҳои дигари ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон посух мегӯяд ва далелҳои худро пеш меорад. Бузургмеҳр Ёров, инчунин, ҳангоми баёни сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, барои мунсифона ва, ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ боадолатона содир шудани ҳукм бовар надорад. Дар ҳоле ки ба қавли Хосият Ёрова, "ӯ гуфт, чӣ гуна мешавад ба адолат бовар кард, вақте хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ натавонистанд ба мурофиаи охирин роҳ ёбанд?"

Видео: Парвандаи адвокатҳо

Дар мурофиаи рӯзи 19 сентябр айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуноҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро исботшуда номид ва аз додрас тақозо кард, ки вакилони мудофеъ ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шаванд. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки Бузургмеҳр Ёров ба 25 сол ва Нуриддин Маҳкамов ба 23 соли зиндон ҷазо маҳкум шаванд. Аммо ҳафтаи гузашта Нуриддин Маҳкамов ҳангоми ироаи сухани охиринаш гуфта буд, ки худро гунаҳкор ҳисоб намекунад.

Нуриддин Маҳкамов

Нуриддин Маҳкамов

Мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307, прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён дошт. Айбдоркуннадаи давлатӣ зимни талаби ҷазо барои Бузургмеҳр Ёров аз додгоҳ ҳамчунин хост, ки чанд дороии ӯ - як дӯкони тиҷоратӣ дар маҳаллаи Маяковский, як манзили нимсохт дар Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва як худрави сабукрави тамғаи "Ҳюндай"-ро, ки ба номи ӯ будааст, мусодира ва давлатӣ кунад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳуқуқи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд.

Рӯзи 29 сентябри соли 2015 Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Мақомоти тафтишотӣ Бузургмеҳр Ёровро дар моҳи декабри соли гузашта боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд.

Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия – ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки 4 вакили мудофеи боздоштшуда ва ду писари як вакили дигарро, ки низ дар боздошт қарор доранд, “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд. Дар гузориши ин ду созмон, ки бори аввал моҳи майи соли равон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG