Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА: Адвокатҳо бояд озод шаванд. ВИДЕО


Ҷамшед Ҳомидов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Женева посухҳои Тоҷикистонро дар робита бо машваратҳои кишварҳои аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ муаррифӣ кард. Аз миёни 203 машварате, ки ба Тоҷикистон ба ҳангоми муаррифии гузориши умумии ҳуқуқи башари ин кишвар (барои солҳои 2011-2016) моҳи май карда шуд, ҳукумат 70 дар сади онҳо ё 173-тои онҳоро пазируфт. Аз ҷумла, ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки дар ин кишвар адолати судӣ комилан таъмин буда, боздоштшудаҳо бо ҳимояи ҳуқуқӣ ва ҳам мурофиаҳои одилона, мутобиқ бо қонунҳои Тоҷикистон таъмин ҳастанд.

Суханронии Ҷамшед Ҳомидов дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

Суханронии Ҷамшед Ҳомидов дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ

Ҷамшед Ҳомидов гуфт, ки мурофиаҳои судии аъзои ҲНИТ бо риояи қонунҳои Тоҷикистон ва муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифт, онҳо бо вакилони дифоъ ва ҳимояи зарурӣ таъмин шуданд. Ӯ гуфт: “Мурофиаи судии аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ ва актҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ҷараён гирифт. Дар ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ аъзои ҳизб бо вакилон ва бо дигар ҳуқуқ ва кафолатҳои мурофиавӣ таъмин шуданд. Дар ҷараёни тафтиш ва муҳокимаҳои судӣ ҳеҷ нафар аз аъзои ин ҳизб аз ҷониби сохторҳои давлатӣ мавриди шиканҷа ё дигар аъмоли ғайриқонунӣ қарор нагирифтааст. Ҳукми аъзои ин ҳизб аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон мутобиқ бо қонунгузории кишвар ва ҳам қонунҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшдуа содир шуд”.

Дар заминаи иҷозати вуруди бемамонияти мутахассисони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба зиндонҳои Тоҷикистон, намояндаи Тоҷикистон гуфт, “шароити зиндонҳои Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои ҳадди аққал фароҳам оварда шуда, дар зиндон қутии қабули шикоятҳо, гӯшаи сӯҳбатҳои телефонӣ ва ҳам утоқҳои навшудаи мулоқоти зиндониҳо бо хешовандонашон фароҳам оварда шудааст”. Ӯ инчунин гуфт, ки ин кишвар шароити кору фаъолияти озоди матбуот, озодии баёнро таъмин кардааст.

Намояндаи Тоҷикистон гуфт, ки дар кишвар фаъолияти озоди адвокатҳо таъмин шудааст. Дар вокуниш ба гузориши намояндаи Тоҷикистон аксар кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башар, ки дар ҷаласаи моҳи маи соли ҷорӣ ба ин кишвар дар амри ислоҳ ва ё ҳалли масоили муайяни марбут ба ҳуқуқи башар машваратҳо дода буданд, вокуниш карданд. Дар аксар суханрониҳо аз талошҳои Тоҷикистон дар амри ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар, омодагиҳои ин кишвар ба пазириши интиқоду ситоиш шуд. Аз ҷумла, омодагии Тоҷикистон барои ҷорӣ кардани муҷозот барои хушунати хонаводагӣ, нақзи ҳуқуқи занон, ҳимоят аз ҳуқуқи маъюбор ва ғайра ҳамчун иқдомҳои мусбат пазируфта шуд. Айни замон, аксар интиқодҳои шадид марбут ба мавзӯи озодиҳои сиёсӣ буд.

Аз миёни 14 узви раёсати ҲНИТ моҳи сентябр танҳо зан - Зарафо Раҳмонӣ бо афви президент ба озодӣ баромад

Аз миёни 14 узви раёсати ҲНИТ моҳи сентябр танҳо зан - Зарафо Раҳмонӣ бо афви президент ба озодӣ баромад

Яке аз масоили мавриди нигаронӣ – сарнавишти вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Шӯҳрат Қудратов ва писарони Исҳоқ Табаров буд, ки ба қавли мунтақидони парвандаҳои онҳо, бояд бо мурофиаҳои одилонаву шаффоф таъмин ва ҳатто билофосила озод шаванд. Аксар мунаққидон қазияҳои онҳоро “сиёсӣ” арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, намояндаи ИМА дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт: “Мо бахусус дар робита бо сарнавишти Бузургмеҳр Ёров, бародари ӯ Ҷамшед Ёров ва Нуриддин Маҳкамов изҳори нигаронӣ мекунем. Мо талаби худро такрор мекунем, ки ин нафарон бояд озод шаванд”.

Намояндаи Human Rights Watch гуфт, “Тоҷикистон ваъда дод, ки мудофеони ҳуқуқи инсон Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров ва писаронаш бо додгоҳҳои озод, шаффоф ва одилона таъмин мешаванд. Вале дар асл онҳо баъди он боздошт шуданд, ки талош карданд аз ҳуқуқи раҳбарияти ҲНИТ ҳимоя кунанд. Рӯзи 19 сентябр, ҳамин се рӯзи пеш додситон талаб кард, ки Бузургмеҳр Ёров ба 25 соли зиндон маҳкум шавад”. Намояндаи ин созмон ҳамчунин аз ҳукми аъзои раёсати ҲНИТ, мӯҳлатҳои тӯлонии зиндони онҳо, ки ду нафарашон ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, шадидан интиқод кард.

Созмони байналмилалии ҳомиёни қурбониёни хушунат гуфт, аз поймолшавии ҳуқуқи инсонии фаъолони сиёсӣ изҳори нигаронӣ кард: “Раҳбарияи олии Тоҷикистон таъқиби мухолифонро шиддат бахшид, ҲНИТро мамнӯъ ва террористӣ эълон кард. Садҳо нафар танҳо ба хотири он ки бо фаъолиятҳои сулҳомези сиёсӣ машғул буданд, ба зиндон рафтанд. Аъзои ин ҳизб мавриди ҳамлаҳои тарҳрезишуда шуданд. Вакилони мухолифони сиёсӣ ҳабс мешаванд. Яке аз охирин қазияҳо марбут ба Ҷамшед Ёров аст, ки барои фош кардани маълумот боздошт шуд. мақомот ҳатто қонуни навро ҷорӣ кард, ки аз вакилон тасдиқи иҷозатномаи корашро дар назди вазорати адлия тақозо мекунад. Шубҳае вуҷуд дорад, ки ин қонун ба хотири рад шудани фаъолияти он ҳуқуқшиносоне истифода шавад, ки бо қазияҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ машғул мешаванд”.

Ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки таҷрибаи фишор болои мухолифон, шиканҷа дар боздоштгоҳ ва маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиро хотима диҳад. Намояндаи Бритониёи Кабир бо изҳори тааҷҷуб аз он ки Тоҷикистон протоколи иловагии мубориза бо шиканҷаро имзо накардааст, аз ин кишвар тақозо кард, ки дар ин самт иқдом кунад.

Дар миёни масоили дигари мавриди нигаронии бархе мунаққидон, маҳдуд шудани озодии баён, масдудшавии шабакаҳои хабаррасони интернетӣ зери ниқоби мубориза бо терроризм, фишор болои созмонҳои шаҳрвандӣ ва дигарҳоро намбар карданд.

Дар маҷмӯъ, бахши тоҷикистонии ҷаласа як соату 15 дақиқа идома дошт.

СММ: Тоҷикистон кишвари баста нест, ҳамкорӣ мекунад

Суханронии намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 33-юми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ то нисфирӯзӣ баргузор шуд. Посухҳои ниҳоии Тоҷикистон ба машваратҳои СММ дар заминаи беҳбуд ёфтани вазъи ҳуқуқи башар ҳанӯз моҳи августи соли ҷорӣ ирсол шудааст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ Ришард Коменда, раиси дафтари Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Осиёи Марказӣ дар остонаи ҷаласаи Женева гуфт, Тоҷикистон дар миёни кишварҳое арзёбӣ мешавад, ки бо ин ниҳод ҳамкории хубе барпо кардааст. Дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Бишкек Коменда ба радиои Озодӣ гуфт:

“Ҳукумати Тоҷикистон баста нест, ҳамкорӣ мекунанд. Дар масъалаи нигарониҳои ҳуқуқи башар ҳамеша талош мекунад, ки посухгӯ бошад. Давлатҳое ҳастанд, ки интиқодро нодида мегиранд, кишварҳое ҳастанд, ки хеле фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Тоҷикистон ду дафъа дар солҳои 2012 ва 2014 гузоришгарони вижаи СММ-ро дар масъалаи шиканҷа пазируфта буд. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ӯҳдадориҳои расмии худро иҷро мекунад”.

Ба саволи радиои Озодӣ дар заминаи ин ки то куҷо ин ӯҳдадориҳо дар амал иҷро мешавад? - Ришард Коменда гуфт: “Ҳеҷ як давлат дар ҷаҳон намегӯяд, ки ҳама чиз дар ин кишвар бад аст, ҳеҷ чиз кор намекунад ва мо ҳама ҳуқуқи инсонро поймол мекунем. Аз рӯи гузориши Умумии вазъи ҳуқуқи башар барои солҳои 2011-2016 ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз 70 дар сади машварату тавсияҳои кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро пазируфтааст. Ҳоло кор дар самти қабули интиқодҳои дигар ҷараён дорад”.

Дар бахши дуюми посухҳои Тоҷикистон ба шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки моҳи август ироа шудааст, ҳукумат гуфтааст, ки дар ин кишвар "парвандаҳои сиёсӣ вуҷуд надорад".

XS
SM
MD
LG