Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нуриддин Маҳкамов: “Ман экстремист набудам ва нестам”


Акс аз соли 2011

Акс аз соли 2011

Нуриддин Маҳкамов, вакили муттаҳам дар фаъолиятҳои экстремистӣ ҳар гуна иттиҳом алайҳашро рад карда гуфтааст: “ман экстремист набудам ва нестам”. Ҷаноби Маҳкамов, ин матлабро рӯзи сешанбеи 20 сентябр зимни ироаи сухани охирон дар додгоҳи шаҳри Душанбе, дар вокуниш ба иддаъои Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ баён кардааст. Рустам Тақдирзода рӯзи 19 сентябр тибқи талаботи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оид ба "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва ғайра" барои Бузургмеҳр Ёров 25 ва барои Нуриддин Маҳкамов 23 соли ҷазо дар зиндони низомаш сангинро талаб карда буд.

Аммо Нуриддин Маҳкамов, зимни ироаи сухани охиронаш пеш аз содир шудани ҳукми додгоҳ ҳама иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки “ба ҳеҷ ваҷҳ ин иттиҳомро намепазирад ва худро экстремист намепиндорад”. Вай гуфтааст: “Дар мақолаҳое, ки ман нашру чоп кардам ва ба бархе аз расонаҳо мусоҳиба додаам, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон изҳори назар кардаму халос”.

Вай хитоб ба додгоҳ гуфтааст: “Агар ман экстремист мебудам, чӣ гуна дӯсти наздики Ҳасан Асадуллозода, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мебудам. Ман бо кӯмаки Ҳасан Асадуллозода ҳаҷ рафтам Вай дар пайи баҳси ширкати “Бахт” бо “Ориёнбонк” ба ман 500 ҳазор сомонӣ пардохт кард ва манро ба Ҳаҷ фиристод. Ман барои вай аз он ҷо китоби “Қуръон”-ро овардам. Дар ивазаш вай ба ман “Қуръон”-еро, ки бо ибтикори раиси ҷумҳур ба тоҷикӣ тарҷума шудааст, дод. Ман экстремист нестам ва ин иддао асос надорад”.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Нуриддин Маҳкамов гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад ва аз додгоҳ талаб кард, ки зимни ироаи ҳукм одилона ва мунсифона тасмим гирад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе ба марҳилаи ниҳоии баррасии ҳукми ду вакили дифоъ - Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов наздик шудааст. Ба ҳангоми суханронии охирини Нуриддин Маҳкамов дар толори додгоҳ намояндаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон низ ҳузур доштааст.

Сухани охирини Бузургмеҳр Ёров, вакили дигари муттаҳам дар ифротгаронӣ баъд аз зӯҳри 21 сентябр ироа мешавад. ​Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ба манзури ширкат дар ин мурофиа дар назди додгоҳ хешутабори вай, дӯстонаш, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ва хабарнигорони расонаҳои мустақил ҷамъ омадаанд.

Қарор аст, додгоҳ ҳукми худро дар нисбати ин ду вакили дифоъ дар охири ҳафтаи ҷорӣ эълон кунад.

Талаби 25 ва 23 соли зиндон ба Ёрову Маҳкамов

Дар мурофиаи рӯзи 19 сентябр айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳи шаҳри Душанбе гуноҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро исботшуда номид ва аз додрас тақозо кард, ки вакилони мудофеъ ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шаванд. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки Бузургмеҳр Ёров ба 25 сол ва Нуриддин Маҳкамов ба 23 соли зиндон ҷазо маҳкум шаванд.

Ба Бузургмеҳр Ёров 25 соли зиндон таҳдид мекунад

Ба Бузургмеҳр Ёров 25 соли зиндон таҳдид мекунад

Мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307 прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён дошт. Айбдоркуннадаи давлатӣ зимни талаби ҷазо барои Бузургмеҳр Ёров аз додгоҳ ҳамчунин хостааст, ки чанд дороии ӯ - як дукони тиҷоратӣ дар маҳаллаи Маяковский, як манзили нимсохт дар Чимтеппа ва як худрави сабукрави тамғаи "Ҳюндай"-ро, ки ба номи ӯ будааст, мусодира ва давлатӣ кунад.​

Рустам Тақдирзода дар суханронии худ бо бурдани исми чанд шаҳрванд гуфт, ки Бузургмеҳр Ёров гӯё ба боварии онҳо даромада, бо ваъдаи кумаки ҳуқуқӣ аз онҳо маблағ гирифта вале барнагардонидааст. Дар феҳрасти додситон исми 17 сокинони кишвар ворид шудааст, ки гӯё Бузургмеҳр Ёров аз онҳо аз 3 то 6 ҳазор доллар маблағ гирифта то ҳанӯз пули онҳоро пас надодааст. Яке аз иттиҳомоти дигаре, ки ба он Рустам Тақдирзода таъкид кард, чопит мақолаҳо дар матбуоти дохилӣ будааст.

Додситон гуфт, ки Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов барои чопи мақолаҳои “Муроҷиати донишҷӯёни Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон“, ”Муроҷиатномаи ҷунбиши “БАС” ба мардуми Тоҷикистон”, “Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента”, “Эмомали Рахмон, в отставку!” , “Хоруғ асоси импичменти Эмомалӣ Раҳмон”,“Таджикистан накануне революции”,Кто был никем, тот захватил все или почему Президент Таджикистана заслужил вотум недоверия” ба барангехтани адовати миллӣ ва нажодию динӣ даст задаанд ва, ба гуфтаи ӯ, “президенти Тоҷикистонро таҳқир кардаанд”. Айбдоркунандаи давлатӣ танҳо барои нақзи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ барои Ёров 10 соли зиндон ва барои моддаҳои дигар 4-солӣ талаб намуда гуфт, ки дар маҷмӯъ мӯҳлати муҷозоти ӯ бояд 25 солро дар бар гирад.

Аммо Муаззама Қодирова, вакили дифои Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар сухани охирини худ ба ҳайси ҳимоятчии айбдоршавандаҳо гуфт, ки ин ду ҳуқуқшинос ҳеҷ гоҳ даст ба амали экстремистӣ назаданд, вале ҳоло айбдоркунанда мехоҳад аз онҳо афроди “тундрав сохта”, “ҷазои бераҳмона” талаб мекунад.

Вакили дифои Ёров ва Маҳкамов гуфт, дар баррасии парванда саҳву хатоҳои зиёде вуҷуд дошт ва ба аъмоли зерҳимояҳояш "ба таври мунсифона расидагӣ нашуд". Вай гуфт, Ёров ва Маҳкамов дар рӯзномаҳо ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон ва ба фоидаи ҷомеа изҳори назар кардаанд, “чаро бояд ба экстремизм тӯҳмат зада шаванд?”. Вай аз додгоҳ хоҳиш кард, ки ба ҳангоми ворид шудан ба хонаи машваратӣ, ба парванди зерҳимояаш мунсифона бархӯрд ва ҳукми одилона содир кунад.

Модари Бузургмеҳр: Магар бачаи ман одам куштааст? (Видео аз 19 сентябр)

XS
SM
MD
LG