Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми Ёрову Маҳкамов то охири ҳафта содир мешавад. ВИДЕО


Акси соли 2014

Акси соли 2014

Интизор меравад, ҳукми вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов то охири ҳафтаи ҷорӣ содир шавад. То он замон қарор аст худи муттаҳамон бо сухани охирини худ дар додгоҳ баромад ва мавқеи худро ба хулосаҳои айбдоркунандаи давлатӣ баён кунанд. Интизор меравад, ки мисли рӯзи 29 сентябр, барои шунидани сухани охирини вакилони дифоъ журналистон ҳам ба толори додгоҳ роҳ дода мешаванд.

Дар мурофиаи рӯзи 19 сентябр айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳи шаҳри Душанбе гуноҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро исботшуда номид ва аз додрас тақозо кард, ки вакилони мудофеъ ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шаванд. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки Бузургмеҳр Ёров ба 25 сол ва Нуриддин Маҳкамов ба 23 соли зиндон ҷазо маҳкум шаванд.

Мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307 прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён дошт. Айбдоркуннадаи давлатӣ зимни талаби ҷазо барои Бузургмеҳр Ёров аз додгоҳ ҳамчунин хостааст, ки чанд дороии ӯ - як дукони тиҷоратӣ дар маҳаллаи Маяковский, як манзили нимсохт дар Чимтеппа ва як худрави сабукрави тамғаи "Ҳюндай"-ро, ки ба номи ӯ будааст, мусодира ва давлатӣ кунад.

Рустам Тақдирзода дар суханронии худ бо бурдани исми чанд шаҳрванд гуфт, ки Бузургмеҳр Ёров гӯё ба боварии онҳо даромада, бо ваъдаи кумаки ҳуқуқӣ аз онҳо маблағ гирифта вале барнагардонидааст. Дар феҳрасти додситон исми 17 сокинони кишвар ворид шудааст, ки гӯё Бузургмеҳр Ёров аз онҳо аз 3 то 6 ҳазор доллар маблағ гирифта то ҳанӯз пули онҳоро пас надодааст. Яке аз иттиҳомоти дигаре, ки ба он Рустам Тақдирзода таъкид кард, чопит мақолаҳо дар матбуоти дохилӣ будааст.

Додситон гуфт, ки Бузургмеҳзр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов барои чопи мақолаҳои “Муроҷиати донишҷӯёни Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон“, ”Муроҷиатномаи ҷунбиши “БАС” ба мардуми Тоҷикистон”, “Семь лет борьбы с банком. Таджикский предприниматель против шурина президента”, “Эмомали Рахмон, в отставку!” , “Хоруғ асоси импичменти Эмомалӣ Раҳмон”, “Таджикистан накануне революции”,Кто был никем, тот захватил все или почему Президент Таджикистана заслужил вотум недоверия” ба барангехтани адовати миллӣ ва нажодию динӣ даст задаанд ва, ба гуфтаи ӯ, “президенти Тоҷикистонро таҳқир кардаанд”. Айбдоркунандаи давлатӣ танҳо барои нақзи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ барои Ёров 10 соли зиндон ва барои моддаҳои дигар 4-солӣ талаб намуда гуфт, ки дар маҷмӯъ мӯҳлати муҷозоти ӯ бояд 25 солро дар бар гирад.

Аммо Муаззама Қодирова, вакили дифои Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар сухани охирини худ ба ҳайси ҳимоятчии айбдоршавандаҳо гуфт, ки ин ду ҳуқуқшинос ҳеҷ гоҳ даст ба амали экстремистӣ назаданд, вале ҳоло айбдоркунанда мехоҳад аз онҳо афроди “тундрав сохта”, “ҷазои бераҳмона” талаб мекунад. дар нисбати онҳо бо бераҳмӣ талаби муҷозот мекунад.

Вакили дифои Ёров ва Маҳкамов гуфт, дар баррасии парванда саҳву хатоҳои зиёде вуҷуд дошт ва ба аъмоли зерҳимояҳояш "ба таври мунсифона расидагӣ нашуд". Вай гуфт, Ёров ва Маҳкамов дар рӯзномаҳо ба ҳайси шаҳрванди Тоҷикистон ва ба фоидаи ҷомеа изҳори назар кардаанд, “чаро бояд ба экстремизм тӯҳмат зада шаванд?”. Вай аз додгоҳ хоҳиш кард, ки ба ҳангоми ворид шудан ба хонаи машваратӣ, ба парванди зерҳимояаш мунсифона бархӯрд ва ҳукми одилона содир кунад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳуқуқҳои 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд.

Рӯзи 29 сентябри соли 2015 Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Мақомоти тафтишотӣ Бузургмеҳр Ёровро дар моҳи декабри соли гузашта боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд.

Ёров ва Маҳкамов ба сиёсӣ будани парвандаҳои онҳо пофишорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки сабаби боздошт ва муттаҳам шудани онҳо талош барои ҳимоят аз аъзои ҲНИТ мебошад. Баъди кӯшиши табаддулоти давлатии 4 сентябри соли 2015 мақомот 13 узви раёсати ҲНИТро бо иттиҳоми маблағгузории ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода боздошт ва онҳоро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд. Худи ҳизб бо як қарори додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар як посухи худ ба талаби Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар моҳи августи имсол оид ба таъмини Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва писарони вакили дигари дифоъ Исҳоқ Табаров бо вакилон ва мудофеони ҳуқуқ посух дод ва гуфт, ки ин талабро мепазиранд. Айни замон онҳо таъкид карданд, ки ин нафарон на аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва касе бидуни асоси қонунӣ наметавонад боздошт ё ҳабс шавад.

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия – ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон 4 май дар як гузориши муштарак аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки 4 вакили мудофеи боздоштшуда ва ду писари як вакили дигарро, ки низ дар боздошт қарор доранд, “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд. Дар гузориши ин ду созмон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” рӯзи 4 май нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст.

XS
SM
MD
LG