Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Стив Свердлов: Хешутабори эътирозгарон боздошт шуданд


Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Human Rights Watch рӯзи 20 сентябр гуфт, аз рӯи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава ҳудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора Свердлов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Варшава хабар дод. Ӯ гуфт, рӯзи 19 сентябр гурӯҳи мухолифон ба толори маҷлисгоҳе ворид шуданд, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон вазъи Тоҷикистонро баррасӣ мекард.

“Хабари боздошти тахминан 50 хешу табори ширкатдорони ин иқдоми сулҳомезро баъди ҷаласаи САҲА ҷиддӣ мегирем. Ин хабар ҳоло мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, вале дар сурати тасдиқи хабар, ин нақзи хеле ҷиддии ҳуқуқи инсон аст. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи дирӯза дар бораи ӯҳдадориҳояш дар баробари принсипҳои ҳуқуқи инсони САҲА баёнот медод”, - гуфт Стив Свердлов.

Стив Свердлов

Стив Свердлов

Дар ҷаласаи рӯзи 19 сентябр дар Варшава намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода иштирок доштанд. Ба толори маҷлисгоҳ ҳудудан 20 нафар аз ширкатдорони эътирози назди бинои САҲА ворид шуданд, ки дар тан куртаҳое бо акси боздоштшудаҳову зиндониҳои мисли Бузургмеҳр Ёров ва аъзои раёсати ҲНИТ-ро доштанд. Онҳо оромона дар пушти ширкатдорони маҷлисгоҳ саф оростанд ва ба гуфтаи Свердлов, бо баъзе аъзои маҷлис ҳамсӯҳбат шуданд.

Свердлов гуфт, баъди ин аз рӯи иттилои онҳо, бархе хешовандони боздоштшудаҳо аз ҷониби ходимони амнияти маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳушдор гирифтанд, ки наздиконашон дигар дар чунин эътирозҳо иштирок накунанд. Свердлов гуфт, ки ин мавзӯъро бо ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар Варшава баррасӣ хоҳанд кард.

Вай гуфт, ҳар сол як бор кишварҳои узви САҲА дар як ҳамоиши калоне сарҷамъ шуда, бори дигар аз ӯҳдадориҳои худ дар робита ба ҳуқуқи башар ёдовар мешаванд. “Ҳама гуна хушунат нисбати афроде, ки аз ҳақи худ барои озодии баён истифода мекунад, на танҳо нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон, балки бозгӯи бархӯрди воқеии ҳукумати Тоҷикистон нисбати принсипҳои ҳуқуқи башар аст. Ин аломати хеле ва хеле бад аст ва маънои онро дорад, ки онҳо аз принсипҳои демократӣ хеле дуранд. Мо аз мақомот талаб мекунем, ки фишорро болои хешовандони ин нафарон хотима диҳанд. Умедворам, ки онҳо базудӣ озод мешаванд ва миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ як муколама сурат мегирад”.

Як манбаъ дар Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин боздоштҳо дар ноҳияҳо сурат гирифта ва “ба Кумита рабте надорад”. Сухангӯи ВКД Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ин ҳодиса хабар надоранд ва касе низ ба онҳо муроҷиат накардааст. Дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки дар ин замина хабаре надоранд.

Дар солҳои охир баъзе кишварҳои хориҷӣ, ба мисли Полша, маҳалли таҷаммӯи мухолифони тоҷик шудаанд. Дар миёни онҳо аъзои ҲНИТ, “Гурӯҳи 24” ва дигар афроди сиёсӣ ҳастанд, ки баъди баста ва мамнӯъ шудани ин созмонҳо дар Тоҷикистон, ба хотири дарёфти ҳақи паноҳандагӣ ба хориҷа рафтаанд. Ин гурӯҳҳо дар гузашта дар Туркия, Олмон ва Полша борҳо намоишҳои эътирозӣ ташкил карда, аз ҳукумати Тоҷикистон риояи ҳуқуқи инсон ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб кардаанд. Ин навбат, ба гуфтаи ташаббускорони эътироз дар Варшава, онҳо бори аввал бо чеҳраҳои боз ҳозир шуда, бо шиору овезаҳо озод шудани ба гуфтаи онҳо маҳбусони сиёсиро тақозо мекарданд.

XS
SM
MD
LG