Пайвандҳои дастрасӣ

“Хешони занам маро заданд”


Даврон Шарифов мегӯяд, баъди латту кӯб шудан аз ҳамсараш ҷудо шудааст

Даврон Шарифов мегӯяд, баъди латту кӯб шудан аз ҳамсараш ҷудо шудааст

Додситонии Кӯлоб ба таҳқиқи латту кӯби Даврон Шарифов, як сокини маҳаллаи Борбади ин шаҳр пардохтааст, ки, ба иддаои ӯ, ду рӯз қабл аз тарафи бародарони ҳамсараш мавриди зарбу лат қарор гирифтааст. Даврон Шарифов ҳоло дар бемористон аст ва ӯ рӯзи 17 сентябр дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯй ва миёнаш сахт осеб дидааст.

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, аз 424 аризае, ки дар шаш моҳи аввали имсол дар бораи хушунати хонаводагӣ қабул шудааст, 32 ариза ба мардон тааллуқ дорад. Онҳо аз болои ҳамсарони худ шикоят кардаанд.

Даврон Шарифов мегӯяд, моҷаро аз он сар шуд, ки ҳамсараш Гулнораи Абдураҳмон бе иҷоза 1600 сомониро аз хона гирифтааст. "Ба ӯ гуфтам, ки ин корат дар хонадорӣ хуб нест. Гапамон гурехт ва ин буд, ки ду бародараш ба манзили мо омада ва маро латту кӯб карданд", - афзуд ӯ.

Ин сокини Кӯлоб гуфт, аз ҳамсараш се фарзанд дорад ва аслан қасди ҷудошавӣ аз ӯро надошт. Вале, ба иддаои ӯ, гӯиё хушдоманаш дар гузашта аз Даврон хоста будааст, ки аз духтараш ҷудо шавад ва ӯ қазияи охирро ба ин мавзуъ рабт медиҳад. "Хушдоманам ҳатто ваъда кард, ки агар духтарашро талоқ диҳам, 2 ҳазор сомонӣ медиҳад. Аммо ман инро намехостам," – гуфт Даврон Шарифов.

Илолбӣ Азимова, модари Гулнора Абдураҳмон, натанҳо дар бораи гӯиё пешниҳоди ҷудошавии духтараш, балки дар бораи қазияи латту кӯби домодаш низ суҳбат накард. Аммо Лутфия Исоева, арӯси хонаводаи Даврон Шарифов гуфт, “дар кӯча будам, ки пирамарди ҳамсоя гуфт, зуд ба хонаатон рав, ду ҷавон дохили манзилатон шуданд. Ман ҳам зуд ба хона омада ва дидам, ки ду бародар Давронро латту кӯб доранд. Пеши роҳи онҳоро гирифтам ва аз хона баромада рафтанд.”

Лутфия Исоева

Лутфия Исоева

Ба қавли Лутфия, баъди ин Давронро ба беморхонаи вилоятӣ бурда ва ба пулис низ муроҷиат кардаанд. Даврон Шарифов мегӯяд, муддати 10 сол боз бо ҳамсараш Гулнора зиндагӣ дошт ва дар ин муддат борҳо аз ҷониби ҳамсараш хушунат медид. Зеро, ба гуфтаи Даврон, хонаводаи ҳамсараш, ки афроди доро будаанд, нисбаташ хушунатро раво медиданд, аммо ӯ ба хотири се фарзандаш тоқат мекард.

Ҳар вақте дар Тоҷикистон дар бораи хушунати хонаводагӣ сӯҳбат мешавад, пеши назар чеҳраи зан падид меояд. Вале мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки солҳои ахир мардон низ мавриди зӯроварӣ ваё фишор дар оила қарор мегиранд. Соли 2011 додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Дилдода Шоева, як сокини ин ноҳияро барои латту кӯби шавҳар ва ба худкушӣ таҳрик додани ӯ ба 5 соли зиндон маҳкум карда буд.

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, аз 424 аризае, ки дар шаш моҳи аввали имсол дар бораи хушунати хонаводагӣ қабул шудааст, 32 ариза ба мардон тааллуқ дорад ва онҳо аз болои ҳамсарони худ шикоят кардаанд. Дар тӯли соли 2013 ин шикоятҳо ба 47 адад баробар будааст. Мақомот мегӯянд, аксари мардони ба ин ниҳод муроҷиаткарда аз муносибати ҳамсарони худ, носозгории зиндагӣ, ҳамчунин масъалаи бекор кардани ақди никоҳ ва вайроншавии оилаи духтаронашон муроҷиат кардаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, коршиносон мегӯянд, дигар набояд танҳо занон ҳамчун объекти хушунати хонаводагӣ нишон дода шаванд. Аммо дар аксар маврид далели вуҷуди хушунати оилавӣ нисбат ба мард аз ҷониби худи мардон пинҳон нигоҳ дошта мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG