Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асоси як пажӯҳиш, дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон то ҳанӯз зан чун поккору дастнигар ва гапшунав боқӣ монда, ҳангоми қабули қарори муҳим назари ӯро камтар ба инобат мегиранд.

Таҳқиқи ширкати "Таҳлил ва машварат", ки ба созмони Z-Analytics Group ва Маркази таҳқиқоти сотсиологии "Зеркало" марбут аст, нишон додааст, ки дар аксари тасмимгириҳо занони ҷавон мустақил набуда, гапи ниҳоиро дар хонавода на танҳо шавҳар, балки дигар пайвандони ӯ, аз ҷумла хушдоман мегӯянд. Ин таҳқиқот бо фармоиши созмони Oxfam GB ва Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати Тоҷикистон анҷом шудааст.

Пажӯҳиши мазкур тӯли ду моҳ, ба хотири муайян кардани мушкилоти гендерӣ дар 6 минтақаи Тоҷикистон гузаронда шудааст ва дар он 400 нафар ширкат кардаанд. Бар пояи ин назарсанҷӣ, танҳо 13 дарсади занон гуфтаанд, ки дар харидории молу ашё, шурӯъ аз хурданӣ то харидани чизҳои манзил ва ҳамчунин рафтан ба хонаи хешу табор, назари онҳо пурсида мешавад.

Гулнора Бекназарова, мудири ширкати консалтингии Z-Аnalytics group мегӯяд, бо вуҷуди амалӣ шудани барномаҳои зиёди давлатӣ дар мавриди баробарҳуқуқии марду зан, вале то ҳанӯз нақши зан дар рустоҳо фаротар аз иҷрокунандаи корҳои хона нарафтааст. Чунин муносибат аз нигоҳи Бекназарова, хатари фақир шудани наслҳои баъдиро дар пай дорад.

Вай мегӯяд, "новобаста ба он ки дар сатҳи сиёсӣ ва қонунгузорӣ талошҳои зиёде ба назар мерасанд, духтарон ҳанӯз ҳам таҳсилдида нестанд ва наметавонанд дар бозори кор ҷой пайдо кунанд. Тавре назарсанҷии мо нишон дод, ҷавонон муҳофизакор боқӣ мондаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то 34 дарсади ҷомеаро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд. Дар сурате, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин замина беҳтар нашавад, чавонони бемаълумот метавонанд барои ҳукумат хатарзо бошад."

Дар ҷомеи Тоҷикистон асосан духтарон ба фармони падар хонадор мешаванд, ва теъдоди онҳое, ки талоқ гирифтаву баъдан бинобар камсаводӣ сарбории падар шудаанд, кам нестанд. Дар назарсанҷии тоза 49 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки қонунгузорӣ баъд аз ҳампошии хонаводаҳои ҷавон, манфиати мардонро бештар ҳимоят мекунад.

Зеро талоқ дар пай масъалаҳои зиёди ҳуқуқиро ба миён меорад, аз қабили тақсими амвол, додани алимент, ва аз ҳама муҳим, муайян кардани ҷои иқомат барои занон. Дар сурате, ки занон расман сабти никоҳ накардаанд, дар натиҷа бидуни ҳақу ҳуқуқ мемонанд.

Тибқи натиҷаи пажӯшҳигарон, ҳамаи ин ва ҳамчунин надоштани дониши ҳуқуқӣ чунин андешаи барғалатеро ба миён овардааст, ки баъд аз талоқ мардон аз ҳимояти бештари қонун бархӯрдоранд. Дар ин назархоҳие, ки ширкати консалтингии Z-Аnalytics group анҷом додааст, бештар аз нисфи пурсидашудагон гуфтаанд, ки кори хонаро бояд танҳо зан анҷом диҳад ва ҳатто тарбияи кӯдакро низ 58 дарсади мардон ва 82 дарсади занон, масъулияти занон унвон кардаанд. Ҳамчунин 97 фоизи мардон ва 72 дарсади занон бар ин бовар будаанд, ки зан бояд нисбати хушунати хонаводагӣ таҳаммулпазир бошад.

Сурайё Шуҷоат.

Сурайё Шуҷоат.

Сураёи Шуҷоат, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, воқеан ҳам муносибати ҷавонони имрӯз дар нисбати ҳамсаронашон дар қиёс бо ҷавонони даврони Шуравӣ маҳдудтар гаштааст: ”Он замон эътимоду тозагӣ вуҷуд дошт ва эҳтиром нисбати занон дигар буд. Мардон ҳоло нисбати занон на дар корхона ва на дар кӯча, назари "тоза" надоранд. Он ҷавоне, ки барои зан ва хоҳари худ мехоҳад маҳдудият эҷод мекунанд, сабабаш ин аст, ки занон мавқеи худро дар ҷомеа аз даст додаанд. Имрӯз мо вақте мегӯем зан соҳибмаълумот ва роҳбар аст, маънои онро надорад, ки ӯ соҳиби мавқеъ аст. Зан он вақт мавқеъ пайдо мекунад, вақте аз ӯ эҳтиром мегузоранд. ”

Хонум Шуҷоат мисол меоард, ки агар дар замони Шӯравӣ занон таҳсилдида ҳатман ҷое кор мекарданд, аммо ҳоло бинобар муносибати нохуб, аксарияти духтарони бо вуҷуди доштани маълумоти олӣ, хонашиниро ихтиёр мекунанд.

Таҳлилагарони тоҷик мавҷудияти мушкилоти нобаробарии гендерӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба мавҷудияти мушкилоти иқтисодӣ рабт медиҳанд. Аз нигоҳи онҳо, маҳз набуди мушкилоти иқтисодӣ дар замони Шӯравӣ, заминеаро фароҳам оварда буд, ки зиндагии хонаводаҳо як равиши муайян дошта бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG